Дар музофоти Бадахшони Афғонистон 13 ҷангии «Толибон» кушта шуд
Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи якшанбе дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймоҳои афғонӣ дар ҳудуди шимолу шарқии музофоти Бадахшон зиёда аз 13 ҷангии «Толибон» маҳв карда шуд.
Амалиёти тозакунӣ бегоҳ дар минтақаи Вардуҷ баргузор гашт, ки ин минтақа вақтҳои охир майдони фаъоли бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни ошӯбгарон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ гардидааст.
Бино ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бомбапартоӣ на танҳо ба кам кардани теъдоди ошӯбгарон, балки ба нест кардани анбори калони нигаҳдории аслиҳаи зеризаминӣ ва лавозимоти ҷангӣ низ имкон дод.
Тибқи иттилои оҷонсии Пажвок, бино ба гузориши полис чанде пештар аз амалиёти тозакунӣ ҷангиёни «Толибон» ба маҳаллаи аҳолинишин аз мушак оташ кушоданд, ки дар натиҷа ду кӯдак ҳалок гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






