Эълони Хадамоти гумрук барои қабул намудан ба хизмат
Э Ъ Л О Н
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумрук ба вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
шўъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит
— нозир;
дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки «Майдони ҳавоӣ»:
— нозир-гинеколог;
дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол»:
— нозири калон;
дидбонгоҳи гумрукии «Айнӣ»:
— нозири гурўҳи пардохтҳои гумрукӣ;
дидбонгоҳи гумрукии «Роғун»:
— нозири калон.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӣ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
шўъбаи ташкили назорати гумрукӣ:
нозири калон;
шўъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳукуқвайронкуниҳои гумрукӣ:
— нозир;
шўъбаи таҳлил ва омори гумрукӣ:
— нозири калон;
шўъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:
— нозир – 2 воҳид;
шўъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит
— нозир;
шўъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ:
— нозири калон;
шўъбаи молиявию хоҷагӣ:
— нозири калон;
дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод»:
— нозири калон – 5 воҳид;
дидбонгоҳи гумрукии «Заводи алюминии Тоҷикистон»:
— нозир-кинолог.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӣ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
шўъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукӣ дар «Майдони ҳавои»-и шаҳри Кулоби гумруки Кулоб:
— нозири калон;
дидбонгоҳи гумрукии «Ҳошади»-и гумруки Шаҳритуз:
— нозири калон.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӣ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Котибот:
— нозир;
шўъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳукуқвайронкуниҳои гумрукӣ:
— нозир;
гурўҳи зудамали шўъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳукуқвайронкуниҳои гумрукӣ:
— нозир – 2 воҳид;
шўъбаи ташкили назорати гумрукӣ:
— нозир;
шўъбаи таҳлил ва омор:
— нозир;
шўъбаи молиявию хоҷагӣ:
— нозир;
шўъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:
— нозир;
гумрук дар нақлиёти роҳи оҳани «Ғафуров»:
— нозири калони дидбонгоҳи гумрукии роҳи оҳани «Конибодом»;
гумруки Спитамен:
— нозири калони дидбонгоҳи гумрукии «Ҳаштяк»;
гумруки «Конибодом»:
— нозири дидбонгоҳи гумрукии «Патар»;
— нозири калони дидбонгоҳи гумрукии «Патар»;
— нозири калони дидбонгоҳи гумрукии «Равот»;
дидбонгоҳи гумрукии «Навбунёд»-и гумруки Ашт:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии «Саразм»-и гумруки Панҷакет:
— нозир;
— нозири калон.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӣ ДАР ВМКБ:
шўъбаи молиявию хоҷагӣ:
— нозир-хазиначӣ;
шўъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:
— нозир;
— нозири калон;
дидбонгоҳи гумрукии «Дарвоз»:
— нозир;
бахши таҳлил ва омори гумрукӣ:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и ХоруҒ:
— нозир.
1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони вазифаҳои номбурда ва пардохти музди меҳнат:
— синну сол аз 20 то 35;
— маълумоти олӣ аз рўи ихтисосҳои ҳуқуқшинос, фаъолияти умури гумрукӣ ва иқтисодӣ;
— донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
— қобилияти кор бо технологияи иттилоотии замонавӣ.
Маоши вазифавӣ аз 471 сомонӣ то 517 сомонӣ.
Барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ дода мешавад.
Мутобиқи банди 10 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук таҳти № 72-ф аз 06 апрели соли 2007 с. «Оид ба тасдик намудани Низомнома дар бораи талаботи тахассусӣ нисбати кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои нозирони калон – мавҷудияти маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ аз руӣ ихтисос на камтар аз 1 сол муқаррар карда шудааст.
2. Довталабон бояд дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, инчунин вазъи саломатии хуб, аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта бароянд.
3. Довталабон оид ба Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук, метавонанд аз сомонаи (Веб-сайт) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.customs.tj маълумот дастрас намоянд.
4. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
— ариза ба номи Роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;
— тарҷумаи ҳол ва пурсишнома (анкета);
— сурати 3х4 (2-дона) ва 9х12 (2-дона);
— нусхаи шиноснома (паспорт);
— ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои довталабони собиқаи коридошта);
— тавсифнома аз ҷои кори охирин (омӯзиш);
— тақриз (отзыв);
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
5. Ҳуҳҳатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои махсуси Хадамоти гумрук дар мӯҳлати то 14 рўз баъди чопи эълон қабул карда мешаванд.
СуроҒа: шаҳри Душанбе кўчаи Бухоро — 50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумчхурии Тоҷикистон
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 ва 221-16-92 (иловагӣ 202, 203).