Санҷишҳои муштарак бар зидди мошинҳои хизматии сохторҳои қудратӣ

Июнь 30, 2015 03:59

Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Санҷишҳои  муштарак  бар зидди мошинҳои хизматии сохторҳои қудратии  мамлакатро масъулини Сарпрокуратураи ҳарбии Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳҳои нақлиёт, ки баъзан аз тарафи ронандагони мошинҳои хизматӣ ба мушоҳида мерасанд, амалӣ намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта аз тарафи кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо нозирони Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе чунин санҷиш гузаронида шуд. Зимни  он чанд нафар аз ронандагони мошинҳои хизматӣ бо ҷурми нагузаштан аз ташхиси техникӣ, надоштани варақаи роҳхат ё муҳлаташ гузашта ва вобаста ба дигар ҳолатҳо, ки хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошанд, боздошт гардиданд.
Масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Маркази Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баҳри пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат аз тарафи ронандагони мошинҳои хизматӣ, пайваста санҷишҳои муштарак гузаронида, нисбат ба чунин шахсон чораҳои қонуниро татбиқ менамоянд.
Тибқи иттилои масъулин, тайи солҳои охир вайронкунии чунин қоидаҳо аз ҷониби ронандагони сохторҳои қудратӣ кам гаштааст,  вале нафароне ёфт мешаванд, ки талаботи муқарраргардидаро дар самти истифода намудани мошинҳои хизматӣ риоя намекунанд.
Зимни санҷиши мазкур чанд адад мошини хизматӣ боздошт ва нисбат ба  ронандагони он чораҳои қонунӣ татбиқ гардиданд.

Июнь 30, 2015 03:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад