Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2015 04:46

Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Т оҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Сипас Нақшаи кори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  нимсолаи дуюми соли  2015 ва Барномаи  миллии рушди  донории хун  ва ҷузъҳои  он  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои  солҳои  2015-2019 тасдиқ карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи   санҷиши фаъолияти  субъектҳои  хоҷагидор» ва лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Тавре зикр гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи   санҷиши фаъолияти  субъектҳои  хоҷагидор» дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Ҳадафи асосӣ аз пешниҳоди ин қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои дурудароз ва беасосу такрорӣ ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз 10 рўз барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то 5 рўз, барои субъектҳои хурд 2 рўз муқаррар гардидааст.
Дар идомаи маҷлис Консепсияи  расонидани  ёрии ҳуқуқии   ройгон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи стратегӣ  оид ба  ислоҳоти минбаъдаи  маблағгузории  соҳаи  тандурустӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои 2015 -2018, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омўзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис дар назди масъулин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон, ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захира кардани маводи ғизоию сўзишворӣ барои тирамоҳу зимистони оянда ва ҳамчунин доир ба пурзўр намудани тадбирҳои амниятӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

 

Июнь 30, 2015 04:46

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд