17 399 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати мамнӯъшудагон аст

Июль 15, 2015 04:54

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар нимсолаи аввали соли равон ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия муайян гардид, ки 17 ҳазору 399 шаҳрванди кишвар дар рӯйхати мамнӯъшудагони махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷиратанд.  
Ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 46 ҳазору 221 шаҳрванд  муроҷиат кардааст, ки аз онҳо 43 892 нафар шифоҳӣ, 343  нафар хаттӣ ва 1986 нафар аз тариқи телефони боварӣ муроҷиат кардаанд.  
Шаҳрвандон бештар бо  масъалаи муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Федератсияи Русия, қонунгузории кишвари кордиҳанда, гирифтани патент дар Федератсияи Русия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда муроҷиат менамоянд. 
Ҳоло рӯйхати шаҳрвандоне, ки сафарашон ба Федератсияи Русия манъ гардидааст, то 15 майи соли 2015 ба тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас шуда, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд пеш аз сафар ба Федератсияи Русия дар маҳали зисти худ  аз санҷиш гузаранд.

Июль 15, 2015 04:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад