Тадбирҳои ҷилавгирӣ аз тундгароии исломӣ

Май 5, 2015 16:22

    Душанбе, 05.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ба роҳ мондани омӯзиши фанни таърихи ислом дар мактабҳои  таҳсилоти миёнаи кишвар, инчунин тақвияти идеологияи  давлатӣ ва дунявӣ дар мактабу донишгоҳҳо аз тадбирҳои муассир дар самти ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундгароии мазҳабӣ арзёбӣ мегардад. Ин пешниҳодро  Худобердӣ Холиқназар — директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар мизи гирд дар мавзӯи «Масоили рушди ҷомеаи  шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм» дар Душанбе ироа кард. Мавсуф гуфт, ки  роҳандозии курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҷавонон, ки фарогири мавзӯъҳои диниву дунявианд, бунёди  марказҳои  фарҳангию варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷавонон, омода намудани мутахассисон дар самти мубориза бо тундгароии мазҳабӣ ва ифротгароӣ, нашри адабиёти таблиғотӣ бобати ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти нангин, тақвияти назорат дар мавриди  додани шиносномаҳои хориҷӣ, инчунин назорат ба афроде, ки ҳаҷ намудаанд, аз тадбирҳоест, ки мебояд онҳоро дар самти ҷилавгирӣ аз тундгароии исломӣ ва экстремизм дар кишвар роҳандозӣ намуд.
     Инчунин роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки  шахсоне, ки ҳамчун эмиссар боздошт шудаанд, онҳоро  бояд дар маҳбас дар ҳуҷраҳои алоҳида нигоҳ дошт, зеро чунин афрод-эмиссарҳо ҳатто дар маҳбасхона имконияти бештари таблиғоти ақидаҳои ифротию тундгароиро доранд. Ба қавли Худобердӣ Холиқназар,  бархе аз эмиссарҳо вориди кишвар мо гардида, махсус ҷиноят содир менамоянд, то дар маҳбасхона қарор дошта бошанду таблиғот намоянд. Инчунин дар мавриди манъи воридоти либосҳои динӣ, хусусан моли кишварҳои арабӣ ба қаламрави Тоҷикистон мебояд сохторҳои марбутаи Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд, таъкид кард. Х. Холиқназар.        Бо дахли муҳимият ва оқибатҳои хатарзо доштани гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгарою ифротӣ Х. Холиқназар пешниҳод сохт, ки мебояд сохтори ҷавонони кишвар дар алоҳидагӣ фаъолият дошта бошад, зеро гурӯҳҳои  ифротӣ асосан ҷавононро, ки неруи бузурги ҷомеа маҳсуб меёбанд,  фирефтаи дасисаҳои худ қарор дода, онҳоро гумроҳ намуда, на танҳо ҳаёти ҷавонон, балки авзои минтақаро зери хатар мегузоранд. Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон ба  амалҳои тундравони динӣ ва ифротӣ назари нек надоранд ва эҳсоси бадбинӣ мекунанд. 
 
 

Май 5, 2015 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!