Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон

Июль 13, 2015 07:33

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон  Нарендра Модӣ оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон  Нарендра Модӣ бори дигар хайра мақдам гуфта, аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи ду кишвари дӯст изҳори қаноат кард.
Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон  Нарендра Модӣ бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намуд, ки сафари давлатиаш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад.
Аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии миёни Тоҷикистону Ҳиндустон, ки иборат аз қариб 60 санади байниҳукумативу байниидоравӣ мебошад, изҳори қаноат карда шуд.
Барои татбиқи босамари санадҳои амалкунанда ва тавсиаи робитаҳои судбахши минбаъда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ   оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ  зарур дониста шуд.
Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа ва энергетика, ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ тавсиаи бештар пайдо мекунанд. Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон аз ҷумла роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ номида шуд.  
Ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва ҳамлу нақлии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла дар самти муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ аз низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. 
Ҳамчунин доир ба як зумра масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ се санади нав дар соҳаҳои гуногун, аз қабили дар бахшҳои сиёсат, маориф ва фарҳанг ба имзо расонида шуд. Аз ҷмла:Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва
Ҳиндустон дар бораи густариши шарикӣ; Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба таъсиси лабораторияҳои компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон; Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2016-2018 имзо шуданд.
Бояд гуфт, ки ба имзо расидани ин санадҳои нав дар фароянди татбиқи амалии имконоти фаровони истифоданаёфтаи густариши ҳамкории гуногунарсаи ду кишвар қадами заруру муҳим хоҳад буд.
Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид: «Мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуљониба ва чандљониба пайгирона густариш меёбад».

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон​

Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон​

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон​

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон​

Тоҷикистон хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармоя бо Ҳиндустон аст​

Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амният ва мубориза бар зидди зуҳуроти терроризму экстремизм дидгоҳи яксон доранд»​

Н. Модӣ: «Тоҷикистон бо мо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва фарҳангию забонӣ аз ҳама наздик аст»

Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон

Сарвазири Ҳинд ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт​

Тоҷикистон хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармоя бо Ҳиндустон аст

Э. Раҳмон: Бо дарназардошти ҳамсоягии наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон бояд ҷавобгӯи иқтидори ҳамкорӣ бошанд

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон

Нарендра Модӣ ба Эмомалӣ Раҳмон нашри ҳиндии “Тоҷикон”-ро тақдим намуд

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон

Эмомалӣ Раҳмон: «Тагор ошиқи Машриқзамин ва пайвандгари маънавии Тоҷикистону Ҳиндустон аст»

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Робиндранат Тагор

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон

  

Июль 13, 2015 07:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад