Холид Вассиф : «Мисрро дар қалби Осиёи Миёна дидам»
Душанбе, 13.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Холид Вассиф, роҳбари ҳайати Миср дар Конфронси байналмилалии об дар Душанбе мақолае бо унвони «Миср дар қалби Осиёи Миёна» ба табъ расонидааст, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
Об барои ҳаёт»- чунин буд унвони конфронси байналмилалие, ки ҳафтаи гузашта дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе доир гардид ва ман ба ҳайси намояндаи Миср дар он чорабинӣ ширкат доштам. Дар конфронс беш аз 700 коршиноси соҳаи об ва шумораи зиёди роҳбарони вазоратҳо ва вазирон аз саросари ҷаҳон ширкат варзида, дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун суханронӣ карданд. Конфронс се рӯз давом карда, арзёбии андозаи дастовардҳо дар татбиқи ҳадафҳои гузошташудаи марбут ба об, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҳошияи ҳадафҳои ҳазорсолаи нав эълон дошт, баррасӣ гардид.
Иштирокчиён пешрафти назаррасро дар соҳаи идораи захираҳои об иқрор намуда, дар баробари он аҳамият ва зарурати таҳияи нақшаи ба даст овардани худтаъминкунии обро таъкид намуда, аз ҷавобгӯ набудани сатҳи хизматрасонии бахшҳои корезӣ ва ҳамчунин мушкилиҳои обёрӣ дар деҳот ва шаҳрҳо изҳори нигаронӣ карданд.
Дар анҷуман аз уҳдадориҳои ҳозирин барои ҳамкорӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар таъмини оби тозаи ошомиданӣ ёдоварӣ гашта, аҳамияти сармоягузорӣ ва идораи буҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ, ки баъзе кишварҳо бо он рӯ ба рӯ мешаванд, таъкид шуд.
Дар ҳошияи нишастҳои ин чорабинӣ Мисрро ман намояндагӣ мекардам…Сафири Ироқ дастамро фишурда гуфт: ман дар намозҳоям барои Миср дуогӯ ҳастам. Ноиби вазири обёрии Ироқ аз аҳволи мактаби Замолик, ки дар солҳои шастум онро хатм карда буд, пурсон шуд. Вазири обёрии Фаластин иброз дошт, ки Миср ватани дуюми ман аст ва бидуни Миср қазияи Фаластин ҳалнопазир мемонад. Вазири кишоварзии Алҷазоир табассумкунон наздам омада, латифаву ҳазлҳои мисриро аз ман мунтазир буд. Яке аз кормандони амнияти тоҷик дастамро бо самимият фишурд. Ӯ соли сипаришуда дар Академияи полиси Миср омӯзиши ҳарбӣ гирифта, се маротиба дар давоми ду моҳ аз аҳроми Миср дидан кардааст. Бисёр хотироти зебое аз Миср дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Он кишвари хурдест, ки аҳолияш на беш аз 8 миллионро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон табиати ҷолиб ва зебо дошта, дорои захираҳои обии бузург мебошад. Аз қуллаҳои баланди кӯҳ зиёда аз 600 дарё ҷорӣ гашта, имкониятҳои бузурги тавлиди қувваи барқро муяссар мегардонанд, ки ин имконияти фурӯхтани онро ба кишварҳои ҳамсоя фароҳам овардааст. Тоҷикистон паc аз даврони коммунистӣ то имрӯз дар марҳилаи рушду барқароршавӣ мебошад.
Бо вуҷуди он ки Сафорати Миср дар Тоҷикистон то ҳол кушода нашудааст ва хатсайри мустақими ҳавопаймо байни ду кишвар то ҳол нест, ман муҳаббати хеле самимиеро аз мардуми тоҷик эҳсос намудам.
Ошхонае бо номи Шармушшайх, ки хӯрокҳои мисриро пешкаш мекард ва масъули дипломате, ки бо номи Иброҳим Раҳмон дар ин чорабинӣ маро ҳамроҳӣ мекард, чунин баён дошт: Худованд дуои шайхи Азҳар марҳум Саид Тантовиро бароям қабул кард. Соли 2009 Ҷумҳурии Тоҷикистон 1100 солагии Имом Абу Ҳанифаро таҷлил кард. Аз ҳама гӯшаву канори олам донишмандон ба ин чорабинӣ ташриф оварданд ва аз зумраи онҳо Шайхи Азҳар марҳум Саид Тантовӣ ҳам буд.
Барои хизматрасонӣ ба меҳмонҳо ҷавононро сафарбар карданд ва дар насиби Иброҳим хизмат ба Шайхи Азҳар буд. Пеш аз бозгашти Шайхи Азҳар Иброҳим аз ӯ хоҳиши дуо намуд, то дар зиндагӣ муваффақ бошад. Аз сафари меҳмонҳо замоне нагузашта, Иброҳим дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба кор шурӯъ намуд. Баъд аз муддати кӯтоҳе Иброҳимро ба муҳлати чор сол барои кор ба Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон фиристоданд.
Дар осорхонаи миллӣ бо ҷавоне бо номи Асадулло рӯ ба рӯ гаштам. Асадулло ба гирифтани дипломи бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳи Қоҳира ноил гаштааст. Ӯ бо лаҳҷаи мисрӣ хеле хуб суҳбат мекунад. Аз ман дар бораи Тоҷикистон пурсон шуд: гуфтам хеле зебост. Гуфт: Миср зеботар аст. Тамоми гӯшаҳои осорхонаро бо ман гашта, дар дафтари сабти зиёратҳо сухане чанд навиштам.
Дар осорхона аввалин Қуръони дастнавис, нусхаи китоби Имом Бухорӣ ва нусхае аз Фиқҳи акбар-и Имом Абу Ҳанифаро дидам. Асадуллоро барои ташриф ба Миср даъват намудам. Дар посух чунин гуфт: Ҳатман меоям. Шумо мегӯед, ки ҳар ки аз оби Нил нӯшад, ҳатман ба он бозмегардад, аз ин рӯ ҳатман ба зиёрати Миср меравам. Ин Миср аст, ки бо нармии худ ба дуртарин гӯшаҳои дунё партав афшонда, аз ҳудуди ҷуғрофии танги худ мебарояд. Ман Мисрро бо худ дар қалби Осиёи Миёна дидам».