Аз никоҳи хешутаборӣ қариб 4000 кӯдаки маъюб таваллуд шудааст

Июль 8, 2015 06:17
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  “То 1 январи соли 2015 шумораи умумии кўдакони  маъюбе, ки таҳти назорати диспансерӣ мебошанд,  26 043 нафарро ташкил медиҳад. Мутобиқи маълумотҳои пешакӣ маълум гардид, ки аз ин шумора қариб 4000 нафараш аз никоҳи хешутабории наздик мебошад”,-гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода имрӯз, 8 июл зимни нишасти матбуотӣ.
  Бо мақсади  расонидани кумаки махсус ба кўдакони дорои имконияти маҳдуд, ташхис ва барқарорсозии саломатии кўдакони гирифтори бемории “Аутизм” моҳи январи соли ҷорӣ бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатии «Ирода» дар заминаи чор маркази саломатии шаҳри Душанбе ҳуҷраҳои «Дахолати саривақтӣ» кушода шуда, бо таҷҳизоти зарурии махсус таҷҳизонида шуданд. 
Бино ба гуфтаи вазир ба мутахассисони ин ҳуҷраҳо нигоҳубини кўдакони гирифтори бемории “Аутизм” омўзонида шуд.    
 
Июль 8, 2015 06:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад