Шўрои 4-уми ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ
Душанбе, 14.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи 4-уми Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ баргузор гардид. Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар давраи ҳисоботӣ, дар доираи Нақшаи гурўҳҳои кории соҳавӣ аз ҷониби вазорату сохторҳои масъул корҳои муайян иҷро гардида, Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ба тасвиб расид. Дар доираи ин барнома, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи тахассусии кормандони соҳавӣ якчанд барномаи таълимӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд. Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба як зумра корҳои анҷомдодаи вазорату идораҳои марбута дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба роҳҳои беҳтар намудани бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар Тоҷикистон ва тадбирҳои баланд бардоштани маърифати истеъмолкунандагон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ маълумот дода шуд. Оид ба масъалаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ зикр шуд, ки дар чор моҳи аввали соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар давлатҳо ба миқдори зиёд маҳсулоти гуногуни таҳти карантин қарор дошта ворид шуданд. Ҷиҳати таъмини бехатарии бозори дохилӣ аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳо 763 ташхиси гуногун, аз ҷумла, 483 ташхис барои дарёфти зараррасонҳо, 58 ташхис барои дарёфти касалиҳо, 187 ташхис барои дарёфти алафҳои бегона ва 35 ташхис барои ошкор кардани нематодаҳо гузаронида шуданд.Дар ҷаласа ҳамчунин масоили вобаста ба регламентҳои техникӣ оид ба Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ, Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ва Бехатарии хўроки чорво ва иловагиҳои он, «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2015-2016» , баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти хўрокворӣ ва кишоварзӣ, тартиби коркард ва нобудсозии маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ғайристандартӣ мавриди барассӣ қарор дода шуданд. Муовини Сарвазир барои тақвияти фаъолияти сохторҳои дахлдор дар самти таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи бозори дохилии кишвар аз воридоти маҳсулоти хўрокворӣ бехатарияш таъмин набуда, масъулини дахлдорро вазифадор намуда, иҷрои ҳатмии нақшаи кории таҳияшударо тақозо кард.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






