Х. Абдураҳимов: 4-5 нафар ҳамасола ба мактабҳои олии Беларус ба таҳсил фиристода мешавад

Июль 16, 2015 09:18

Душанбе,16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Маҳинаи Собир).- Имрӯз  дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо хабарнигорон  нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишастро  раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  Хайриддин Абдураҳимов оғоз карда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумита  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сухан кард.
Дар мавриди ҳамкории кумита бо кишварҳои хориҷӣ  раиси кумита зикр намуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо кишварҳои пешрафта кӯшиш менамояд  ҳамкориро дар сатҳи хуб ба роҳ монад. Имрӯз ин ниҳод бо Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҳамкории зич дорад.
Тибқи иттилои Х. Абдураҳимов дар доираи ин ҳамкорӣ ҳар сол 4-5 нафар ба мактабҳои олии Беларус барои таҳсил фиристода мешавад. Аз соли 2014 инҷониб кумита дар маркази таълимӣ курсҳои кӯтоҳмуддати 40 рӯзаро ташкил намудааст, ки кормандони нав ба кор қабулгашта аз ин курсҳо мегузаранд. Дар оянда дар назар аст ин курсҳои кӯтоҳмуддат ба давраҳои 4- 5 моҳа табдил дода шаванд.

 

 

Июль 16, 2015 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд