Ақибронии ДИИШ аз шаҳри Палмира
Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Бино бар гузориши » Пресс-ТВ «, артиши Сурия муваффақ шудааст ДИИШ-ро аз бахшҳои муҳими минтақаи Ҳуммаи шаҳри Палмира ақиб биронад. Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Манор, бо пешравии неруҳои Сурия, террористҳои ДИИШ дар ҳоли фирори дастаҷамъӣ аз шаҳри Палмира қарор доранд. Ин шаҳр дар моҳи июни соли 2015 ва пас аз ҳамлаҳои ногаҳонии террористҳои ДИИШ аз ихтиёри артиши Сурия хориҷ шуд, аммо дар пайи ҳамлаҳои чанд ҳафтаи охир, артиши Сурия бори дигар тавонист террористҳоро аз шаҳр ақиб биронад. Бино ба иттилои артиш, ДИИШ ҳоло дар фосилаи 10 километрии шаҳр қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






