Ислом-дини раҳму шафқат аст
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ин лаҳзаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» ҷараён дорад, ки дар он меҳмонони беш аз 15 кишвари хориҷӣ, намояндагони созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок доранд. Ташкилкунандаи конфронс Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Конфронсро раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конфронсро хайра мақдам гуфт. Сипас Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Бори дигар таъкид менамоям, ки терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист».
Тавре ки зимни суҳбат Афшини Муқим, сухангӯи кумитаи мазкур хабар дод, дар доираи баргузории конфронси байналмилалӣ мулоқоти раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо як зумра меҳмонони конфронс доир шуд. Аз ҷумла, 21 июл раиси кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода бо вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Файзмуҳаммад Усмон мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирии терроризму ифротгароӣ, омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самти сафарбарнамоии зоирин ба Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.
Вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори умедворӣ намуд, ки дар конфронси мазкур роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуби имрӯза-ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа ва ҷаҳон ҳалли мусбати худро меёбанд ва конфронс натиҷаҳои мусбат ба бор меорад.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






