Ҷавоб ба муроҷиатномаи ҲНИТ
Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шароити имрўза сиёсисозии ислом ва экстремизми динӣ ба як хатари бузург барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳоло бисёр ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ба омўзиши заминаҳои пайдоиш ва сабабҳои таҳрик¬диҳандаи ин зуҳурот оғоз намудаанд. Табиист, ки чунин падида дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст.
Пайдоиш ва фаъолияти ҲНИТ ҳам дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ аз ҷониби коршиносон таҳқиқ нашудааст. Ба андешаи роҳбаронаш ин ҳизб солҳои 70-80 аллакай ячейкаҳои ғайриқонунӣ доштааст, ки исботи аз оғоз ниҳоди ғайриқонунӣ ва мухолиф бо сиёсати давлатӣ будани он аст. Зеро тўли бештар аз 1000 сол ислом дар минтақа бо низомҳои ба ном исломӣ, монанди ғазнавиҳо, салҷуқиҳо, темуриҳо, шайбониҳо дар ихтилоф буд, вале ҳеҷ ихтилофе бо исломи шакли сиёсию ғайрисиёсӣ дошта набуд. Аксарияти мардум сиёсати давлатро дар соҳаи дин, бахусус баъди солҳои 70-ум ба хотири таъмини сулҳу оромӣ пурра дастгирӣ мекарданд. Зеро давлат як фазои муътадилро барои дин фаро ҳам овард. Аммо пайдоиши ҳизб дар зери таъсири таълимоти аҳзоби динии хориҷӣ сурат гирифт. Идеяҳои исломи сиёсиро ба кишвари Тоҷикистон нахуст донишҷўёни афғону фаластинӣ аз тариқи ворид намудани китоб ҳои Саид Қутб, Ҳасани ал-Бано ва дигарон паҳн карданд. Дар ҳамон даврон уламои маш ҳури кишвар Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, Қозӣ Рашид, Маҳмадӣ, Домулло Ҳикматулло, Калонзода ва Муслиҳиддин куллан ба тарғиби андешаҳои исломи сиёсӣ ва ҳизбсозӣ мухолиф буданд ва ҳатто чандин баҳсҳо ҳам дар ин маврид шуда буданд. Вале барои баъзе ашхосе, ки дар доираи илмӣ нуфуз надоштанд, таъсиси ҳизб як роҳи худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ шуд. Дар ин солҳо Абдулло Нурӣ, Қиёмиддини Fозӣ, Навид, Ҳаит, Саидумар, Мавлавӣ Карим ва дигарон буданд, ки ба муқобили мавқеи уламои суннатӣ рафтанд, зеро онҳо аллакай бо роҳбарони аҳзоби динӣ дар кишварҳои дигари исломӣ робитаҳои ҳамкорӣ доштанд. Аз ҷониби дигар, суқути идеологияи шўравӣ барои тарғиби ақида ҳои исломи сиёсӣ як омили таҳрикдиҳанда гардид. Пас маълум мешавад, ки барои ташкили ҳизби динӣ дар ҷомеа ҳеҷ зарурат вуҷуд надошт, балки он як таҷрибаи нави бегонагон буд, ки ба кишвари мо аз тариқи нерўҳои зархарид роҳ ёфт.
Дар кишварҳои Осиёи Миёна тибқи таълимоти фиқҳи ҳанафӣ масъалаи таъсиси ҳизб дар ислом сарчашмаи тафриқа ва низоъ дар мазҳаб дониста мешавад. Ҳеҷ як олими ҳанафӣ ба машрўияти ташкил додани ҳизби хусусияти динӣ дошта фатво надодааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки бо ҲНИТ ҳамчун ҳизб ниҳодҳои давлатӣ не, балки рўҳонияти суннатгарои мазҳабӣ бархўрд доранд. Аслан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа ба таъсис ва фаъолияти ин ҳизб сарфи назар аз хатару ноамнӣ ва нобасомониҳои эҷодкардааш расман иҷозат дода буд.
Вале дар меҳвари таълимоти исломгароии сиёсӣ он қоидаҳои диние меистанд, ки муносибати мусулмононро бо ғайримусулмонон, инчунин муносибати байнимусулмононро дар асоси шарҳу баёни тозаи мабно ба Қуръону Суннат ифода мекарданд. Дар натиҷа дини ислом ба ифротгароию тероризми динӣ пайванде пайдо кард ва таъсиси аҳзоби динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ сарчашмаи ҷангу низоъҳои дохилӣ ва бо роҳи ғайриқонунӣ аз байн бурдани ҳокимияти давлатӣ гардид. Рафти ҳодисот собит намуд, ки ташкили аҳзоби исломӣ бо дастгирии пурраи кишварҳои манфиатҷўи хориҷӣ анҷом пазируфтааст. Рўйдодҳои сиёсии солҳои ахир нишон доданд, ки мақсади асосии задухўрду нооромиҳо дар Ховари Миёна шикастани зербинои иқтисодии кишварҳои минтақа ва ба ҷанги бардавом кашидани онҳо будааст. Хоҳ-нохоҳ ҲНИТ ҳам ҳамчун ҳизби сиёсӣ вориди муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ шудааст. Вале онҳо ба мисли ҳизбҳои дигар бо забони сиёсат гуфтугў накарда, балки бо роҳи сўиистифода аз арзишҳои динӣ ва муқаддасоти исломӣ онҳоро бо ғаразҳои сиёсии худ олуда ва бадном мекунанд. Бадбахтии исломгароии сиёсӣ дар он аст, ки дар он падидаи такфир (кофир хондан)-ро аз принсипи беруниисломӣ, яъне муносибати мусулмон ба мушрикон ва ғайримусул¬мо¬нон ба принсипи дохилиисломӣ, яъне аз ҷониби як мусулмон такфир хондани мусулмони дигар, табдил додааст. Вале вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, авлавия¬ти манфиатҳои давлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи аҳзоби сиёсӣ тақозо менамояд, ки дар кору фаъолияти худ аз мавқеи ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, ошкорбаёнӣ ва таъмини ҳамдигарфаҳмӣ рафтор кунанд.
Солҳои охир ҳамагон шоҳиди коҳиши обрўю нуфузи ҲНИТ дар тамоми бахшҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи кишвар ҳастанд, ки бешубҳа гувоҳи камбудиҳои ташкилию идорӣ ва заъфи нерўи сиёсии ин ҳизб мебошанд. Аммо роҳбарияти ҲНИТ барои рўйпўш наму¬да¬ни камбудиҳои худ иллати аслии ин падидаро на дар мушкилиҳои дохи¬лии худ, балки дар таъсири омилҳои беруна, ба хусус «фишор ва саркўбӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад. Албатта, айбро дар дигарон ҷустан ва нодида гирифтани камбудии худ як равиши маъмулии роҳбарият ва аъзои ҲНИТ мебошад. Онҳо мунтазам дар назди хоҷагони хориҷии худ ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ аз фишору таъқиб ва саркўб намудани аъзои худ аз ҷониби ҳукумати расмӣ ҷор мезананд ва муроҷиати онҳо ба Дабири кулли СММ, ҷаноби Пан Ги Мун ва роҳбарони кишварҳои узви гурўҳи тамос барои татбиқи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон як далели дигари нотавонии сиёсии онҳост. Агар нолаву ҳарзаҳои нокомии сиёсии ин ҳизби ҳангомахоҳро дар ин муроҷиат сарфи назар кунем, метавонем се нуктаи асосиро ҷудо намоем, ки гўё баёнгари «фишор ва таъқиби» ҳукумати феълии қонунии кишвар нисбат ба ҲНИТ ва аъзои он мебошанд:
1. Гўё ҷониби Ҳукумат аз дер боз бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро вайрон мекунад, вале ҲНИТ ҳамеша мардум ва ҷонибдорони худро барои ҳифзи суботу оромӣ ва сулҳу Ваҳдат ба сабр ва хештандорӣ даъват кардааст.
2. Аз тамоми сохторҳои иҷроия ва қонунгузории кишвар берун кардани намояндагони ҲНИТ ҳамчун ҷавҳари фишору таъқибҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ бар болои ҷонибдорони ҳизб дониста мешавад.
3. Чунин ба назар мерасад, ки дар кишвар танҳо таъқиб ва ба ҷавобгарии ҷиноию маъмурӣ кашонидан барои масъулин ва аъзои ҳизб вуҷуд дорад ва ин амал боиси маҷбуран даст кашидани ҳазорон нафар аз узвияти ҳизб гардид.
Биёед сари ин дурўғ ва буҳтонҳои навбатии ҲНИТ бо диди мунсифона нигарем. Роҳбарият ва аъзои ҲНИТ бояд дарк кунанд, ки воқеияти кунунӣ дигар мисли ибтидои солҳои навадуми асри гузашта нест ва намешавад бо сўистифода аз шиор ва арзишҳои олии исломӣ манфиат ва нуфузи сиёсии худро таъмин намуд, зеро ҷомеа ва шаҳрван¬дони кишвар паёмадҳои шуми ин шиорбозӣ ва даъвои бардурўғи исломиро дар таҷрибаи талхи худ дидаанд ва дигар ба доми фиреби ин «воизони минбарӣ» намеафтанд. Даъвои аз ҷониби Ҳукумат вайрон шудани бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва баръакс ҳамеша пуштибонии роҳбарият ва аъзои ҲНИТ аз амну суботи кишвар як дурўғи маҳз хаст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки чи гуна аъзои собиқ ва феълии ин ҳизб барои аз байн бурдани амну субот дар ҷомеа даст ба ҷиноят ва ҳатто амалиётҳои мусаллаҳона задад.
Дар робита ба нуқтаи дуюм бояд қайд кунем, ки сохторҳои иҷроия ва қонунгузории ҷумҳурӣ мероси падари аъзои ҲНИТ нестанд, ки бояд ҳамеша барояшон чун моли меросӣ боқӣ бимонад. Иштирок дар ҳокимияти қонунгузорӣ бо роҳи интихоботи умумӣ ва демократӣ сурат мегирад ва агар ҲНИТ дар ин муборизаи сиёсӣ мағлуб шуда бошад, пас бояд иллати нокомиро дар фаъолияти худаш ҷўяд, на дар фитнаву тавтеаҳои беруна. Сониян, дар хусуси ҳокимияти иҷроия бояд бигўем, ки барои шомил шудан ба он ҳамаи коршинос ва мутахассисони ҳирфаӣ, новобаста аз узвияти ҳизбӣ имконияти баробар доранд, вале оё метавон гуфт, ки дар байни аъзои ҲНИТ теъдоди муайяни коршиносони варзи¬да, мутахассисони риштаҳои муҳандисӣ, пизишкӣ, маориф ва ғайра вуҷуд доранд? Иллати аслӣ маҳз дар сатҳи пасти касбии аъзои ҲНИТ мебошад, ки мутахассисони зарурии ҷавобгў барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар тақрибан дар сафи онҳо вуҷуд надоранд. Аъзои ҲНИТ ба ҷуз дуову ришу салла барои ободӣ ва пешрафти кишвар чизе пешниҳод карда наметавонанд ва дар оянда нахоҳанд кард.
Масъалаи сеюм аслан боиси тааҷҷуб аст. Магар аъзои ҲНИТ даъво доранд, ки онҳо маъсуманд ва ҳеҷ гоҳ даст ба ҷиноят ва ҳуқуқвайрон¬кунӣ намезананд? Муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи меъёр ва асноди ҳуқуқии кишвар ба роҳ монда мешавад ва онҳо бояд новобаста аз ҳизбияти гумонбар ва ё ҷинояткор фаъолияти худро пеш баранд. Ба аъзои ҲНИТ касе масуният аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ надодааст, то амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳамчун таъқиб ва нақзи хуқуқи худ баҳогузорӣ кунанд.
Дар ниҳоят мехостем аз ҲНИТ хоҳиш кунем, ки бештар ба ислоҳи сохтор, фаъолият ва тарбияи ахлоқии аъзои худ таваҷҷуҳ кунанд, то иллати нокомии худро дар «бадбинии дигарон» нисбат ба худ наҷўянд. «Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон ҳаст, тағйир диҳанд» (Раъд, 13:11). Агар онҳо дўстдорони воқеии Худову пайғамбараш ҳастанд, мақсади асосиашон дарёфти комёбии охират аст ва ба дунёву арзишҳои дунявият сару коре надоранд, пас такаббуру фасод накунанд. Пас агар маҳорати пеш бурдани сиёсату корҳои дунявиро надошта бошанд, оҳиста аз саҳнаи сиёсӣ нопадид шаванд. Агар онҳо ба мисли ҳизбҳои дигар бо забони сиёсат гуфтугў карда натавонанд, ин айби худи онҳост. Дигар айб аст, ки арзишҳои динӣ ва муқаддасоти исломи мубинро барои расидан ба ғаразҳои сиёсии худ шиор кунанд!
Абдураҳмони Хуросонӣ – коршиноси масоили динӣ