418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд

Июль 15, 2015 09:57

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаш моҳи аввали соли равон ба масоҳати умумии 418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра  фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 99,9 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 1 миллиарду 762,9 миллион сомониро ташкил доданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Нуралӣ Ғиёс хабар дод. 
Ба гуфтаи Саидзода Нуралӣ Ғиёс моҳҳои  январ-июни соли  2015   сармояи  асосӣ аз ҳисоби  ҳамаи  манбаъҳои   сармоядиҳӣ ба  маблағи 4 миллиарду 38,1 миллион сомонӣ истифода шудааст. 
“Дар ин давра барои 2 ҳазору 288 талаба мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ бо 235 ҷой ва  дармонгоҳ барои қабули  96 бемор  дар як баст ба истифода дода шуданд”,- илова намуд мавсуф.

 

Июль 15, 2015 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд