Генерал Назарзода: эътиқод ба “боварӣ” меафзояд

Июль 15, 2015 12:48

Хуҷанд, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз моҳи маи соли 2012 дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар Суғд  “телефони боварӣ” амал мекунад, ки сол аз сол шумораи муроҷиаткунандагон аз тариқи ин алоқа меафзояд. 
Тавре ки сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назарзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, эътиқоду бовари мардум ба телефони “боварӣ” сол аз сол афзуда, танҳо дар тӯли нимсолаи аввали соли равон  тавассути он 346 шаҳрванд муроҷиат намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта — 117 адад зиёд мебошад. 
Дар ин муддат ба мақомоти мазкур  9 710 аризаю шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда, 8 655 адади онҳо дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонун баррасӣ, 329 аризаю муроҷиат аз рӯи тобеъият ба мақомоти дахлдор ирсол ва 726 арзу дархост мавриди чораҷўӣ қарор доранд.  
Ба гуфти генерал Ш.Назарзода аксаран  муроҷиати шаҳрвандон гуногунмазмун буда, дар баробари тақозои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳуқуқии рӯзгорашон, онҳо инчунин аз фаъолияти ғайриқаноатбахши баъзе кормандони милитсия низ шикоят намуданд, ки ҳамаи он тафтиш ва санҷида мешавад.

Июль 15, 2015 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд