«Ҷавонон зидди терроризм ва ифротгароӣ»-иқдоми ҷавонони суғдӣ

Июль 29, 2015 03:23

Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- 12-уми август дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил  мешавад. Ба ин муносибат тибқи дастури Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб тасмим гирифтааст, ки иқдоми «Ҷавонон зидди терроризм ва ифротгароӣ»-ро дар ҳамкорӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд роҳандозӣ намояд. Дар назар аст, ки дар шаҳри Истаравшан, Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бо ширкати олимону донишмандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қишрҳои дигари ҷомеа чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ ва мизҳои мудаввар аз рӯи мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» гузаронида шаванд. Ҳамчунин вобаста ба ин масъала намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки 10-уми августи соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бо ширкати ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони «Терроризм ва ифротгароиро маҳкум мекунем» мизи мудаввар баргузор намояд. Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои рӯзафзуни ифротгароӣ, муайян намудани сабаб ва омилҳое, ки неруи бархе аз ҷавононро ба ин гурӯҳҳои тундрав таҳрик медиҳанд ва инчунин дарёфти роҳҳои нави мубориза бар зидди ин падидаи хатарзо мебошад. 

 

 

 

Июль 29, 2015 03:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид