«Эмомалӣ Раҳмон ва андешаҳои динӣ ва миллии вай»

Июль 15, 2015 13:26

Мусоҳибаи собиқ раиси Академияи улуми Афғонистон А. Рошид таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва андешаҳои динӣ ва миллии вай».

Душанбе, 15.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ахиран доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллӣ ғарази дидори расмӣ ба Тоҷикистон рафта ва мулоқотҳое бо оқои Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури он кишвар дошт. Оқои Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон аст, ки рӯйи масоили динӣ ва мазҳабӣ меандешад ва аз ин мтафаккири шарқ китобҳое ба нашр расидааст. Дар мавриди шахсияти фарҳангии оқои Раҳмон мусоҳибае намудам бо профессор Абдулборӣ Рошид, раиси собиқи Академияи улуми Афғонистон, ки зайлан тақдим аст:

Оқои Рашид Шумо ба ҳайси як шахсияти илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва динии Афғонистон, ки ба кишварҳои ҳамсоя, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар (20) соли гузашта сафарҳои илмӣ, фарҳангӣ доштаед ва бо бузургони динӣ, сиёсӣ, илмии водори Тоҷикистон дидорҳое намудаед, шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро чӣ гуна ёфтед?

 -Оре, дар тӯли солҳои ҳиҷрат ва муқовимат, махсусан баъд аз рӯйи саҳна кашидани толибон дар Афғонистон (аз соли 1375 ба баъд) чандин бор сафарҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ба Тоҷикистон намудаам, аз ҷумла дар семинарҳои байналмилалии Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхии Румӣ, Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа (РҲ) ва семинари илмӣ-таҳқиқии устоди сухан Халилуллоҳ Халилии марҳум ва ҳамчунон ба ҳайси узвияти Раёсати Давлати Исломии Афғонистон зимни як- ду сафар бо шаҳид профессор Бурҳониддин Раббонӣ Раиси ҷумҳури Тоҷикистонро аз наздик дидам, эшонро марде ёфтам ошиқи Тоҷикистон, хидматгори мардуми тоҷик ва дӯсти миллати Афғонистон. Инсони бовиқор, қотеъ, ҷиддӣ, бедор ва ҳақшинос, шахси демократ, аммо побанди эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ, миллӣ, динӣ ва мазҳабии кишварашон.
— Ба таври мушаххас аз кадом хадамоти динию фарҳангии оқои Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои раҳбариашон метавонед ном бибаред?
 -Эшон бузургтарин семинарҳои миллӣ ва байналмилалиро бо иртиботи шахсиятҳои исломӣ ва мазҳабии кишвар, минтақа ва ҷаҳон чун Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ, Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа (РҲ), Мавлоно Муҳаммад Ёқуби Чархӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва устоди марҳум Халилуллоҳ Халилиро амри тадвир бахшида ва худ  ба ҳайси мизбони бархе аз ин семинарҳо иштирок намуда ва саҳми бориз гирифтаанд. Яқинан, ҳамчу тамоюл ба эҳёи таърих ва фарҳангу осори мафохири (ифтихороти) исломӣ баёнгари гироиши динӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии эшон аст. Ҳамчунон оқои Раҳмон бунёдгузори масҷиди бузург ва ҷомеъ дар пойтахти Тоҷикистон (Душанбе) дар соли 2007-2009 буд, ки Ҳазрат Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ ва бархи дигар аз риҷоли динӣ, сиёсии Афғонистон ва соири кишварҳои исломӣ дар маҳфили таҳдобгузории он низ ҳузур доштанд, ки дар таърихи як қарни охири Тоҷикистон комилан бесобиқа аст.
 Ҳамчунин судури дастур ба чопу нашри Қуръони Карим бо адади нашри садҳо ҳазор ва тавзеҳи (тақсими) ройгони он барои мардуми мусалмони Тоҷикистон аз хадамоти бузург ва беназири Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ростои хадамотӣ, динӣ, мазҳабӣ ва миллии эшон ба ҳисоб меояд.

-Агар ба таври вижа тағйири истисноиро дар таваҷҷуҳи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо иртиботи истиқлолияти фикрии эшон ёд кунед, хуб хоҳад буд?

-Ба назари ман тағйири номи хонаводагии собиқаашон (Эмомалӣ Раҳмонов) аз сабки русӣ ба шакли миллии мардуми Тоҷикистон аст, ки то кунун ҳеҷ ҳамтои сиёсии эшон дар Осиёи Миёна ба ҳамчунин иқдоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ба таври возеҳ ва ошкор мубодират наварзидааст. Ин як иқдоми муҳим ва мушкилофарин дар масоили ҳувияти атбои Иттиҳоди Ҷумоҳири Шуравии собиқ пиндошта мешавад, чун тамоми асноди эҳсоҳиявӣ, таҳсилӣ, молӣ, адлӣ, қозӣ, идорӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ба гунаи собиқ аст, аммо Эмомалӣ Раҳмон бидуни таваҷҷуҳ ба ин ҳама мушкилот, огоҳона хостааст то бо ҳафз (хориҷсозии) аз номи хонаводагишон инқилобиро дар фарҳанги тағйири номи хонаводагӣ гузаронад ва ба шаҳрвандони худ биомӯзад то дар ҳамчу марворид бо ҷуръати том иқдом намоянд.

-Оқои Рошид, ба назари Шумо огоҳии илмӣ-фарҳангии Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон дар чӣ сатҳе аст?

-Сатҳи огоҳии илмӣ, фарҳангӣ ва неруи нависандагии оқои Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хоси эшонро ба ҳамчунин масоил метавон аз осори чопшудаи эшон беҳтар донист: ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон то кунун чандин асаре навишта ва ба дасти табъу нашр супурдаанд, ки муҳимтарини онҳо қарори зайл аст:
«Зиндагии Имоми Аъзам», «Нигоҳи таърихӣ ба тамаддуни ориёӣ», «Тоҷикон дар масири таърих». Ва мақолоти муттаадиди (бисёри) дигар низ навиштааст, ки оқои Соҳибназар Муродӣ, шахсияти илмии Афғонистон чаҳор мақолаи Раҳмонро ба дарӣ баргардон ва таҳти як рисола ба нашр расонидааст.
Осори ёдшуда ба  таври возеҳ гӯёи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсияти огоҳи сиёсӣ, донишманди бофарҳанг ва қаламбадасти академикӣ аст».

«Ҳайдарӣ» — рӯзноманигор.

Июль 15, 2015 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад