Ярмаркаи ҷойи кор-кафолат барои бекорон ва муҳоҷирон

Май 25, 2015 11:26

 Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Солҳои  охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод диққати ҷиддӣ дода истодаанд, зеро  гузаронидани ин ярмаркаҳо барои бештар бо кор таъмин намудани бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта мусоидат менамояд. 
Бо ин мақсад аз ҷониби раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар чор моҳи соли равон 81 ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар онҳо 810 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагии гуногуни вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, барои бекорон ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд.
Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод 901 нафар ба кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 749 нафар бо ҷои кори доимӣ, 471 нафар ба касбомӯзӣ ва 109 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардид. Умуман дар чор моҳи соли равон тавасути чунин чорабинӣ 1329 нафар шаҳрванди бекор ба шуғл фаро гирифта шуд.
Ҳамчунин мутобиқи супориши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  15 майи соли равон ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар якҷоягӣ бо сохторҳои вилоятии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Норак бо иштироки намояндагони соҳаи тандурустӣ аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Бохтар, Вахш, Ҷ. Румӣ, Қумсангир, Н. Хусрав, Данғара, Восеъ, Темурмалик, Шӯрообод ва Мӯъминобод доир шуд.
Дар чорабинӣ 76 сохтори таркибии вилоятии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иштирок намуда, 1542 ҷойи кориро пешниҳод намуд. Дар ин рӯз 105 нафар шаҳрванди бекор ба ҷойи кор роҳхат гирифта, ба 10 нафар тадқиқоти сотсиологӣ ва ба 17 нафар машварати касбӣ расонида шуд.
 
 

Май 25, 2015 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд