Фирори саркардагони хориҷии ДИИШ дар Фалуҷа
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Бино бар гузоришҳо як мақоми ироқӣ дар вилояти Анбор зимни ишора ба фирори саркардагони хориҷии ДИИШ дар Фалуҷа гуфт: саркардагони маҳаллии ДИИШ низ аз неруҳои амниятӣ талаби бахшиш кардаанд. Ба гузориши хабаргузории Ас-Сумирия Нюс, Фолеҳ-Ал- Исовӣ, ноиби раиси шӯрои вилояти Анбор дар як конфронси матбуотӣ бо баёни ин матлаб иброз намуд, ки тамоми роҳҳои тадорукотии террористҳо дар шаҳри Фалуҷа ба таври комил қатъ шуда, неруҳои амниятии Ироқ тавонистаанд ин шаҳрро аз дигар минтақаҳои вилоят ҷудо кунанд. Исовӣ ҳадафи ин амалиётро озодсозии тамоми вилояти Анбор унвон карда афзуд, ки пас аз шурӯъ ва идомаи амалиёти озодсозии Фалуҷа, амалиёти озодсозии шарқи Рамодӣ низ дар соатҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






