Интиқоли маблағ тавассути «Амонатбонк» коҳиш ёфтааст
Душанбе, 15.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар шаш моҳи соли равон тавассути «Амонатбонк» коҳиш ёфтаааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,6% кам мебошад», мегӯяд Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода -раиси Бонки давлатии амонатгузории кишвар «Амонатбонк».
Раиси Бонки давлатии амонагузории кишвар афзуд, ки дар ин давра муҳоҷирони тоҷик аз Русия тавассути «Амонатбонк» беш аз 173 миллион доллар ба ҷумҳурӣ интиқол додаанд, ҳол он ки дар соли 2014 маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия тавассути «Амонатбонк» 288 миллион долларро ташкил дода буд.
Сабабҳои асосии коҳиш ёфтани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани қурби асъори миллии ин кишвар-рубл дар баробари дигар асъори хориҷӣ рабт доранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






