«Эҳтиёҷоти занони муҳоҷирони меҳнатӣ»-конфронс

Июль 30, 2015 11:18

   Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Эҳтиёҷоти занони муҳоҷирони меҳнатӣ»- таҳти чунин унвон  дар ноҳияи Бохтар дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» аз рўи барномаи «Рушд тавассути ҳамкории минтақавӣ» конфронс  баргузор гардид. Конфронс   бо дастгирии молиявии оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (USAID/CAR) гузаронида шуд.
  Дар он масъулини Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ иштирок доштанд. 
   Муовини  раиси ноҳияи Бохтар С. Сафарова зикр кард, ки муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон имрўз аз мушкилоти асосӣ маҳсуб шуда,  ҷамъомади имрўза метавонад то андозае дар ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти занони муҳоҷири меҳнатӣ таъсири мусбат расонад.  
     Дар конфронс масъалаҳои таъсири иҷтимоии муҳоҷирати меҳнатӣ ба занони муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳбуди сифати зиндагии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Бохтар, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва  донишу ҷаҳонбинии занон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
   

Июль 30, 2015 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид