Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба А. Лукашенко

Июль 3, 2015 04:46

Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Александр Григоревич,
Бо мамнунияти бузург ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Беларус ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти ин кишвар табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ирсол медорам.
Ҷумҳурии Беларус дар миёни авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати мо мақоми муҳим дорад. Мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз раванди рушди робитаҳои мутақобилан муфиди анъанавию дӯстонаи Тоҷикистону Беларус дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ махсус таъкид намоям. 
Мо ба муносибот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус бо  хушбинӣ назар намуда, барои тавсеа ва таҳкими  минбаъдаи он ҷиҳати беҳбуди кишварҳо ва мардумонамон тамоми корҳоро бо бовари комил  анҷом медиҳем.
Дар ин рӯзи муборак ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои минбаъда, ба халқи бародари беларус рафоҳат ва шукуфоиро таманно дорам».

 

 

 

Июль 3, 2015 04:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд