34 ҳазор ҷойи нави корӣ дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 22.07.15. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Тайи нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 34 ҳазору 192 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд, ки нисбат ба нишондодҳои соли гузашта баробари 6 ҳазору 603 ҷойи корӣ зиёд аст.
Назар ба иттилои Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон, дурнамои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои соли равон баробари 73 фоиз иҷро шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар вилояти Хатлон тамоюли коҳишёбии қарзҳои маош, ки то имрӯз 3 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ба назар мерасад. Қарзҳои зикршуда ба бахши буҷа ва қарзҳои нафақаю маоши омӯзгорону кормандони тиб дахл надоранд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






