Таҷлили рӯзи шашмақом дар Чкалов

Май 13, 2015 10:34

Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар»).-12 май дар мактаби санъати шаҳри Чкалов бахшида ба рӯзи Шашмақом чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр Киромуддин Мухторов иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста бобати рушди санъати Шашмақом, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии ансамблҳои фаъолиятдошта ва таъмини онҳо бо кадрҳои соҳибмаълумоту соҳибистеъдод тадбирҳои зарурӣ хоҳанд андешид.Сипас, аз ҷониби шашмақомсароёни мактаби санъати шаҳр барномаи консертӣ пешниҳод гардид. ки санъаткорон аз ашъори шоирони классик ба тамошобинон сурудҳо пешниҳод намуданд. Ёдовар мешавем, ки бо мақсади такмил ва рушди минбаъдаи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва мусиқии халқи тоҷик дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ-классикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмаком ҷашн гирифта мешавад. Ин икдоми неки ҷавонмардона ва фарҳангсоз на танҳо боиси эҳё шудан ва ҳамчун анъана идома ёфтани ин шоҳасари мусиқӣ, балки барои такомули минбаъдаи он заминаи воқеӣ гузошт, зеро Шашмақом як навъи мусиқии классикии тоҷик аст, ки дар байни мардумони дигари Осиёи Марказӣ низ маъруф гардидааст. Ин сабки мусиқӣ бояд миёни ҷавонон таблиғ шавад. Хушбахтона, имрӯзҳо 12 ансамбли шашмақомхонон дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла дар мактаби санъати шаҳри Чкалов ба мардум хизмат мерасонанд ва ҳамасола сафи ҷавонон ба ин санъати аҷдодӣ дар шаҳр зиёд гардида истодааст.

Май 13, 2015 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад