Бадахшон: Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз мавзеи осебдида

Июль 20, 2015 04:37

Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 19 июл вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мавзеи осебдидаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон дидан намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки бар асари фаромадани ҳаҷми калони сел ва банд шудани маҷрои дарёи «Ғунд» ҳаҷми оби кӯли сунъӣ, ки дар натиҷаи обхезии 17 июл ба вуҷуд омад, баланд гардида, дар натиҷаи  кандашавии садди ин кӯли сунъӣ 56 хонаи истиқоматӣ пурра хароб гашт, аз ҷумла дар деҳаи Барсем 41 адад, дар деҳаи Бердибекобод 3 адад ва дар деҳаи Колхозобод 12 хонаи истиқоматӣ пурра зарар дидааст. Аз ҷониби Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар ба зарардидагон кумаки моддӣ расонида шуд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мардуми махали аз офат осебдида вохӯрӣ доир намуда, аз аҳволи онҳо пурсон шуд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Сафари вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

 

 

Июль 20, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад