Санҷишҳои муштарак бар зидди мошинҳои хизматии сохторҳои қудратӣ
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Санҷишҳои муштарак бар зидди мошинҳои хизматии сохторҳои қудратии мамлакатро масъулини Сарпрокуратураи ҳарбии Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳҳои нақлиёт, ки баъзан аз тарафи ронандагони мошинҳои хизматӣ ба мушоҳида мерасанд, амалӣ намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта аз тарафи кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо нозирони Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе чунин санҷиш гузаронида шуд. Зимни он чанд нафар аз ронандагони мошинҳои хизматӣ бо ҷурми нагузаштан аз ташхиси техникӣ, надоштани варақаи роҳхат ё муҳлаташ гузашта ва вобаста ба дигар ҳолатҳо, ки хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошанд, боздошт гардиданд.
Масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Маркази Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баҳри пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат аз тарафи ронандагони мошинҳои хизматӣ, пайваста санҷишҳои муштарак гузаронида, нисбат ба чунин шахсон чораҳои қонуниро татбиқ менамоянд.
Тибқи иттилои масъулин, тайи солҳои охир вайронкунии чунин қоидаҳо аз ҷониби ронандагони сохторҳои қудратӣ кам гаштааст, вале нафароне ёфт мешаванд, ки талаботи муқарраргардидаро дар самти истифода намудани мошинҳои хизматӣ риоя намекунанд.
Зимни санҷиши мазкур чанд адад мошини хизматӣ боздошт ва нисбат ба ронандагони он чораҳои қонунӣ татбиқ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






