Тадбирҳои ҷилавгирӣ аз тундгароии исломӣ
Душанбе, 05.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ба роҳ мондани омӯзиши фанни таърихи ислом дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар, инчунин тақвияти идеологияи давлатӣ ва дунявӣ дар мактабу донишгоҳҳо аз тадбирҳои муассир дар самти ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундгароии мазҳабӣ арзёбӣ мегардад. Ин пешниҳодро Худобердӣ Холиқназар — директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар мизи гирд дар мавзӯи «Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм» дар Душанбе ироа кард. Мавсуф гуфт, ки роҳандозии курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҷавонон, ки фарогири мавзӯъҳои диниву дунявианд, бунёди марказҳои фарҳангию варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷавонон, омода намудани мутахассисон дар самти мубориза бо тундгароии мазҳабӣ ва ифротгароӣ, нашри адабиёти таблиғотӣ бобати ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти нангин, тақвияти назорат дар мавриди додани шиносномаҳои хориҷӣ, инчунин назорат ба афроде, ки ҳаҷ намудаанд, аз тадбирҳоест, ки мебояд онҳоро дар самти ҷилавгирӣ аз тундгароии исломӣ ва экстремизм дар кишвар роҳандозӣ намуд.
Инчунин роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки шахсоне, ки ҳамчун эмиссар боздошт шудаанд, онҳоро бояд дар маҳбас дар ҳуҷраҳои алоҳида нигоҳ дошт, зеро чунин афрод-эмиссарҳо ҳатто дар маҳбасхона имконияти бештари таблиғоти ақидаҳои ифротию тундгароиро доранд. Ба қавли Худобердӣ Холиқназар, бархе аз эмиссарҳо вориди кишвар мо гардида, махсус ҷиноят содир менамоянд, то дар маҳбасхона қарор дошта бошанду таблиғот намоянд. Инчунин дар мавриди манъи воридоти либосҳои динӣ, хусусан моли кишварҳои арабӣ ба қаламрави Тоҷикистон мебояд сохторҳои марбутаи Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд, таъкид кард. Х. Холиқназар. Бо дахли муҳимият ва оқибатҳои хатарзо доштани гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгарою ифротӣ Х. Холиқназар пешниҳод сохт, ки мебояд сохтори ҷавонони кишвар дар алоҳидагӣ фаъолият дошта бошад, зеро гурӯҳҳои ифротӣ асосан ҷавононро, ки неруи бузурги ҷомеа маҳсуб меёбанд, фирефтаи дасисаҳои худ қарор дода, онҳоро гумроҳ намуда, на танҳо ҳаёти ҷавонон, балки авзои минтақаро зери хатар мегузоранд. Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон ба амалҳои тундравони динӣ ва ифротӣ назари нек надоранд ва эҳсоси бадбинӣ мекунанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






