Оксфам БК Айниро бо об таъмин мекунад
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 20 майи соли ҷорӣ шуъбаи Ассотсиатсияи Оксфам БК дар Тоҷикистон ва ҳукумати ноҳияи Айнӣ барои амалӣ намудани Лоиҳаи «Таъмини об ва беҳдоштӣ барои ҷомеаҳо (ЛТОБҶ)» Ёддошти ҳусни тафоҳумро ба имзо хоҳанд расонд.
Лоиҳаи «ЛТОБҶ» аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Финляндия аз тариқи Барномаи ФинВоте ВЕЙ маблағгузорӣ мешавад, ки таҳти раҳбарии Пажӯҳишгоҳи муҳити зисти Финляндия (SYKE) мебошад. Лоиҳаро ташкилоти байналмиллалии Оксфам БК дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Рӯдакӣ амалӣ месозад.
Мақсади ташаббуси мазкур аз тақвият бахшидан ба қобилият ва имконияти одамон барои амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худ дар таъмини об ва беҳдошт (ТОБ) иборат буда, иштироки онҳоро дар идораи ТОБ дар деҳотҷои Тоҷикистон афзун менамояд.
Баъд аз амалӣ гаштани лоиҳа дастрасии тақрибан 6,000 нафар одам ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдоштӣ беҳтар хоҳад шуд.
Лоиҳаи «ЛТОБҶ» ба самтҳои зерин аҳамияти махсус медиҳад:
• Ҷорӣ намудани механизмҳои шаффофу ғайримарказонидашудаи қабули қарор, махсусан Фонди Боварии Об (ФБО) барои рушд, фаъолият ва нигоҳубини сохторҳои таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар деҳотҷойҳо бо иштироки фаъоли ҷамоатҳо ва тартиб додани Нақшаҳои оби безарар;
• Ҳамкорӣ/Шаффофияти беҳгашта ва иштроки фаъоли соҳибони ҳуқуқ дар идораи хизматрасониҳои таъмини об ва беҳдоштӣ;
• Барқарорсозӣ/сохтмони самараноки иншоотҳои таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ.
Ёдовар мешавем, ки ибтидо аз соли 2001 барномаи ПОБГи Оксфам БК ба ислоҳоти ташкилотӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузошт, Ҳамкории васеъро байни тарафҳои манфиатдори асосӣ ба роҳ мондааст ва дастрасии устувор ба оби нӯшокии бехатарро барои зиёда аз 70,000 нафар дар Тоҷикистон таъмин намудааст.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






