Дар ғарби Ироқ даҳҳо нафар силоҳбадастони «ДИ» нест карда шуданд

Июль 21, 2015 05:15

Душанбе, 21.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Агентии  ТАСС  зимни  истинод ва Вазорати  корҳои  дохилии Ироқ  хабар  медиҳад, ки  дар  ҷараёни  амалиёти  зиддитеррористӣ  дар  вилояти  Анбари Ироқ даҳҳо  нафар   силоҳбадастони  гурӯҳи «Давлати  Исломӣ» нест  карда шуданд.
«Дар  қисми  шарқии  шаҳри  Рамади  11  нафар  террористони  ДИ  кушта  ва  чор  истеҳкоми онҳо   нест  карда шуд», — изҳор  дошт фармондеҳи  пулиси  федералӣ  Раёд  Шокир Ҷавдат.
Ба  гуфтаи  мавсуф,  низомиён қӯрхонаеро, ки  ифротиён лавозимоти  ҳарбиро  дар  он  нигоҳ  медоштанд, ба  даст оварданд.
Ёдовар  мешавем, ки  ҳафтаи гузашта низомиёни  Ироқ  дар  шаҳри  Анбар  ба   мавқеъҳои  силоҳбадастон  ҳамла оварданд. Самтҳои  асосии  зарбаҳо  шаҳрҳои  Рамади  ва Ал – Фаллуҷа қарор  доштанд.

Июль 21, 2015 05:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид