Баррасии Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии расмиёти савдо дар Душанбе

Июль 29, 2015 06:23

Душанбе, 29.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва доираҳои коршиносӣ  муҳимияти соддагардонии расмиёти савдоро баррасӣ намуда, бо талаботи Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии савдо (TFA) ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар баробари СТҶ дар самти мазкур шинос шуданд.
Давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯи соддагардонии расмиёти савдо имрӯз, 29-уми июл дар шаҳри Душанбе анҷом пазируфт. Ин давра бо ибтикори Маркази тиҷорати байналмилалӣ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон баргузор гардид. 
Давраи омӯзишии мазкур ҷузве аз талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ ҷиҳати таъсис ва роҳандозии фаъолияти Кумитаи миллӣ доир ба соддагардонии расмиёти савдо мебошад. Ниҳоди нави давлатӣ бо ҳадафи соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии муқаррароти марбут ба тиҷорати байналмилалӣ таъсис хоҳад ёфт. Роҳандозии фаъолияти чунин як ниҳод талаби ҳатмии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии расмиёти савдо мебошад. 

Июль 29, 2015 06:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд