Ифтитоҳи пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ бо иштироки Президент

Июль 28, 2015 03:25

Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.
Боздиди кории Сарвари давлат дар ин вилоят аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.
Дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сокинон ва фаъолони ноҳия бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ин мавзеъ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ифтитоҳ ёфт. Бунёди пули мошингузар идомаи мантиқии сиёсати созандагии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат мебошад, ки дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст.       
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти пули мошингузар асос гузошт.
Тибқи лоиҳа, купрук иқтидори борбардории 100 тоннаро дошта, дарозии он 146 метр мебошад. Паҳноии купрук 10 метру 50 сантиметр ва қисми мошингузар 8 метру 50 сантиметр аст.
Пули мазкур аз тарафи “Корпоратсияи Хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо” дар асоси шартнома бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 4 миллиону 306 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2015-ум ба анҷом расид.   
Барои сохтмони пули номбаршуда дар маҷмуъ 27 миллион сомонӣ сарф шудааст. 
Зимни шиносоӣ дар назди пули нави мошингузар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои кушодани роҳҳои дар натиҷаи обхезӣ бандшуда дар ҳудуди ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон монеаҳоро ҳарчи зудтар бартараф карда, оид ба иҷрои корҳо гузориш диҳанд. Ҳамчунин барои тезондани таҳияи лоиҳаҳои бунёди пулҳои дигар дар ин минтақа супориш дода шуд.
Аҳамияти ин пул агар аз як ҷониб ба ҳам васл кардани ду соҳил бошад, аз тарафи дигар манфиатҳои зиёди иқтисодӣ дорад, ки барои мардуми кишвар, аз ҷумла ронандагону мусофирон хеле судманд аст.

 

Июль 28, 2015 03:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад