Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркия
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори инфиҷори мудҳишро дар шаҳри Суруҷи Ҷумҳурии Туркия, ки муҷиби қурбонӣ гаштани даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани теъдоди зиёди онҳо шудааст, бо андўҳи бузург қабул намуданд. Ин амали таассуфангези ѓайриинсонӣ зарурати идомаи муборизаи беамони сарҷамъонаи аҳли башарро алайҳи “вабои аср” – терроризм қотеъона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дўсти Туркия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд. Ба маҷрўҳшудагон шифои комил орзумандам».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






