Бунёди Боғи истироҳатӣ дар маркази шаҳраки Оби Гарм

Июль 13, 2015 06:31

Роғун, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳраки Роғун 4 млн. 574,7 ҳазор сомонӣ  маблағ барои  иҷрои  корҳои сохтмонию  барқароркунӣ ва таъмирӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор 3 млн. 500 ҳазор сомонӣ барои сохтумони асосию барқарорнамоии  маҷлисгоҳ барои 425 ҷойи нишаст, 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ барои сохтмони мактаби таҳсилоти умумӣ барои 372 нафар хонанда дар деҳаи Ҷавонӣ,  1 млн. 200 ҳазор сомонӣ барои толори варзишӣ,  барои идомаи сохтмони  бинои маъмурии  ҳукумати шаҳри Роғун, бунёди майдончаи варзишӣ, ободонӣ ва сабзазоркунӣ 800 ҳазор сомонӣ ва боқимонда  1 млн. 074,7 ҳазор сомонӣ барои корҳои таъмири ташкилоту  муассисаҳои буҷавӣ  равона гардидааст. Тибқи иттилои муовини аввали раиси шаҳраки Роғун  Раҳимзода Исмоили  Ғанӣ  аз ҳисоби маблағҳои озоди  буҷети маҳаллӣ  барои сохтмони  Боғи истироҳатии  ба номи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳраки Оби Гарм  800 ҳазор сомонӣ   ҷудо шудааст.  Иҷрои корҳои сохтмонӣ  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ  1 млн. 787  ҳазор сомониро  ташкил додааст.

Июль 13, 2015 06:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад