Файзобод: 22 нафар соҳиби квотаи президентӣ гардид

Июль 2, 2015 05:45

Файзобод, 02.07. 2015. (АМИТ “Ховар”, Субҳониддини Маҳмуд).- Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ  22 нафар  беҳтарин шогирдони мактабҳои ноҳияи Фойзобод соҳиби имтиёз барои гирифтани квотаи президентӣ шуданд.  Ба озмун зиёда аз 150 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида буд. Тавре  ки ба хабарнигори АМИТ » Ховар »  мудири маорифи ноҳияи Файзобод Файзулло Наҷмиддинов иттилоъ дод, дар зарфи 18 соли қаблӣ аз ноҳия беш аз 297 нафар  хонандагон ба мактабҳои олӣ  роҳхат гирифтанд, ки аксарашон донишгоҳҳоро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд. Ҳоло 95 нафар ҷавони ноҳия  дар мактабҳои олӣ таҳсил доранд. Ташаббуси Сарвари давлат  бобати тарбияи кадрҳои соҳибмаълумот  аз ҳисоби ҷавонони навоҳии дурдаст  самараи неки Ваҳдати миллист.

Июль 2, 2015 05:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад