Ҷамъбасти натоиҷи фаъолият дар нимсолаи якум

Июль 13, 2015 05:53

Душанбе, 13.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ҷаласаи Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  назди Президенти  ҶТ  натоиҷи  фаъолияти фаврии хидматӣ тайи  6 моҳи  соли  2015 ҷамъбаст  гардид. 
Диққати  роҳбарони  ниҳодҳои  Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  ба  бархе  нуқсонҳои  мавҷуда  дар ташкили  кори  фаврӣ  барои ҷилавгирии фаъолияти гурӯҳҳои  муташаккили  ҷинояткор, ки ба  интиқоли  маводи  нашъаовар машғуланд, рӯи  кор  овардани чорабиниҳо  ба  манзури коҳиш  додани  талабот  ба  маводи  мухаддир  дар  минтақаҳои  наздисарӣ,  такмили  ихтисоси  ҳайати  шахсӣ,  интихоб ва  ҷобаҷогузории  кадрҳо ҷалб  карда шуд. 
Ба  кормандони  масъули  Агентӣ  дастур  дода шуд, ки  барои рафъи  нуқсонҳои  мавҷуда  чораҳои  зарурӣ  бинанд. Се  нафар  кормандони  Агентӣ барои паст  будани  сатҳи  фаъолияти хидматиашон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.  Дар  бораи ҷойивазкунии  ҳайати  шахсии  Агентӣ  қарор  қабул  шуд.
Дар  ҷаласа  Нақшаи чорабиниҳои  асосии Агентӣ барои нимсолаи дуюми  соли  равон  тасдиқ  гардид.
 

Июль 13, 2015 05:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад