Дар Уфа ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 10.07.2015. /АМИТ «Ховар»/. – Президентҳои Русия Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҷаласаи муштараки Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Тавре, ки ёрдамчии президенти ФР Юрий Ушаков ба журналистон хабар дод, дар ҳайати васеи Шӯро роҳбарони 5 кишвари нозир (Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон), иштирок менамоянд.
Ғайр аз ин ба ҷаласа намояндагони созмонҳои байналмилалӣ – СММ, ИДМ, СААД, МҲТБО ва АДОҶШ, ҳамчунин роҳбарони Шӯрои ҳамкорӣ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ даъват шудаанд.
Аз моҳи сентябри соли 2014 Русия дар СҲШ раисӣ мекунад, ки ташаккули муносибатҳои умумӣ ба проблемаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ авлавиятҳои асосии раёсати он гардиданд. Ғайр аз ин, сарони давлатҳо зарурати густариши равобити фарҳангӣ, вусъат бахшидани табодули ҷавонон ва сайёҳиро низ муҳокима менамоянд. Сухан дар бораи рушди Донишгоҳи шабакавӣ меравад.
Президентҳо тартиби қабули Ҳиндустону Покистон, ки дар натиҷаи ин Созмон метавонад мақоми ғайрирасмию алтернативии иттиҳодияи кишварҳои «ҳаштгонаи бузург» — ро пайдо намояд, мувофиқа мекунанд. Ғайр аз ин, аз Эрон дархости расмӣ дар бораи узвият ба Созмон расидааст. Бархе кишварҳо (Озарбойҷон, Арманистон, Бангладеш, Белоруссия, Шри – Ланка, Сурия, Украина, Ҷумҳурии Малдив, Камбоҷа, Миср) низ хоҳиш намудаанд, ки ба онҳо мақоми нозир ё шарики СҲШ дода шавад.
Ба гуфтаи Дмитрий Мезентсев, Стратегияи рушд то соли 2025, ки аз рӯи натиҷаи ҳамоиш бояд тасдиқ шавад, ҳуҷҷати асосии ҳамоиши СҲШ мегардад. Ҳуҷчат ба масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва вокуниши фаврӣ ба ситеза ва хавфу хатарҳо дар ҳошияи муколамаи иқтисодӣ ба рушди нақлиёт ва инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, молия, таҳсилот, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инноватсияҳо ва экология дахл мекунад.
Ҳамчунин Қатъномаи хотимавии Уфа ба имзо расонида, дар он муносибатҳои якҷояи давлатҳои аъзо ба рушди минбаъдаи СҲШ, проблемаҳои асосии байналмилалию минтақавӣ, ҳамчунин изҳороти сарони давлатҳо ба муносибати солгарди Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва муқовимат ба проблемаи хавфу хатари маводи мухаддир зикр дода мешавад. Президентҳо Созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароию ҷудоихоҳӣ барои давраи сесолаи навбатӣ (солҳои 2016 – 2018) – ро имзо мекунанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






