25 сентябр- Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Июль 13, 2015 09:14

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз ин пас ҳар сол санаи  25 — уми сентябр дар маркази вилояти Суғд ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳр, Рамзи шаҳри Хуҷанд санаи 25 сентябри соли 2014 аз ҷониби вакилони шаҳри Хуҷанд тасдиқ  шуд ва ин сана бо таклифи вакилони шаҳрӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд эълон гардид.
Гуфта мешавад, ки имсол 25 сентябр нахустин маротиба Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Шаҳри Хуҷанд яке аз минтақаҳои пешрафтаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, он бо шаҳрҳои Могилёви Беларус, Линколни ИМА, Ганҷаи Озарбойҷон ва Табрези Эрон бародаршаҳр мебошад.

Июль 13, 2015 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад