«Дарёфти хонандагони лаёқатманд»
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Бо мақсади дарёфти хонандагони лаёқатманд, ҷалби ҳарчи бештар ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва роҳбарии истеҳсолот ҳамасола қабули духтарону ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Чун солҳои қаблӣ имсол низ қабули довталабон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тариқи суҳбат баргузор гардид ва теъдоди муайяни ҷавонону духтарон шомили муассисаҳои таълимӣ гаштанд.
Пас аз анҷоми қабул дар матбуоти даврӣ баланд гардидани сару садоҳо, арзу шикоятҳо дар атрофи натиҷаҳои қабул, тарзи баргузории он ва дигар масъалаҳои марбут ба он ба ҳукми анъана даромадааст. Махсусан, натиҷаи қабул ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ташвиши зиёдеро ба сари хешу табор ва пайвандони довталаб ба бор меоварад. Имсол низ истисно нест.
Ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе расонаҳои ғайридавлатӣ аризаи шикоятӣ аз модари Каримова Мадина -довталаби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ворид гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини қабул ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба бизнес намудани квотаи Президентӣ айбор менамояд.
Бо дарки масъулият таъкид менамоем, ки на Вазорати маориф ва илм ва на кормандони масъули он квотаи Президентиро ба бизнес табдил надодааст. Қабул ба муассисаҳои таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷума дар ноҳияи Мўъминобод низ ба таври шаффоф ва дар ҳузури падару модар ё намояндаи довталаб баргузор гардид.
Тибқи талаботи банди 18 “Қоидаҳои қабули донишҷўён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №137) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муминобод аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 5 нафар довталаб (Хуҷамуродзода Фароғат, Маҳтовбии Маҳмуд, Каримова Мадина, Азимзода Файзия Карим ва Хушнавози Суҳроб)-ро барои ноил шудан ба як ҷойи ҷудогардида ба ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино пешниҳод намуд. Дар вақти баргузории суҳбат, рўзи 10 июни соли 2015, бо ҳамроҳии довталабон волидайни ҳар як довталаб ҳузур дошт. Саволномаҳои таҳиянамудаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар ҳузури волидайну довталабон аз тарафи яке аз волидайн интихоб карда шуд. Дар лифофаи интихобгардида 10 саволи якхела мавҷуд буд, ки ба ҳар як довталаб пешниҳод гардид. Барои омода намудани ҷавоб ба довталабон 30 дақиқа вақт ҷудо карда шуд. Баъди санҷиши омўзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино довталабон соҳиби чунин холҳо гардиданд: Хуҷамуродзода Фароғат 7,5 хол, Маҳтовбии Маҳмуд 5,5 хол, Каримова Мадина 10 хол, Азимзода Файзия Карим 11 хол ва Хушнавози Суҳроб 10 хол.) Комиссия Азимзода Файзия Каримро, ки дар вақти суҳбат дониши хубтар нишон додааст дар аснои суҳбат 11 хол ба даст овардааст), барои қабул ба сифати донишҷўи мактаби олии марбута пешниҳод намуд.
Волидайни Каримова Мадина барои муайян намудани ҷавоби як савол (саволи 6 “Мендел бо ёрии кадом усул қонунҳои меросгузории аломатҳоро кашф кард”) аппелятсия дода дархост намуд, ки дурустии ҷавоби духтарашро, ки “дурагакунӣ” буд, санҷиш намоянд. Омўзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино Ф. Олимов ва Ҷ. Ҷононов таъкид намуданд, ки ҷавоби дуруст “гибридологӣ” аст. Бинобар ин ҷавоби Каримова Мадина ба инобат гирифта нашуд ва ғолибият ба Азимзода Файзия Карим, ки нисбат ба дигарон холҳои бештарро (11 хол) соҳиб гардида буд, дода шуд.
Бояд тазакур дод, ки вожаи гибридизатсия нисбат ба дурагакунонӣ ё ҷуфтикунонӣ васеътар аст. Аз нигоҳи таърихи биология бори аввал усули гибридологиро (яъне ба даст овардани гибридҳоро) Г. Мендел истифода кардааст. Усули истифодакардаи ўро усули гибридологӣ ном мебаранд.
Дар асоси гуфтаҳои боло омўзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ба ҷавоби довталаб Каримова Мадина (дурагакунӣ) 1 хол доданд.
Баъдан, волидайни Каримова Мадина ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дархост карданд, ки барои ҳар ду довталаб суҳбати такрорӣ ташкил карда шавад. Масъалаи мазкур бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, довталаби ғолиб Азимзода Файзия Карим аз ноҳияи Муъминобод бо ҳамроҳии омўзгораш И. Азимов рўзи 23 июни соли 2015 барои баргузор намудани озмуни такрорӣ ба шаҳри Душанбе даъват карда шуд.
Рўзи 23 июни соли 2015 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Б.Одинаев, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод И.Разоқова волидайни довталаб Каримова Мадина (модараш О.Латипова, амакаш Каримов) ва омўзгори довталаб Азимзода Файзия Карим И. Азимов суҳбати такрорӣ баргузор гардид.
Бо назардошти холҳои баробарро соҳиб гардидани ҳар ду довталаб барои баргузор намудани суҳбати такрорӣ бо розигии ҳар ду тарафҳо (довталабон ва волидайни онҳо) протокол таҳия карда шуд. Барои баргузории суҳбат зиёда аз 20 лифофа, ки бо муҳр ва имзои роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, ба довталабон пешниҳод гардид. Бо розигии довталабон шаҳрванд Каримов, ки худро амаки довталаб Каримова Мадина муаррифӣ мекард, аз миёни зиёда аз 20 лифофа якеашро интихоб намуд.
Дар лифофаи интихобгардида (ҳамагӣ 10 савол 3 савол аз фанни химия, 3 савол аз фанни биология, 1 савол аз фанни физика, 1 савол аз фанни математика, 1 савол аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва 1 савол аз фанни забони тоҷикӣ) мавҷуд буд.
Ба ҳар ду довталаб барои ҳалли саволҳо 1 соат вақт ҷудо карда шуд. Натиҷаи санҷиш аз тарафи омўзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино маълум намуд, ки довталаб Каримова Мадина аз 10 савол танҳо ба 2 савол (1 савол аз фанни химия ва 1 савол аз фанни биология) ҷавоби дуруст навишта, соҳиби ҳамагӣ 5 хол ва довталаб Азимзода Рамзия Карим ба 5 савол (3 савол аз фанни химия, 1 савол аз фанни биология ва 1 савол аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ) ҷавоби дуруст навишта, соҳиби 11 хол гардид. Дар суҳбати такрорӣ низ довталаби (Азимзода Рамзия Карим) дар суҳбати якум, ки рўзи 10 июни соли 2015 дар толори мактаби Президентӣ барои кўдакони лаёқатманд дар шаҳри Кўлоб баргузор гардида ғолиб омада буд, боз ғолиб омад ва соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино гардид.
Бо итминон гуфта метавонем, ки ин суҳбат ба тариқи озод ва шаффоф ва бо иштироки падару модари довталабон ё намояндагони онҳо тибқи муқаррароти муайяншуда баргузор гардид ва ғолиб воқеъбинона муайян карда шуд.