Файзобод: ифтитоҳи хобгоҳи кӯдакона дар “Дурахшон”

Июль 15, 2015 06:41

Файзобод, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар истироҳатгоҳи  тобистонаи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод бинои  нави  хобгоҳ барои  40 нафар ба истифода  дода шуд. Мувофиқи иттилои муовини директори  истироҳатгоҳи «Дурахшон »  Абдухолиқ Насриддинов   ҳоло дар басти дуюм  121 кӯдак  дар ин истироҳатгоҳ  ба таълиму тарбия  ва истироҳату фароғат фаро гирифта шудааст. Боиси хурсандист, ки дар басти дуюм  10 нафар фарзандони Бадахшон ва  кӯдакони Хатлонзамин бо кӯдакони файзободӣ  дар истироҳатгоҳи «Дурахшон » ба истироҳати бофароғат машғуланд. 
Ба андешаи  мураббияи калони   истироҳатгоҳ  Мунира Назарова ташкили истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ  ва дар  як  истироҳатгоҳ ҷамъ  гардидани кӯдакони тамоми маҳалҳои ҷумҳурӣ барои дар оянда муттаҳид гардидани тамоми  ҷавонони ватанамон замина мегузорад.  

 

Июль 15, 2015 06:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд