Амалҳои номатлуби соҳибкорон ошкор шуданд

Июль 15, 2015 09:53

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мусаллам аст, ки дар моҳи шарифи Рамазон талабот ба хурмо ва ҳалво зиёд мегардад. Бархе аз соҳибкорон бо шарикони худ аз ин вазъият истифода намуда, дидаву дониста барои ба даст овардани даромади бештар талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро вайрон намуда,  маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва ба саломатии инсон хатарнокро ба фурӯш мебароранд. Ин амали чунин ашхос ба ягон меъёри инсонӣ, на аз рӯи талаботи қонун ва на аз рӯи фармудаҳои дини мубини Ислом мувофиқат намекунад. 
Дар санҷиши муштараки мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар анбори ҶДММ «Абар Тиҷорат Каспиян» ба миқдори 69 т 931 кг хурмои муҳлати истеъмолиаш гузашта ошкор гардид ва он баъди натиҷаи ташхис тибқи муқаррарот дар партовгоҳ нобуд карда шуд.
Ҳамчунин дар раванди ин санҷишҳо 4500 кг гӯшти мурғи истеҳсоли Бразилия, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Асроров ворид шуда буд, бо сабаби гузаштани муҳлати истеъмолӣ аз муомилот гирифта шуда, ба боғи ҳайвонот ва қисми дигар ба партовгоҳ равона шуд.
Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар натиҷаи гузаронидани санҷиши навбатии мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд амали номатлуби чанде аз соҳибкорон ошкор шуд. 
Натиҷаи санҷиши давлатӣ оид ба риояи хизматрасонии савдои чакана ва бехатарии маҳсулот нишон дод, ки дар анборхонаи ҶДММ «Абар-тиҷорат каспиян», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд низ ба миқдори хеле калон, аниқтараш наздики 8000 кллограм маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта нигоҳдорӣ ва фурӯхта мешавад. 
Аз ҷумла, маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта- рулети «Фафа» ба миқдори зиёда аз 1000 адад, ҳалвои «Симурғ» ва «Солеҳ» ба миқдори қариб 4000 қуттӣ, ҳалвои 400 грамма ба миқдори 4500 киллограмм, хурмо ба миқдори қариб 3000 киллограмм ва боз чандин намудҳои дигари шириниҳо буданд, ки ҳама истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эронанд. 
Натиҷаи ташхис нишон дод, ки аксарияти маҳсулоти барои ташхис пешниҳодгардида аз рӯи нишондиҳандаҳо ба талаботи стандарт номутобиқ дониста шуд. Масалан хурмои истеҳсоли Эрон аз рӯи нишондодҳои гузаштани муҳлати истеъмол ва  маззаву бӯйи туршӣ ва ҳалво  аз рӯи номаълум будани санаи истеҳсол, мавҷуд будани бӯйи равғани талх ва ҷудошавии моеи равғанмонанд дар ҳалво ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуданд. 
Маҳсулоти номбурдаи пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузаштаро роҳбари ҶДММ «Абар-тиҷорат Каспиян» Маҳмадалӣ Фарзорфар, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шарикони ӯ  мехостанд дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз нав бандубаст намуда, ба фурӯш бароранд. Дар вақти санҷиш муайян шуд, ки тарзи нигоҳдории маҳсулот ва шароити беҳдоштии он ба талабот мутобиқ нест. Хурмои муҳлати истифодааш гузаштаи ба ҳам часпидаро соҳибкор бо иштироки якчанд нафар коргарон ба зарфҳои махсус рехта, бо об аз нав шуста, ба қуттиҳои нав ҷойгир намуда, барои фурӯш омода мекард. Ҳамчунин ҳалвои муҳлати истеъмолаш гузаштаро ба қуттиҳои дигар гирифта, аз нав тамғагузорӣ менамуданд. 

Июль 15, 2015 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд