Таркиш дар Тайван 500 захмӣ бар ҷой гузошт

Июнь 29, 2015 03:39

Душанбе, 29.06.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Дар парки обии «Формоз» дар Тайван таркиш ба амал омад , ки дар натиҷа беш аз 500 нафар захмӣ шуд. Ба гуфтаи оташнишонон, беш аз ҳазор нафар дар ин боғ саргарми пошидани ранг ба рӯи якдигар буданд, ки ногаҳон таркиш ба амал омад. Ҳоли 8 нафар аз маҷрӯҳон вазнин мебошад. Дар ин миён 43 нафар баъд аз муолиҷа дар бемористон ҷавоб дода шуд.

Июнь 29, 2015 03:39

Хабарҳои дигари ин бахш