Дар Хуҷанд 5 донишҷӯи нашъаманд дастгир шуд
Хуҷанд, 14.07.15. (АМИТ «Ховар», Абдулаҳад Шарифзода). – Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд тайи нимсолаи якуми соли 2015 – ум 28 ҷинояткории марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд.
Дар давраи зикршуда 44 нафар, аз ҷумла 4 нафари қаблан маҳкумшуда ва 1 шаҳрванди хориҷӣ барои содир намудани ҷинояткориҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Дар ҳамин давра мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори вилоят 134 ҳодисаи нашъаҷаллобиро ошкор намуда, 305 килограмму 964 грамм маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Кормандони агентӣ дар ҳошияи амалиёти «Кӯкнор» 12 ҳодисаи марбут ба парвариши растаниҳои нашъадорро ошкор намуда, 164 ҳазору 981 буттаи бангдонаро бо усули оташзанӣ нест карданд.
Дар давраи ҳисобот дар ҳудуди вилоят як шаҳрванди Афғонистон дастгир шуда, аз ӯ 11 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид. Ғайр аз ин 5 нафар донишҷӯёни ду донишкадаи олии Хуҷанд бо гумонбари истеъмоли доимии маводи мухаддир дастгир шуданд.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






