Баррасии масоили муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ дар ҳузури муовини Сарвазир

Июль 31, 2015 06:31

Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилию экологӣ ва вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки муҳоҷирати дохилӣ ва экологии аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии кишвар маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои танзими он корҳои зиёде амалӣ мегарданд. Аз ҷумла бо ин мақсад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» ва «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» қабул гардидаанд, ки раванди масъалаи мазкурро танзим мекунанд. 
Мавриди зикр аст, ки дар давоми солҳои 2013-2015 бояд дар ҷумҳурӣ 1786 оила, аз ҷумла аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 оила, аз вилояти Суғд 367 оила, аз вилояти Хатлон 791 оила ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 608 оила кӯчонида шаванд. То имрӯз, аз 1618 оилаи муҳоҷирони дохилӣ, ки дар давоми солҳои 2013-2015 кӯчонида шуданд, 150 оила дар маҳалҳои муқарраргардида истиқомат дошта, боқимондаи оилаҳо корҳои сохтмониро идома дода истодаанд. 
Дар самти муҳоҷирати экологӣ бошад, давоми солҳои 2014-2016 дар ҷумҳурӣ  бояд 1050 хоҷагӣ аз мавзеъҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шаванд. 
Дар баррасии масоили вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа зикр гардид, ки танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишварамон ба хориҷа аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат маҳсуб ёфта, пайваста дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад. Дар ин самт бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, шароити мусоиди будубош ва фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои муассир амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, аз ҷониби коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ҳолатҳои манъи воридшавии дубораи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия баррасӣ шуда, ба 951 шаҳрванди Тоҷикистон (аз ин шумора 190 нафараш донишҷӯён) иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия дода шуд.
Тавре зикр гардид ҳамаи донишҷӯёни дар Русия таҳсилкунанда, ки вурудашон ба ин кишвар манъ шуда буд, иҷозати ворид шудан ба ҳудуди Русияро ба даст оварданд.  
Дар фарҷоми ҷаласа баҳри татбиқи амалии қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ ва иҷрои корҳои самарабахш дар ин самт ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд.

 

Июль 31, 2015 06:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад