Амалиёти ҳарбии қӯшунҳои Ироқ барои озод кардани вилояти Анбар

Июль 14, 2015 04:37

Душанбе, 14.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Ба  иттилои агентии  Синхуа артиши  Ироқ эълом доштааст, ки  13  июл  қувваҳои амниятӣ ва ҷузъу  томҳои  ихтиёриён  барои  озод  кардани  бархе   шаҳрҳои  муҳими  вилояти  Анбар,  аз ҷумла  маркази  маъмурии Рамади, ки онро  созмони  ифротгарои «Давлати  исломӣ»  забт  карда буд,  ба  амалиёти калонҳаҷми  ҳарбӣ  шурӯъ  намуданд. 
Артиши  Ироқ  дар  нимаи  якуми  рӯзи  13  июл  аз тариқи телевизиони  давлатӣ  хабар  дод, ки  амалиёти  ҳарбӣ барои  бозпас  гирифтани  вилояти  Анбар  соати  05:00 дақиқаи  вақти маҳаллӣ  оғоз  ёфта, қувваҳои  бехатарӣ, ихтиёриёни  мазҳаби  шиа  ва як  қисми  гурӯҳҳои  мусаллаҳои  вилояти  Анбар  дар  самти  муайяншуда  пеш  мераванд.
Ёдовар  мешавем, ки  дар  ҳоли  ҳозир  қисми  зиёди  вилояти Анбарро «Давлати  исломӣ»   забт  намуда, силоҳбадастон  кӯшиш  доранд, ки  аз  Анбар  сӯи  Бағдод  ҳаракат  кунанд.

 

Июль 14, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст