Иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ: «ҲНИТ ҳаргиз як ҷониби сулҳ набуд!»
Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Муроҷиати беасосу ҳангомасози раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳову давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон боиси пахши изҳороти иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гардид. Дар тамоми ин муроҷиатҳо иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида муътақид бар онанд, ки ҲНИТ ҳаргиз як ҷониби сулҳ набуд, балки он танҳо яке аз ҳаракатҳои шомили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик буд. Дар ИНОТ чандин ҳизбу ҳаракатҳои дигар низ шомил буданд. Аз ин нуқтаи назар, таъкид мегардад, ки ҲНИТ ҳақ надорад аз номи ИНОТ баромад кунад.
Чанде аз муроҷиатномаҳои иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро инҷо нашр мекунем, ки хонандагон худ қазоват кунанд.
ҶАВОБ БА МУРОҶИАТНОМАИ ҲНИТ
Дар шароити имрўза сиёсисозии ислом ва экстремизми динӣ ба як хатари бузург барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳоло бисёр ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ба омўзиши заминаҳои пайдоиш ва сабабҳои таҳрик¬диҳандаи ин зуҳурот оғоз намудаанд. Табиист, ки чунин падида дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст.
Пайдоиш ва фаъолияти ҲНИТ ҳам дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ аз ҷониби коршиносон таҳқиқ нашудааст. Ба андешаи роҳбаронаш ин ҳизб солҳои 70-80 аллакай ячейкаҳои ғайриқонунӣ доштааст, ки исботи аз оғоз ниҳоди ғайриқонунӣ ва мухолиф бо сиёсати давлатӣ будани он аст. Зеро тўли бештар аз 1000 сол ислом дар минтақа бо низомҳои ба ном исломӣ, монанди ғазнавиҳо, салҷуқиҳо, темуриҳо, шайбониҳо дар ихтилоф буд, вале ҳеҷ ихтилофе бо исломи шакли сиёсию ғайрисиёсӣ дошта набуд. Аксарияти мардум сиёсати давлатро дар соҳаи дин, бахусус баъди солҳои 70-ум ба хотири таъмини сулҳу оромӣ пурра дастгирӣ мекарданд. Зеро давлат як фазои муътадилро барои дин фаро ҳам овард. Аммо пайдоиши ҳизб дар зери таъсири таълимоти аҳзоби динии хориҷӣ сурат гирифт. Идеяҳои исломи сиёсиро ба кишвари Тоҷикистон нахуст донишҷўёни афғону фаластинӣ аз тариқи ворид намудани китоб ҳои Саид Қутб, Ҳасани ал-Бано ва дигарон паҳн карданд. Дар ҳамон даврон уламои маш ҳури кишвар Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, Қозӣ Рашид, Маҳмадӣ, Домулло Ҳикматулло, Калонзода ва Муслиҳиддин куллан ба тарғиби андешаҳои исломи сиёсӣ ва ҳизбсозӣ мухолиф буданд ва ҳатто чандин баҳсҳо ҳам дар ин маврид шуда буданд. Вале барои баъзе ашхосе, ки дар доираи илмӣ нуфуз надоштанд, таъсиси ҳизб як роҳи худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ шуд. Дар ин солҳо Абдулло Нурӣ, Қиёмиддини Fозӣ, Навид, Ҳаит, Саидумар, Мавлавӣ Карим ва дигарон буданд, ки ба муқобили мавқеи уламои суннатӣ рафтанд, зеро онҳо аллакай бо роҳбарони аҳзоби динӣ дар кишварҳои дигари исломӣ робитаҳои ҳамкорӣ доштанд. Аз ҷониби дигар, суқути идеологияи шўравӣ барои тарғиби ақида ҳои исломи сиёсӣ як омили таҳрикдиҳанда гардид. Пас маълум мешавад, ки барои ташкили ҳизби динӣ дар ҷомеа ҳеҷ зарурат вуҷуд надошт, балки он як таҷрибаи нави бегонагон буд, ки ба кишвари мо аз тариқи нерўҳои зархарид роҳ ёфт.
Дар кишварҳои Осиёи Миёна тибқи таълимоти фиқҳи ҳанафӣ масъалаи таъсиси ҳизб дар ислом сарчашмаи тафриқа ва низоъ дар мазҳаб дониста мешавад. Ҳеҷ як олими ҳанафӣ ба машрўияти ташкил додани ҳизби хусусияти динӣ дошта фатво надодааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки бо ҲНИТ ҳамчун ҳизб ниҳодҳои давлатӣ не, балки рўҳонияти суннатгарои мазҳабӣ бархўрд доранд. Аслан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа ба таъсис ва фаъолияти ин ҳизб сарфи назар аз хатару ноамнӣ ва нобасомониҳои эҷодкардааш расман иҷозат дода буд.
Вале дар меҳвари таълимоти исломгароии сиёсӣ он қоидаҳои диние меистанд, ки муносибати мусулмононро бо ғайримусулмонон, инчунин муносибати байнимусулмононро дар асоси шарҳу баёни тозаи мабно ба Қуръону Суннат ифода мекарданд. Дар натиҷа дини ислом ба ифротгароию тероризми динӣ пайванде пайдо кард ва таъсиси аҳзоби динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ сарчашмаи ҷангу низоъҳои дохилӣ ва бо роҳи ғайриқонунӣ аз байн бурдани ҳокимияти давлатӣ гардид. Рафти ҳодисот собит намуд, ки ташкили аҳзоби исломӣ бо дастгирии пурраи кишварҳои манфиатҷўи хориҷӣ анҷом пазируфтааст. Рўйдодҳои сиёсии солҳои ахир нишон доданд, ки мақсади асосии задухўрду нооромиҳо дар Ховари Миёна шикастани зербинои иқтисодии кишварҳои минтақа ва ба ҷанги бардавом кашидани онҳо будааст. Хоҳ-нохоҳ ҲНИТ ҳам ҳамчун ҳизби сиёсӣ вориди муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ шудааст. Вале онҳо ба мисли ҳизбҳои дигар бо забони сиёсат гуфтугў накарда, балки бо роҳи сўиистифода аз арзишҳои динӣ ва муқаддасоти исломӣ онҳоро бо ғаразҳои сиёсии худ олуда ва бадном мекунанд. Бадбахтии исломгароии сиёсӣ дар он аст, ки дар он падидаи такфир (кофир хондан)-ро аз принсипи беруниисломӣ, яъне муносибати мусулмон ба мушрикон ва ғайримусул¬мо¬нон ба принсипи дохилиисломӣ, яъне аз ҷониби як мусулмон такфир хондани мусулмони дигар, табдил додааст. Вале вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, авлавия¬ти манфиатҳои давлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи аҳзоби сиёсӣ тақозо менамояд, ки дар кору фаъолияти худ аз мавқеи ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, ошкорбаёнӣ ва таъмини ҳамдигарфаҳмӣ рафтор кунанд.
Солҳои охир ҳамагон шоҳиди коҳиши обрўю нуфузи ҲНИТ дар тамоми бахшҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи кишвар ҳастанд, ки бешубҳа гувоҳи камбудиҳои ташкилию идорӣ ва заъфи нерўи сиёсии ин ҳизб мебошанд. Аммо роҳбарияти ҲНИТ барои рўйпўш наму¬да¬ни камбудиҳои худ иллати аслии ин падидаро на дар мушкилиҳои дохи¬лии худ, балки дар таъсири омилҳои беруна, ба хусус «фишор ва саркўбӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад. Албатта, айбро дар дигарон ҷустан ва нодида гирифтани камбудии худ як равиши маъмулии роҳбарият ва аъзои ҲНИТ мебошад. Онҳо мунтазам дар назди хоҷагони хориҷии худ ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ аз фишору таъқиб ва саркўб намудани аъзои худ аз ҷониби ҳукумати расмӣ ҷор мезананд ва муроҷиати онҳо ба Дабири кулли СММ, ҷаноби Пан Ги Мун ва роҳбарони кишварҳои узви гурўҳи тамос барои татбиқи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон як далели дигари нотавонии сиёсии онҳост. Агар нолаву ҳарзаҳои нокомии сиёсии ин ҳизби ҳангомахоҳро дар ин муроҷиат сарфи назар кунем, метавонем се нуктаи асосиро ҷудо намоем, ки гўё баёнгари «фишор ва таъқиби» ҳукумати феълии қонунии кишвар нисбат ба ҲНИТ ва аъзои он мебошанд:
1. Гўё ҷониби Ҳукумат аз дер боз бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро вайрон мекунад, вале ҲНИТ ҳамеша мардум ва ҷонибдорони худро барои ҳифзи суботу оромӣ ва сулҳу Ваҳдат ба сабр ва хештандорӣ даъват кардааст.
2. Аз тамоми сохторҳои иҷроия ва қонунгузории кишвар берун кардани намояндагони ҲНИТ ҳамчун ҷавҳари фишору таъқибҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ бар болои ҷонибдорони ҳизб дониста мешавад.
3. Чунин ба назар мерасад, ки дар кишвар танҳо таъқиб ва ба ҷавобгарии ҷиноию маъмурӣ кашонидан барои масъулин ва аъзои ҳизб вуҷуд дорад ва ин амал боиси маҷбуран даст кашидани ҳазорон нафар аз узвияти ҳизб гардид.
Биёед сари ин дурўғ ва буҳтонҳои навбатии ҲНИТ бо диди мунсифона нигарем. Роҳбарият ва аъзои ҲНИТ бояд дарк кунанд, ки воқеияти кунунӣ дигар мисли ибтидои солҳои навадуми асри гузашта нест ва намешавад бо сўистифода аз шиор ва арзишҳои олии исломӣ манфиат ва нуфузи сиёсии худро таъмин намуд, зеро ҷомеа ва шаҳрван¬дони кишвар паёмадҳои шуми ин шиорбозӣ ва даъвои бардурўғи исломиро дар таҷрибаи талхи худ дидаанд ва дигар ба доми фиреби ин «воизони минбарӣ» намеафтанд. Даъвои аз ҷониби Ҳукумат вайрон шудани бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва баръакс ҳамеша пуштибонии роҳбарият ва аъзои ҲНИТ аз амну суботи кишвар як дурўғи маҳз хаст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки чи гуна аъзои собиқ ва феълии ин ҳизб барои аз байн бурдани амну субот дар ҷомеа даст ба ҷиноят ва ҳатто амалиётҳои мусаллаҳона задад.
Дар робита ба нуқтаи дуюм бояд қайд кунем, ки сохторҳои иҷроия ва қонунгузории ҷумҳурӣ мероси падари аъзои ҲНИТ нестанд, ки бояд ҳамеша барояшон чун моли меросӣ боқӣ бимонад. Иштирок дар ҳокимияти қонунгузорӣ бо роҳи интихоботи умумӣ ва демократӣ сурат мегирад ва агар ҲНИТ дар ин муборизаи сиёсӣ мағлуб шуда бошад, пас бояд иллати нокомиро дар фаъолияти худаш ҷўяд, на дар фитнаву тавтеаҳои беруна. Сониян, дар хусуси ҳокимияти иҷроия бояд бигўем, ки барои шомил шудан ба он ҳамаи коршинос ва мутахассисони ҳирфаӣ, новобаста аз узвияти ҳизбӣ имконияти баробар доранд, вале оё метавон гуфт, ки дар байни аъзои ҲНИТ теъдоди муайяни коршиносони варзи¬да, мутахассисони риштаҳои муҳандисӣ, пизишкӣ, маориф ва ғайра вуҷуд доранд? Иллати аслӣ маҳз дар сатҳи пасти касбии аъзои ҲНИТ мебошад, ки мутахассисони зарурии ҷавобгў барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар тақрибан дар сафи онҳо вуҷуд надоранд. Аъзои ҲНИТ ба ҷуз дуову ришу салла барои ободӣ ва пешрафти кишвар чизе пешниҳод карда наметавонанд ва дар оянда нахоҳанд кард.
Масъалаи сеюм аслан боиси тааҷҷуб аст. Магар аъзои ҲНИТ даъво доранд, ки онҳо маъсуманд ва ҳеҷ гоҳ даст ба ҷиноят ва ҳуқуқвайрон¬кунӣ намезананд? Муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи меъёр ва асноди ҳуқуқии кишвар ба роҳ монда мешавад ва онҳо бояд новобаста аз ҳизбияти гумонбар ва ё ҷинояткор фаъолияти худро пеш баранд. Ба аъзои ҲНИТ касе масуният аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ надодааст, то амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳамчун таъқиб ва нақзи хуқуқи худ баҳогузорӣ кунанд.
Дар ниҳоят мехостем аз ҲНИТ хоҳиш кунем, ки бештар ба ислоҳи сохтор, фаъолият ва тарбияи ахлоқии аъзои худ таваҷҷуҳ кунанд, то иллати нокомии худро дар «бадбинии дигарон» нисбат ба худ наҷўянд. «Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон ҳаст, тағйир диҳанд» (Раъд, 13:11). Агар онҳо дўстдорони воқеии Худову пайғамбараш ҳастанд, мақсади асосиашон дарёфти комёбии охират аст ва ба дунёву арзишҳои дунявият сару коре надоранд, пас такаббуру фасод накунанд. Пас агар маҳорати пеш бурдани сиёсату корҳои дунявиро надошта бошанд, оҳиста аз саҳнаи сиёсӣ нопадид шаванд. Агар онҳо ба мисли ҳизбҳои дигар бо забони сиёсат гуфтугў карда натавонанд, ин айби худи онҳост. Дигар айб аст, ки арзишҳои динӣ ва муқаддасоти исломи мубинро барои расидан ба ғаразҳои сиёсии худ шиор кунанд!
Абдураҳмони Хуросонӣ – коршиноси масоили динӣ
МАВҚЕИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТ БА МУРОҶИАТИ РАЁСАТИ ОЛИИ ҲНИТ БА ДАБИРИ КУЛЛИ СММ ВА РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ КАФИЛИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ў бод.
Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчун мақоми масъули дину диндорӣ дар Тоҷикистон аз изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ ва муроҷиати он ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурўҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон — Федератсияи Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон ва Туркманистону Қирғизистон ҷиҳати халалдор шудани Созишномаи сулҳ ва пешомади хатар ба суботи минтақа шадидан нигарон мебошад ва ин амалкарди раҳбарияти ҳизбро дар шароите, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 18-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳи сартосарӣ ва оромишу субот чанд рўз қабл таҷлил намуданд, ба ҷуз иғвои навбатӣ ва дасисаи ниҳоят муғризона чизи дигаре эътироф намекунад.
Агар ин иқдом як ё ду сол баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешуд, муаллифонро фаҳмидан мумкин буд: ибтидои ҳар амали бузург баъзан ноҳамвориҳое дорад, ки онҳоро тавассути муколамаву музокирот ҳал кардан имконпазир аст. Аммо ин муроҷиати ҲНИТ баъди 18 соли татбиқи Созишномаи сулҳ садо медиҳад ва дар ҳоле, ки пиру барно ва фақиру дорои Тоҷикистон аз тинҷиву амонӣ ва осудагиву субот ифтихор мекунанд, муддаиёни ҲНИТ изҳори ташвиш доранд, ки сарнавишти сулҳ дучори хатар аст.
Тўли 18 соли баъди имзои Созишномаи сулҳ Тоҷикистон аз як кишвари шабеҳ ба як деҳкадаи вайрону валангор ба як мамлакати неруманд аз нигоҳи иқтисоду фарҳанг ва илму ҳунар табдил ёфт, ба таври расмӣ дар сатҳи созмонҳои ҷаҳонии молиявӣ ҳамчун кишвари рў ба тараққӣ эътироф шуд, ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта гардид. Омори зиёде овардан мумкин аст, ки вазъи воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳоли кунунӣ муаррифӣ кунад, аммо тавре ки дар урфият мегўянд: он чи ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст…
Муаллифони муроҷиат ба СММ ва як идда созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон аз он бонги хатар задаанд, ки имрўз дар аҳдномаи сулҳ ихтилоф шуда, суботи кишвар ва ҳатто минтақа зери хавф қарор гирифтааст. Онҳо як ҷониби музокироти сулҳ буданашонро на як бору ду бор, балки ҳамасола таъкид мекунанд ва аз нақзи ҳуқуқашон дар ин бобат хотирнишон месозанд. Ин даъвӣ комилан нодуруст ва ҳатто ғайримантиқӣ менамояд, чун агар ба таври сарсарӣ ҳам бо асноди Созишномаи сулҳ ошно шавем, хоҳем дарёфт, ки сулҳи тоҷикон натиҷаи 21 музокирот дар тўли чаҳор сол бо созмоне таҳти унвони ИНОТ буд ва агар онро шарҳ диҳем, Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюни тоҷик хоҳад буд. Дар ин созмони мухолифи Ҳукумат чандин ҳаракату гурўҳҳо ва ҷунбишҳо ва иттиҳодияҳое буданд, ки ҲНИТ ба таркиби он шомил буд. Яъне мантиқан ҲНИТ ҳамчун як ҳизби дорои характери динӣ ба таркиби ИНОТ дохил буд ва музокирот бо ИНОТ сурат мегирифт, на фақат бо ҲНИТ… Аз ин рў, худро як ҷониби комилан мустақили Созишномаи сулҳ пиндоштани муаллифони изҳорот иштибоҳи бузургест. Дар ин хусус даҳҳо тадқиқот аз ҷониби муҳаққиқон сурат гирифта, роҳи тўлонии музокироти сулҳ қадам ба қадам рўшан шудааст. Биноан, худро як ҷониби музокироти сулҳ эътироф кардани ҲНИТ ба ягон чаҳорчўбаи мантиқ намеғунҷад.
Дар изҳорот ягон далели дақиқ нест, ки кадом банду санади Созишнома вайрон шудааст, ба ҷуз ин ки гўиё Ҳукумат бо таъқибу фишор садди фаъолияти ҲНИТ мегардад… Бонги хатар задан аз он ки суботи дохилӣ ва ҳатто минтақа халалдор мешавад, ба чӣ маъност? Бояд бо тамоми масъулияте, ки назди ҷомеаи муслимин дорем, бигўем, ки сулҳи тоҷикон на танҳо вайрон нашудааст, балки сад дар сад иҷро шуда, боиси ибрати дигар халқу қавму миллатҳо ҳам шудааст.
Имрўзҳо даҳҳо кишварҳои ҷангзада сабақи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҷрибаи суботи Тоҷикистонро барои дигарон тавсия медиҳанд. Муҳимтарин ҳадафи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расидан ба сулҳи сартосарӣ, аз ғурбат вориди ватан овардани фирориён, тақсими ҳокимият-таъсиси саҳмияҳои сифоиза ба хотири ба вуҷуд овардани эътимоди дуҷониба ва бунёди як ҷомеаи демокративу қонунасос буд, ки ҳамаи ин аҳдоф комилан иҷро шудаанд.
Магар қатъ шудани ҷангу хунрезӣ ва муттаҳид шудани миллат самараи сулҳ нест? Магар аз 85 фисад то ба 32 фоиз паст шудани сатҳи камбизоатӣ нишондиҳандаи беҳ шудани зиндагии омма нест? Муаллифони изҳорот зери ибораи «иҷро нашудани Созишномаи сулҳ» чиро дар назар доранд, номаълум аст ва маҳз ҳамин умумигўӣ боиси шармсории онҳо назди ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт.
Дар изҳорот омадааст, ки «…ноком гаштани таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ ва ваҳдатсозии миллати тоҷик бо кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ дар ҳамаи равандҳои минбаъдаи кишвари мо ва минтақа хоҳад расонд…». Агар ишораи муаллифони муроҷиатномаи ҲНИТ дар пасманзари ин ҷумла нокомиҳои ҲНИТ дар арсаи сиёсат ва махсусан интихоботи парлумонӣ, боздошт шудани баъзе аъзои ин ҳизб дар амалҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ғайри қонуни гирифта гаштани яроқ, азхудкунии амволи ғайр, қаллобию дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бошад, пас онҳоро бояд ҳушдор дод, ки як маротиба бандҳои алоҳидаи Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллиро варақ зананд, то дар кадом банди он омадааст, ки бояд аъзои ҲНИТ умрбод аз ҷавобгарӣ барои дилхоҳ ҷазо озоданд ва ҳаркасе, ки аъзои ин ҳизб шуд, бояд ҳатман бологузару дахлнопазир бошад?Ноком шудани ҲНИТ ҳаргиз маънои ноком шудани таҷрибаи нодири сулҳофаринии тоҷиконро надорад. Сулҳи мо ҳаргиз ноком нашудааст ва инро нобинои асобадаст ҳам мебинад. Агар сулҳ ноком мешуд, пас ҲНИТ то ҳол чӣ гуна фаъол мебуд? Мантиқ куҷост? Ё худ дар интихоботи парлумонӣ раъйи ками мардумро соҳиб шудани ҲНИТ магар айби созишномаи сулҳ аст? Шояд дар “Созишнома”-и сулҳ нокомили онҳо гуфта шудааст, ки мардум ҳатман ба ҲНИТ овоз диҳанд?
Муаллифони муроҷиатнома фаромўш кардаанд, ки аз сулҳи тоҷикон то имрўз 18 сол сипарӣ шудааст. Дар ин миёна тафаккур, ҷаҳонбиниву тарзи зист ва маънавиёту ахлоқ, хуллас, ҳама анвои андешаву назар таҳаввул ёфт. Имрўз мардум сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд, зиндагиву фаъолият дар Тоҷикистонро бо кишварҳое чун Сурияву Ироқ, Афғонистону Нигерия, Мисру Фаластин муқоиса мекунанд, ҳаёти ояндаи фарзандону пайвандонашонро дар мизони андеша бармекашанд ва рўзгори ободашонро ба ҳеҷ ваҷҳ дубора зери хатари муноқишаву муқобала қарор додан намехоҳанд. Ана ин аст муҳимтарин натиҷае, ки тўли 18 соли амали Созишномаи таърихии соли 1997 ба амал омадааст. Тафаккури мардум ва муносибати он ба воқеият комилан воқеъбинона шудааст.
Бояд гуфт, ки ноком шудани ҲНИТ дар интихобот ба баъзе аъмоли бад даст задани аъзои ин ҳизб, ки як раванди комилан оддӣ ҳисоб меравад, вобаста аст. Мардум дар фазои озод ҳизбу афроди дилписандашро интихоб мекунанд, гунаҳкорон ба ҷазо кашида мешаванд ва назди қонун фарқе надорад, ки ҷинояткор шомили кадом фирқаву ҳизбу ҳаракат аст. Инҳо амалҳое мебошанд, ки дар таҷрибаи тамоми кишварҳо маъмуланд, зиёда аз ин, дар кишварҳои демократӣ хостаҳои аксарияти мардум ба инобат гирифта мешаванд. Имрўз ҲНИТ мақому эътиборашро аз даст додааст, инро пинҳону рўшан мардум мегўянд, мавқеъ ва муносибаташонро дар воситаҳои ахбор баён медоранд. Аз ин фоҷиа сохтани дастандаркорони ҲНИТ камоли беандешагист. Вуҷуди ҳар ҳизбу созмони иҷтимоӣ ба раъй ва ниёзҳои мардум бастагӣ дорад. Агар ниёзе ба мавҷудияти ин ё он ҳизб набошад, он табиист, ки аз саҳнаи сиёсат хориҷ мешавад. Таҷрибаи сиёсии даҳҳо кишварҳои олам ба ин гуфтаҳо гувоҳанд. Аз ин хотир, тамоми бадбахтиҳо, нокомиҳо ва шикасту рехти ҲНИТ-ро ҳамчун фоҷиаи миллӣ ва иҷро нашудани Созишномаи сулҳ дар сатҳи миллат баровардан ва ба даҳҳо созмонҳову кишварҳо муроҷиат карданро, як амали бехирадона баҳо додан мумкин аст.
Маркази исломии Тоҷикистон ва ниҳоди раҳбарии он — Шўрои уламо даҳҳо далелҳои шаръӣ дар хусуси ноҷоиз будани ҳизби исломӣ дорад ва ҷомеаи муслимини кишвар аз онҳо огоҳанд. Ҳоҷат ба баёни муфассали онҳо дар ин баёния нест. Он чи ки гуфта шуд, кифоят аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз нодуруст будани ин амали раҳбарияти ҲНИТ дар мавриди муроҷиаташон ба СММ ва дигар ниҳодҳо огоҳӣ ёбанд.
ҲНИТ бо ин муроҷиатномаву изҳорот мехост обрўву манзалат ва қадру қимати миллат ва давлати Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ камарзиш нишон бидиҳад. Ин тирашон ба нишон намерасад, зеро ҳоло на соли 1997, балки соли 2015-ум аст ва Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари ободу осуда ва рў ба рушду пешрафт мавқеи мустаҳкам дорад.
Ба Дабири кулли СММ ҷаноби Пан Ги Мун ва
роҳбарони кишварҳои узви гурўҳи «Тамос»
Муроҷиатнома
оид ба муроҷиати ғайриқонунии роҳбарияти ҲНИТ нисбат ба татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон
Муҳтарам ҷанобон!
Баъди мутолиаи муроҷиати Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, мо як гурўҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим донистем, ки баъзе фикру андешаҳои хешро нисбати ин муроҷиатномаи ҳангомаҷўёна ба Шумо ирсол намоем.
Дар воқеъ, 18 сол пеш бо сарпарастони СММ ва дигар кишварҳои дуру наздики ҳамсоя мисли Руссия, Ирон, Қазоқистон, Афғонистон, Қирғизистон Туркманистон, Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расонида шуд, ки раванди ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид.
Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро ба дўши худ гирифта, барои ба танзим даровардани вазъи ҷумҳурӣ кўшишу талошҳои зиёде ба анҷом расонид. Дар ин раванди сулҳофарӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, мардуми Тоҷикистон, гурўҳҳои сиёсӣ ва намояндагони мухолифини тоҷикро берун аз кишвар ба ҳам овард.
Аммо дар муддати 18 соли сипаригардида, агар аксари шаҳрвандони кишвар як тараф бошанд, ҲНИТ дар ҷониби дигар буд ва муборизаро алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда натавонист. Кўшишиҳои ҲНИТ то имрўз барои ғасби ҳокимият ҳеҷ ба анҷом нарасида истодаанд. Ҳол он ки «Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди нерўҳои мухолифи Тоҷикистон баста шуда буд, на байни ҲНИТ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз ин рў, Ҳизби назҳати ислом дар алоҳидагӣ ягон ҳаққу ҳуқуқи даъво нисбати ҷараёни татбиқи Созишномаи байни тоҷиконро надорад.
Масъалаи 30 фоизаи тақсими вазифаҳо низ танҳо то давраи муътадил гардидани вазъияти кишвар буд. Баъдан дар ҷумҳурӣ ислоҳоти конститутсионӣ сурат гирифт, парламенти дупалатагӣ ташкил шуд, ки минбаъд масъалаи мазкур тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда шуданд. Ба замми ин, қисме аз намояндагони ҲНИТ ба монанди Мирзо Зиёев, Маҳмадрўзӣ Искандаров ва муовини Ҳизби Наҳзати Ислом ба ташкили гурўҳҳои силоҳбадаст ва ғасби ҳокимият даст зада, бо яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ дастгир шуданд.
Дар баробари ин, дар муроҷиатнома баъзе фикрҳое матраҳ шудаанд, ки ягон асоси воқеӣ надоранд ва обрўву эътибори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст заданӣ мешаванд. Масалан, қайд гардидааст: «Дар сурате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҷустуҷў менамоянд, мақомоти давлатии Тоҷикистон, худ заминаи пайдоиш ва рушди ин падидаи манфиро дар кишвар ва минтақа ба вуҷуд овардааст». Бояд зикр намуд, ки мақомоти давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамударо қатъиян риоя намуда, ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамояд. Рафтори шахсони алоҳида, ки дар мақомот ва ё ягон ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ кору фаъолият намуда, ба ҳар гуна ҷинояту амалҳои номатлуб даст мезананд, асос шуда наметавонанд, ки бо ин восита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти давлатиро гунаҳкор ҳисобид. Зеро ҳар як шахс, қатъи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, мансаб, мансубияти ҳизбӣ, динӣ ва ғ. тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии инфиродӣ дорад.
Дар сурате, ки аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва мазҳабҳои гуногун ба роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон арзу шикояте перомуни масъалаи зикргардида нарасида бошад, бо кадом асос ҲНИТ масъулиятро ба дўши худ гирифта, аз номи онҳо ба Дабири кулли СММ муроҷиат менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон поквиҷдонона ўҳдадориҳоеро, ки ба зиммаи худ гирифтааст ва онҳо аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ бармеоянд иҷро намуда истодааст, аз ҷумла:
1) Нисбати иштирокчиёни муқовимати мусаллаҳона чандин маротиба авфи умумӣ эълон карда шуд;
2) Ҳарбиёни мухолифинро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намуд;
3) Бо риояи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ба қайди давлатӣ гирифта шуд;
4) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ҳамроҳ шудааст. (Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва ғ.) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба амалигардонии ин ҳуқуқҳо мунтазам ба кумитаҳои марбутаи СММ гузориш медиҳад.
5) Барои рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоми шароитро муҳаё сохт (ташкили парлумони думаҷлиса, ташкил ва гузаронидани интихоботҳои озод, шаффоф, демократӣ ва ғ.)
Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон – Кабирӣ баъди интихоботи парлумонии охир, ки ҳизбаш дар интихобот ба нокомӣ дучор шуда, ба парлумон роҳ наёфт, пайваста ба гилагузорӣ ва шикоятбарӣ аз болои мақомот дода шудааст. Дар тайи моҳҳои охир, ў ва дигар намояндагони раёсати ҲНИТ бамавқею бемавқеъ ба воситаҳои ахбори омма, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ арзу шикоят мебаранд, ки гўё раёсат ва намояндагони ҳизбашон дар маҳалҳо ба фишор рў ба рў шудаанд. Вале аз сабабҳо ва омилҳои бохташон дар интихобот чизе намегўянд, зеро медонанд, ки намояндагони байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо дар интихобот ҳозир буданд ва аз асли масъала огоҳанд. Ҳама ташкилотҳои байналмиллалӣ озод ва демократӣ гузаштани интихоботро тасдиқ карда буданд.
Раиси ҲНИТ – Кабирӣ ҳатто дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба шикояту иғвоангезӣ шурўъ намудааст. Яке аз намояндагони диаспораи тоҷикон – Муқим Майбалиев дар рўзномаҳои тоҷикӣ аз ў хоҳиш намудааст, ки ба масъалаҳои дохилии худ муҳоҷирони меҳнатиро ҷалб насозанд. Зеро муҳоҷирон худ мушқилоти зиёдтаре доранд. Ин мисол далолат бар он мекунад, ки узру шикоятбарии Кабириро дигар ҳама фаҳмидаанд. Номаи шикоятии охири Кабирӣ ба Дабири кулли СММ ҷаноби Пан Ги Мун ва кишварҳои узви гурўҳи «Тамос» идомаи ҳамин гилагузориҳо ва шикоятбариҳои ў ва дигар аъзоёни раёсати ин ҳизб мебошад. Ҳамин тариқ, онҳо поин рафтани обрў ва нуфузи сиёсии худ ва ҳизбашонро рўпўш намуда, дар он мақомот ва ҳокимияти давлатиро гунаҳгор карданӣ мешаванд. Ҳамзамон, дастовардҳои солҳои истиқлолиятро нодида гирифтан ва таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии миллати моро имрўз ноком хондан амали хирадмандона нест.
Асоев Б.Д.
Қурбонов Б. С.
Шарифов В.Б. – шаҳрвандони шаҳри Душанбе.
ИЗҲОРОТИ ШӮРОИ СИЁСИИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 3.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шӯрои сиёсиии Ҳизби Демократи Тоҷикистонро муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нороҳат сохт. Дар қисми аввали муроҷиатнома дар бораи “вазъи номуносиби бавуҷудомада…амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф…” ҳамчун далели аслии муроҷиатномаи номбурда баён шудааст.
Мо аз он норозӣ ҳастем, ки ҲДТ чун узви ИНОТ-и пешин низ яке аз ҳамшарикон ва ниҳоди калидии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аст, аммо роҳбарони ин ҳизб чаро бо ҳамсафони пешинашон боре ин масъаларо дар миён нагузошта, якбора бо ин шӯру ҳаяҷон қазияро ба саҳнаи байналмилӣ кашидаанд?. Аъзои ҲДТ низ дар гирудорҳои сиёсиву низомии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 гирифтори мушкилот, таъқибу фишор шуда, баъзе аз аъзои он куштаву нобуд ва қисме ҳам бандиву зиндон шуданд. Вале ҳаргиз умед ва такя ба нерӯҳои сиёсии беруна накард, агарчи аввалин қувваи сиёсии оппозитсионӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон буд.
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳро на бо ҲНИТ, балки бо ИНОТ имзо кардааст, ки он аз гурӯҳҳо ва ниҳодҳои сиёсии гуногун иборат буд. Вале имрӯз ҲНИТ танҳо худро саҳмгузор ва меросхӯри истиқрори сулҳ медонад ва саҳму ширкати дигар гурӯҳҳои сиёсии шомили ИНОТ-и пешинро нодида мегирад. Бояд иқрор шуд, ки ИНОТ моҳият ва вазифаҳои худро иҷро кард. Дар натиҷа ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботҳо ҳар кадом вобаста ба мавқеъ ва саҳмаш дар ҷомеа соҳиби райъи интихобкунандагон гардиданд, аз ҷумла ҲНИТ дар чор даъват соҳиби курсиҳо дар парлумон буд. Он замон аз фишору ба ном ноадолатиҳои Ҳукумат нисбаташон ин гуна эътироз надоштанд. Имрӯз ҲНИТ бояд ба интихоби мардум арҷ ва эҳтиром гузорад, зеро ин интихоби онҳо ва воқеият аст.
Аз тарафи дигар маълум мешавад, ки ин ҳизб мушкилоте бо Ҳукумати кишвар дорад. Шояд дар равобити ҳукумат ва ҲНИТ печидагиҳое ҳаст, ки мо аз вуҷуди онҳо ё хатари онҳо хабар надорем. Вале ин мушкили як ҳизб ҳаст, на мушкили мардуми кишвар. Аммо ҳукумат ҳам дар навбати худ бо назардошти таъмини бехатарӣ, оромӣ ва сулҳу суботи мардум бояд даст ба иқдомҳое бизанад. Қобили зикр аст, ки Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ печидагиҳо ва мушкилоти зиёде дошт, вале онҳоро бе дахолат ва дастгирии қувваҳои ғаразноки сиёсии беруна паси сар кард ва имрӯз бо боварӣ ва дастгирии мардуми кишвар ба сифати як ниҳоди сиёсӣ дар парлумони мамлакат соҳиби мавқеъ гардид.
Бохти ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли 2015 боиси шӯру валвала дар дохили ҳизб шуда бошад, пас аз мо бояд ибрат гирифт, чун дар се интихобот ноком аз курсии парлумонӣ будем, вале садои кароҳате барнаандохтем.
Бинобар ин ҲТД ба унвони намояндаи яке аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷонибдори роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилоту масъалаҳо мебошад. Гуфтушунид, таҳаммул, гузашт, бахшидани ҳамдигар-аз бузургтарин бозёфтҳои эҷоди сулҳу субот аст, ки мо намунаи беҳтарини онро дар сулҳи Тоҷикистон дорем. Ва ҳеҷ кас ва ҳеч як гурӯҳи сиёсӣ ҳақ надорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои худаш такя ба неруҳои сиёсии беруна гузорад ва бо ин роҳ дубора оромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор созад. Мисолҳои “кумаку дастгирӣ”-и хориҷиёнро мо дар чанд соли охир дар Украина ва кишварҳои араб баръало мушоҳида намуда истодаем. Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон намунаи беназири бунёдкорӣ, осудагӣ ва пешрафт аст, ки дар таҳкими он танҳо ниҳоди сиёсии солим ва соҳиби боварии аксарияти мардум метавонад саҳмгузор бошад.
Раиси
Ҳизби Демократи Тоҷикистон С. Исмонов
Таъкид (ба ҲНИТ)
Давлат Сафар
Зи киштае, ки дигар ҳоҷати дурудан нест,
Зи боғи бесамаре, ки умеди будан нест,
Ба саҳнае, ки дигар маҳзари сурудан нест,
Ба минбаре, ки дигар маънии сутудан нест,
Ба Ҳизби наҳзати ислом ин мисоли ҳақ аст.
Сухан зи ҳад гузарад, нест ҳоҷати тафсир,
Зи оби рехта аз кўзае маҷў тадбир,
Ба хоби шуму сияҳ нест ҳолати таъбир,
Ба нақши оби равон чист маънии тасвир?
Ба Ҳизби наҳзати ислом шарҳи ҳоли ҳақ аст.
Фишори ақл бувад ин, фишори кас набувад,
Мақом рафт зи дасте, баҳои хас набувад.
Садоқати Ватану миллат аз ҳавас набувад,
Ба ҷў, ки пеш равад, гаштанаш ба пас набувад.
Ба Ҳизби наҳзати ислом ин висоли ҳақ аст.
Дигар зи ину зи он нест вақти нолидан,
Ҳар он чӣ кишт намудӣ, ҳамон бувад дидан.
Камоли мард ҳар он дидану натарсидан,
Ба тарфи домани нопок даст ёзидан,
Ба Ҳизби наҳзати ислом шарҳи фоли ҳақ аст.
Касе, ки пой бимонад ба рост рафтан каҷ,
Бақои чашм набошад ба вақти дидан каҷ.
Мафаҳм панди бузургон дами шунидан каҷ,
Чӣ ҳикматест матоъи кафан буридан каҷ.
Ба Ҳизби наҳзати ислом қилу қоли ҳақ аст.
Ҳар он чӣ нест шавад, нест боядаш пиндошт,
Ҳар он чӣ реша надорад, набояд онро кошт.
Ғизои субҳ дигар бошаду дигар аз чошт,
Ба чўби каҷ набояд он, ки парчаме афрошт.
Ба Ҳизби наҳзати ислом ин мақоли ҳақ аст.
Ҳар он назар, ки агар ҳақ наяст, ҳақ машумар,
Ҳар он хабар, ки дурўғ аст, гуфтанаш бадтар,
Ҳар он нигоҳи пур аз кина аст хавфу хатар.
Ба узви наҳзат агар нест чорае дар сар,
Ба Ҳизби наҳзати ислом ин заволи ҳақ аст.
Изҳороти Раёсати Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон «Оид ба муроҷиати Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон,ниёз ба мудохилаи СММ ва кишварҳои кафили сулҳ дорад»
Раёсати Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, муроҷиати мазкурро бо иштироки васеи аъзои Раёсат, аъзоёни Кумитаи Марказии ҲКТ, котибони якум, котибони кумитаҳои ҳизбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки ин муроҷиати ғайричашмдошт ба тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бевосита дахл дошта нигаронии ҷиддиро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.
Раёсати Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, бори дигар қайд менамояд, ки оқибати ҷанги шаҳрвандиро, ки аз тарафи хоҷагони хориҷӣ ва душманони дохилӣ тарҳрезӣ ва ҳидоят мешуд, тамоми халқи кишвар ёд доранд.
Дар раванди ин фоҷиаи нанговар садҳо ҳазор одамон талафоти ҷонӣ ва молӣ диданд.
Иқтисодиёти кишвар комилан хароб гардида, беш аз як миллион шаҳрвандон маҷбуран хоки ватанро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя барои ҳифзи ҷони худу фарзандонашон фирор намуданд.
Дар ҳамин давраи ҳасосу тақдирсоз кумаки СММ ва кишварҳои кафил барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот, хавфи аз байн бурдани давлатро пеш оварда буд, зарурият дошт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки омили ҳалкунандаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ халқи шарифи Тоҷикистон буд, на ягон ҳизби сиёсӣ.
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар баробари дигар созмонҳои ҷамъиятӣ, дар ҷараёни барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва Ҳукумати қонунӣ дар иҷлосияи тақдирсози 16-ўми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузошт.
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон яке аз муассисон ва узви фаъоли Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад, ки дар фаъолияти он сохторҳои поёнии ҳизб дар ноҳияҳо шаҳрҳо ва вилоятҳо ҳамкории судманд ва иштироки бевосита доранд.
Бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва миллӣ, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот ва ҷудоинопазирии Тоҷикистони азиз аз рўзҳои аввали ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, дар раванди мавриди амал қарор додани ғояҳои он то ҳамин давра дар байни тамоми сокинони кишвар тавассути аъзоёни ҳизб ва ҷонибдоронаш корҳои ташкилию сиёсӣ ва тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда, ҳаргиз намегузорад, ки сулҳу субот ва якпорчагии Ватан ва ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар халалдор гардад.
Вазъияти мураккаби имрўзаи байналмиллалӣ, шиддат гирифтани ҷараёнҳои ифротию терористӣ ба монанди ДИИШ, «Ҳизбу- таҳрир», «Ал-қоида», «Толибон» ва ғайра, ки хатари онҳо ба халалдор кардани авзои сиёсӣ дар дохили кишвар комилан ба назар мерасад, ҲКТ ва ҷонибдоронашро бетараф гузоштан наметавонад.
Воқеаҳои хунини имрўз дар давлатҳои Араб ва Ховари наздик, хусусан Ироқ, Либия, Афғонистон, Сурия, Яман ва ғайра ба амал омада, боиси маргу бехонумонии миллионҳо одамони бегуноҳ, бахусус занону кудакон гардидааст.
Ҳамаи ин фоҷиаҳо аз ҷониби гуруҳҳои ифротгарою террористӣ амалӣ шуда истодаанд. Боиси таассуф ва нигаронӣ ҳаст, ки созмонҳои байналамилалию баъзе миёнаравҳо то ҳанўз роҳи ҳалли барқарор кардани сулҳу суботро дар ин кишварҳо наёфтаанд.
Аз ин рў Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон изҳор менамояд, ки таъмини сулҳу субот, ягонагию якпорчагӣ ва ҷудоинопазирии Тоҷикистони азиз, аз фаъолияти густурдаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ дар хамбастагӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон вобастагӣ дорад.
Бояд дар маркази фаъолияти онҳо риояи Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири сарҷамъии халқ кишвар қарор дода шуда, ҳаллу фасли баъзе ихтилофҳои тарафайн аз тариқи муколамаи сиёсӣ бидуни дахолати дасти хориҷ (хоҷагони хориҷӣ) анҷом дода шавад.
Аз ин рў мантиқи муроҷиати Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон аз тафриқаандози ва иғвогарии навбатӣ беш буда наметавонад.
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз солҳои 90-ўми асри гузашта, то ҳамин давра, дар анҷуманҳо, Пленумҳои Кумитаи Марказӣ комилан ҷонибдории худро аз сохти конститутсионӣ ва волоияти қонун дар ҷомеаи навини Тоҷикистон изҳор намуда, бо мақсади таъмини сулҳу субот, Ваҳдати комил ва якпорчагии Ватани азизамон, тамоми фаъолияти ташкилию сиёсиашро қотеъона ба харҷ медиҳад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар анҷумани 31-ўми ҳизб, ки моҳи декабри соли 2014 баргузор гардид, бори дигар ба коммунистон ва ҷонибдорони худ муроҷиат карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки сарфи назар аз баъзе ихтилофҳои сиёсию ғоявӣ, ҷонибдори пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистонро сарфи назар аз мавқеъи ҳизбӣ, раванди динию мазҳабӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ, даъват менамояд, ки зери парчами Ваҳдати миллӣ дар атрофи Давлати конститутсионии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, барои таҳкими сулҳи саросарӣ ва рушду нумуӣ Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Раёсати
Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
Худобердӣ Холиқназар: Ҳизби наҳзат ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад
Мусоҳиба бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар
-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон баста шуд, пурра иҷро гардид. Назари Шумо дар ин мавзӯъ?
Худобердӣ Холиқназар: Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки аз 7 Протокол, 1 Низомнома ва 1 Созишнома иборат аст, ба таври пурра иҷро шуд. Мутобиқи протоколҳои мазкур муҳоҷирон ва оворагон ба Ватан баргашта, зиндагии осоиштаро сар карданд. Барои дар амал татбиқ намудани протоколҳои имзошуда Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд ва Раиси он роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик (ИНОТ) шодравон Саид Абдуллои Нурӣ таъйин гардид. Аз соли 1998 намояндагони ИНОТ ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ тибқи квотаи 30% ворид шуданд. Неруҳои низомии (ИНОТ) ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ворид (реинтегратсия) шуданд. Ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи даргириҳо манъ гардида буд, баъд аз пешниҳод намудани аризаҳояшон ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дубора ба фаъолияти сиёсиашон шурўъ намуданд. Ба монанди Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар созмонҳо.
Бояд зикр кард, ки дар интихоботи парлумонии соли 2000-ум ин ҳизбҳо ширкат намуданд ва аз Ҳизби наҳзати исломӣ чанд нафар вакил интихоб шуд.
Ҳамчунин намояндагони ИНОТ, ки аз тариқи квотаи 30% дар соли 1998 вориди Ҳукумат шуданд ва дар тахассусашон кордону лоиқ буданд, то ҳоли ҳозир дар ниҳодҳои гуногуни Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият намуда, ба Ватан хизмат мекунанд. Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ, ин Созишнома ба таври пурра ва ҳамаҷиҳата иҷро шуд.
-Имрӯз баъзе роҳбарони ҲНИТ даъво доранд, ки ин Созишнома пурра иҷро нашуд ва сулҳу ваҳдат дар Тоҷкистон якҷониба инъикос мешаванд?
Худобердӣ Холиқназар: Чун ман дар саволи якум гуфтам, ки он пурра иҷро шуд, барои ҳамин агар дар кадом мавридҳояш шак дошта бошанд, марҳамат онҳо метавонанд мушаххасан даъвои худро пешниҳод намоянд. Дар масъалаи якҷониба инъикос шудани сулҳу ваҳдат онҳо бештар ба ҳамон филмҳое, ки дар телевизион нишон дода мешаванд, такя мекунанд, ки гӯё дар он ҷо нақши мухолифин нишон дода нашудааст. Ин гап асос надорад, чунки дар ҳамаи филмҳо, ки ба мавзўи музокироти байни тоҷикон бахшида шудаанд ва ҳамчунин дар ҳамаи барномаҳо ҳузури ИНОТ ва бахусус, роҳбари он шодравон Саид Абдуллои Нурӣ нишон дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки имрўз Ҳизби наҳзат кӯшиш карда истодааст, ки аз номи Иттиҳоди опозитсиюни тоҷик ҳарф занад, ки ин комилан нодуруст аст. Маълум аст, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ду намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон, як намояндаи созмони «Лаъли Бадахшон» ва як намояндаи муҳоҷирони тоҷик иборат буд. Яъне дар маҷмўъ. Ҳизби наҳзат дар музокирот ҳамагӣ 25% намояндагӣ дошту халос. Имрўз даъвои аз номи ИНОТ ҳарф задани роҳбарияти имрўзаи Ҳизби наҳзат камоли пуррўйӣ аст.
-Сулҳи якҷониба гуфта Шумо чиро мефаҳмед ва оё истифодаи ин истилоҳ дуруст аст?
Худобердӣ Холиқназар: Сулҳ аслан якҷониба намешавад, агар якҷониба мешуд, сулҳ намешуд. Инъикоси раванди якҷониба будани сулҳро онҳо таъкид мекунанд, лекин мо мегӯем, ки ин гап асос надорад, чунки дар тамоми китобҳое, ки навишта мешаванд, дар суханрониҳои Сарвари давлат, дар ҳама ҷо, ки сухан аз ваҳдати миллӣ меравад, нисбат ба мухолифини собиқ эҳтироми хосса қоил мешаванд ва дар ҳамон замон ҳам ба онҳо ҷониби муҳтарам мегуфтанд. Тарафи ҳукуматӣ ба мухолифин тарафи муҳтарам гуфта муроҷиат мекарданд, ки то ҳозир дар таърихи низоъшиносӣ ин як чизи нодир аст. Барои ҳамин сулҳи якҷониба намешавад, инро ман таъкид мекунам, сулҳ дуҷониба мешавад. Филмҳои мустанад, ки дар телевизион нишон дода мешаванд, филмҳои таърихӣ мебошанд, ки дар бораи вазъияти солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон ҳикоят мекунанд ва он қисмати ин филмҳо, ки ба музокироти байни тоҷикон дахл доранд, ба таври воқеӣ саҳми тарафи муқобил дар сулҳро низ баръало нишон медиҳанд.
-Аъзои собиқ Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон на танҳо наҳзатиҳо, балки аъзои ҳизбҳои гуногуни кишвар буданд. Пас чаро имрӯзҲНИТ даъво аз саҳми ин ҳизб дар имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дорад?
Худобердӣ Холиқназар: Тавре ки гуфта шуд, ҳеҷ нафаре ҳақ надорад, ки аз номи он Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюни Тоҷикистон имрӯз даъвое кунад ё гапе занад. Ҳар ҳизби сиёсие, ки дар ҷумҳурии мо озодона фаъолият дорад, ҳамчун ҲНИТ, бояд дар асоси Қонун «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ» фаъолият намояд, чи хеле ки дар ин ду даҳсола буд. Дар ин се панҷсола ҲНИТ дар ҳайати парламент ворид буд, онҳо рӯзномаи худашонро доранд, ки доимо чоп мешавад, новобаста аз он, ки ҳукуматро сахт танқид мекунанд, ҳеҷ кас даъвое накардааст, ки чаро танқид мекунед. Чунки мо чунин андеша дорем, ки албатта, мухолифин барои танқид кардан ҳақ доранд ва бигзор танқид кунанд, агар танқид қобили қабул бошад ва муғойири Сарқонун ва қонунҳои дигари мавҷуда набошад. Чандин рўзномаҳо барои вайрон кардани Қонун баста шуданд, вале рӯзномаи ҲНИТ «Наҷот» ҳанӯз ҳам нашр мешавад.
Акнун мо медонем, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо тамоми боқимондаҳои ҷанги ҳамватанӣ падруд гуфт, бо боқимондаҳои давраи Шӯравӣ низ. Натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ дар соли 2015 низ гувоҳи онанд, ки мардум ба сатҳи нави фарҳанги сиёсӣ расидааст ва дигар муҳофизакории (консерватизм) афкор барои онҳо писанд нест. Барои онҳо андешаи нав, афкори нав, рафтори нав ва диди нав ба оянда хос аст. Воқеият ҳамин аст, ки дигар мардум ҳизбҳои диниву атеистиро намеписанданд. Барои мардум озодиҳои дунявӣ бештар ҷолиб шудаанд. Аз овоздиҳӣ дар интихобот ба ҳар ҳол мо чунин паём гирифтем, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба қадри ваҳдат ва истиқлолият мерасанд. Ва онҳоро дигар на бо афсонаҳои ин дунё ва на он дунё фирефта кардан хеле душвор аст. Ба онҳо барномаҳо ва фаъолияти воқеии ҳизбҳо ва Ҳукумат даркор аст. Онҳо дар соли 2015 ба бунёдкориву созандагӣ, сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ раъй доданд.
Фарҳанги сиёсии мардум имрўзҳо ба дараҷае расидааст, ки онҳоро намешавад бо иғвоҳои сиёсӣ ва буҳтон аз роҳи дурусти пешрафт, созандагӣ ва тараққиёт боздошт.
«КИ ГУНОҲИ ДИГАРОН БАР ТУ НАХОҲАНД НАВИШТ…»
(Посухи ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифа ба номаи баҳсталаби ҲНИТ)
Эътирози ҲНИТ ба СММ дар расонаҳои интернетӣ тааҷҷубу ҳайрати моро дар пай дошт. Ин ҳизб дар як муроҷиатнома ба СММ дар бораи шикастҳо ва нокомиҳои худ сухан гуфта, иллати асосии ин нокомиҳоро сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламдод намудааст. Пешкаш намудани арзу додҳо ба муназзамаҳои бонуфузи оламӣ хилофи фармуда ва таълимоти Қуръону суннат мебошад. Танҳо Худованд (ҷ.) медонад, ки бурду бохти шахс ба нафъ ё зарари он анҷом меёбад. Худованд дар китоби азимушшаънаш мефармояд:
وَعَسَى أَن تَكْرَهُواْ شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ وَعَسَى أَن تُحِبُّواْ شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَّكُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ
«Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дўст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Худо медонаду шумо намедонед» .
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегўяд: «Ҳангоме ки дар паси Паёмбари Худо будам, ба ман нидо карда гуфт: «Эй ҷавон, розӣ бош ба он чизе, ки Худованд бар ту муқаддар гардонидааст ва шояд чизеро написандӣ ва он бароят хуб бошад ва чизеро биписандӣ ва он бароят бад бошад», пас, ин оят «…ва Худо медонад ва шумо намедонед»-ро тиловат кард» .
Дар ояти дигаре Худованд мефармояд: فَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا
«…шояд шумо чизеро нописанд кунед, ки Худо дар он чиз хайри бисёрро пайдо кунад» .
Шикояту гила кардан, ба хусус дар назди бегонагон, кори писандида ва оқилона нест. Ҳазорҳо фазлу фазилатҳо пушти сар истодаанд ва ҳамеша мақому манзалати афзал боло меистад. Амнияту осоиштагӣ, осудахотирӣ, истиқлолияти давлатӣ, фазои солиму ором ва ғайра аз ҷумлаи афзалиятҳое мебошанд, ки мебоист ба хотири онҳо сабру таҳаммулро пеша кард.
Дар муроҷиатномаи мазкур омадааст, ки гӯё солҳо пеш меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба созишномаи сулҳи Тоҷикистон тавассути Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда мешуду ҲНИТ сабру таҳаммулро пеша карда буд. Ин дар ҳолест, ки мо фаъолияти озоду густардаи ин ҳизбро дар тамоми даврони истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ шоҳид ҳастем ва касе ҳам ин масъаларо инкор карда наметавонад.
Масъалаи дигар ин аст, ки гӯё Ҳукумат аъзои ҳизби мазкурро бе ҳеҷ ҷурму ҷиноят таъқиб намуда, бо баҳонаҳои гуногун ба ҷавобгари ҷиноятӣ ва маъмурӣ мекашонад. Дар урфият гуфтаанд: “То шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад”. Баҳонатарошиҳои Ҳукуматро намедонам, вале баъзе аз саркардагони ин ҳизб “Ситораҳои филмҳои фаҳш” дар интернет шуданду ҷиноятҳои аҷибу ғариб, аз савдои замин сар карда, то доштани яроқҳои ғайриқонунӣ бо эътирофи худашон барояшон ошкор карда шуд. Агар волоияти қонунро талаб доред, бояд шумо ҳам онро риоят мекардед, то гирифтори ҷазоҳои қонунӣ намешудед. Аён аст, ки ба дилхоҳ кирдори ҷиноятие, ки аз ҷониби ашхос новобаста аз узвият ба ин ё он ҳизб содир мешавад, тибқи қонун ҷазо татбиқ мегардад ва ин маънии таҳқир намудани он ҳизбе нест, ки ҷинояткор аъзои он бошад. Вақте ки аъзои ин ё он ҳизб ҷиноятеро содир кард, масъулини он бояд ҷазои онро таҳаммул кунанд.
Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз нишонаҳои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, пеш аз ҳама, аз ҷониби Роҳбари давлат давра ба давра пиёда кардани сулҳи сартосарӣ, аз байн бурдани фазои бадбинӣ нисбати якдигар, задухўрдҳои мусаллаҳона, пурра аз байн бурдани гурўҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст, таҳкими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандон, қонунгузории кишвар ва аз ҳама муҳим, фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати рушду нумўи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат маҳсуб мешавад ва аз он ки дар муроҷиатнома аз вазъи номуносиби кишвар ва «аъмоли ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ ва саркўбгароёнаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба шахсиятҳо, аҳзобу гурўҳҳои сиёсӣ ва мазоҳиби мухталиф» ёдрас шудааст, бо як қатор далоили возеҳ ва мавҷудбуда аз воқеият дур аст:
1. Агар манзур аз «аъмоли ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ ва саркўбгароёна», ки дар муроҷиатнома зикр шудааст, даст доштани баъзе аз аъзоёни ҳизб дар содиркунии кирдорҳои ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ бошад, пас, тадбирҳои мақомоти дахлдор дар самти ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ ҷалб намудани афроди муҷрим тибқи талаботи қонунгузории кишвар асоснок сурат гирифтааст.
2. Дар муроҷиатнома вазъ «номуносиб» арзёбӣ шудааст. Оё ҳамин тинҷиву осоиштагие, ки дар кишвари азизамон танинандоз асту аҳзоби гуногуни сиёсӣ фаъолияти хешро роҳандозӣ доранд; ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи эътимоду боварӣ бо мо робитаҳои ҳамаҷониба дорад; раҳбарияти кишвар дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ватаниву байналмилалӣ роҳи сулҳу субот, ободиву созандагӣ ва бозсозии кишварро пеш гирифтааст ва инчунин шаҳрвандон аз ҳуқуқу имтиёзоти худ истифода мебаранд, шаҳодат аз вазъи мусоид нест? Кадом вазъият қаблан бар хилофи меъёрҳои тавофуқнома анҷом шудааст, ки дар ҳошияи он тадбирҳои лозима андешида нашуда бошад?
Дигар ин ки, гӯё бе далел аъзои ин ҳизб аз вазифаҳои ҳукуматӣ барканор шудаанд. Агар шумо аз уҳдаи вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ баромада метавонистед, шояд масъала ранги дигар мегирифт. Кори давлатӣ ва иҷрои вазифаҳои пурмасъулият бо шиордиҳӣ ва айбҷӯии дигарон хеле фарқ дорад, бародарон.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи худ боис шудааст, ки аъзоёни ин ҳизб тарки Ватан намудаанд. Бародарон, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ як таҷриба ва як ҷараёни табиӣ дар ҷаҳони имрӯз аст. Миллионҳо нафар одамон дар Шарқу Ғарби ҷаҳон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванду касе ба СММ шикоят намекунад, вале шумо нисбати аъзоёни худ “ғамхорӣ” нишон медиҳед. Охир, фақат аъзои ҳизби шумо будан зиндагиро таъмин намекунад, шояд ва ё дар воқеъ мисли дигар одамон онҳо низ барои касбу кор муҳоҷират намудаанд.
Дар охир гуфта шудааст, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҳаракатҳои террористӣ пайваст шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ шуда истодааст ва ин метавонад амнияти минтақаро таҳдид намояд. Камтар инсоф доштан ҳам зарар надорад. Агар шумо нияти ба хатар андохтани амнияти минтақаро доред, чаро онро ба дигарон нисбат медиҳед. Оё дар дунё ягон ҳукумате ҳаст, ки амнияту оромиши минтақаи худро нахоҳад? Агар фидокориҳои Сарвари ҳамин Ҳукумат намебуд, маълум набуд, ки имрӯз Тоҷикистон дар чӣ вартаи сиёсиву низомӣ гирифтор мешуд. Агар ҳизбҳои динӣ боиси оромиши ҷомеа мешуданд, мо имрӯз дар кишварҳои Афғонистону Покистон оромиш медидем.
Ду мушкили асосӣ дар ҳизбҳои динӣ вуҷуд дорад, ки хатарнок ва нокоромад будани онҳоро дар ҷомеаи мусулмоннишин ошкор мекунад.
Якум ин ки, бо ташкили чунин ҳизб дар ҷомеаи мусулмоннишин дудастагӣ ва чанддастгиву фитнаву тафриқа эҷод мешавад. Зеро мусулмонон ба ҳизбӣ ва ғайриҳизбӣ ҷудо мешаванд. Ин хилофи ҳадафи дини Ислом ва дастуроти Қуръони карим аст, ки фитнаву тафриқаандозиро аз куштор ҳам бадтар медонад (сураи «Бақара», оятҳои 191, 217).
Дуюм ин ки, пайравони ҳизбҳои динӣ фақат худро мусулмон дониста, дигаронро диндор намеҳисобанд. Агар дар аввали ташкили чунин ҳизбҳо эҷоди дудастагии фикрӣ мешуд, ин кор боиси мухолифати физикии мусулмонон бо ҳамдигар мегардид. Аз ин ҷо ба баъд ошўбу даргириҳо байни пайравони ин ҳизбҳо ва ё байни ҳизбиҳову ғайриҳизбиҳо оғоз меёбад. Ҳамаи бадбахтиҳои кишварҳои ҳамсоя, ки дар боло зикр шуданд, маҳз ба ҳамин сабаб аст.
Илова бар ин, кор дар ин марҳала тамом намешавад, балки аз ин миён гурўҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое пайдо мешаванд, ки ба ғайри худ ҳамаро кофиру мушрик меҳисобанду ҷону молу номуси онҳоро барои худ ҳалол ҳукм мекунанд. Намунаи ошкори он давлати ба ном исломии ДИИШ мебошад.
Идомаи муҳтавои муроҷиатнома аз суханҳои умумие иборат аст, ки воқеият надоранд. Аз ҷумла, тадбирҳои мақомоти давлатии кишварро муқобили Созишномаи сулҳ ва Конститутсия (Сарқонун) донистан, ки беасос ва аз воқеият дур аст. Набояд фаромўш кард, ки ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу давлатдорӣ ва ба миён омадани хавфу хатар ва таҳдид ба сохтори конститутсионӣ, давлат дар доираи Конститутсия (Сарқонун) метавонад ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонашро то андозаи лозимӣ маҳдуд созад. Набояд фаромўш кард, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад» ва агар фаъолияти ин ё он ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе ба тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи минбаъдаи мамлакат халал ворид созад, давлат вазифадор аст, ки ҷиҳати рафъи хатар чораҳои қатъӣ андешад.
Ислом омадааст, то ба инсонҳо сулҳу сафо ва зиндагии гуворо пешниҳод намояд, аммо бо дидани ин амалҳо инсон дар ҳайрат мемонад, ки ба қавли шоир: “Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳар ду”.
Як ҷомеае, ки аксари онро мусулмонон ташкил медиҳанд, дар интихоби роҳбар ва сохтори давлатдорӣ озоданд. Дин барои мо сохтори муайяни давлатдориро таъин накардааст. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва роҳу равиши худро дар зиндагӣ ва давлатдорӣ интихоб намудаем. Роҳбари Давлат аз назари дин барои мо улил-амр маҳсуб мешавад, ки итоати ӯ барои мо лозим ва воҷиб аст. Итоати амирон дар таълимоти дини мубини Ислом ибодат аст. Худованд роҷеъ ба итоати амирон мефармояд: «Эй мўъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва пайғомбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед. Пас, чун дар чизе ихтилоф кунед, агар ба Худо ва рўзи охир эътиқод медоред, онро ба сўи Худо ва пайғомбар роҷеъ кунед. Ин ба (эътибори) оқибат беҳтар ва некўтар аст» .
Абӯҷаъфари Табарӣ дар тафсираш дар баёни ин оят мегўяд: «Манзури Худованд аз лафзи «Ули-л-амр» амирону пешвоён мебошад» .
Дар ҳадиси Паёмбар(с) роҷеъ ба итоати амирон омадааст: «Шахсе, ки аз амираш чизеро написандад, бояд сабр кунад ва ҷуз ин нест, ки агар шахсе аз фармони амираш ваҷабе берун гардаду дар ин ҳол бимирад, дар ҳақиқат, маргаш марги замони ҷоҳилият хоҳад буд» .
Дар ҳадиси дигаре Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам итоати амирро ба итоати худаш баробар карда, мефармояд: «Шахсе, ки манро итоат кунад, бешак, Худоро итоат кардааст ва шахсе, ки манро итоат накунад, бешак, Худоро итоат накардааст ва шахсе, ки амири маро итоат кунад, бешак, маро итоат кардааст ва шахсе, ки амири маро итоат накунад, бешак, манро итоат накардааст» .
Абoзар(р) роҷеъ ба итоати амир мегўяд: «Бешак, Халилам(с) маро васият карда гуфт, ки гўш кунам ва итоат кунам, агарчӣ (амир) ғуломи маъзур бошад» . Абузар(р) албатта, бо лафзи «Халилам» Паёмбарро дар назар дорад.
Иҷрои қонунҳои ин давлат ҳам барои ҳамаи мо лозиму воҷиб аст. Як ҷомеаи мусулмонӣ ва роҳбарони мусулмон, охирин хостаи мардуми мусулмон аст ва чизи ғайр аз ин намехоҳем.
Бигзоред, мардум ба роҳи интихобнамудаи худ биравад.
Муроҷиатномаи ҲНИТ ба СММ дар ҳолест, ки имрўз таҷрибаи сулҳофарии мо — тоҷикон вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, воқеияти он бар ҷаҳониён собит гаштааст. Миллати асили тоҷик дар масири таърих ҳамеша дар вазъи сангин ва сарнавиштсози таърихӣ аз хиради азалиаш истифода карда, роҳи наҷотро пайдо кардааст ва минбаъд низ пайдо ҳоҳад кард, зеро ба қавли собиқ Котиби генералии СММ Кофи Аннан «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон овардаанд» («Тоҷикистон», аз 27.09.2001).
Ҳайати кормандон ва устодони
ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифа
Иброҳим Усмонов: «Ҳукумат кафолати якумрии мухолифинро ба зимма нагирифта буд»
Мусоҳибаи АМИТ «Ховар» бо собиқ мушовири президенти Тоҷикистон, профессор Иброҳим Кенҷаевич Усмонов
АМИТ «Ховар»: Шумо яке аз иштирокчиёни фаъоли музокироти чандинсола барои расидан ба сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ будед, шоҳиди бевоситаи муҳимтарин лаҳзаҳои ба имзорасии сулҳ ҳастед. Вобаста ба ҳамин, ба унвони созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон нома навиштани ҲНИТ-ро чӣ гуна метавон шарҳ дод?
Иброҳим Усмонов: Воқеан ҳам ҳукумат ва иттиҳоди нерӯҳои мухолифин – ИНОТ ду тарафи сулҳ ҳастанд. Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин аз якчанд гурӯҳҳо ва ҳизбҳо иборат буд: ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби демократи Тоҷикистон, Маркази координатсионии қувваҳои демократии Тоҷикистон дар Россия, Фонди «Умед» ва дар ибтидо, ҳаракати «Растохез». ҲНИТ дар аввал ҳизби наҳзат ном надошт; ҳаракати наҳзат ё наҳзати ислом номида мешуд.
Дар протоколи ҳарбӣ (низомӣ) банди махсус дарҷ шудааст, ки давраи халъи силоҳ шудани аскарҳои оппозитсион, давраи ба сарбозони ҳукумат ҳамроҳ шудани аскарҳои оппозитсион, замоне ба амал меояд, ки ИНОТ аз блоки (қувваи) ҳарбӣ-сиёсӣ ба блоки оддии сиёсӣ табдил мешавад. Ин сухан дар протокол қайд карда шудааст. Тибқи ҳамин протокол 8-уми августи соли 1999 ҳизби наҳзати ислом, ҳизби демократ ва ғайраҳо ба сифати ҳизбҳои алоҳида пайдо шуданд. Иттиҳоди ҳарбӣ-сиёсии ИНОТ ҳамон вақт ба охир расид, фаъолияташ анҷом ёфт. Баъд аз ҳамин сана дигар ин ташкилот, яъне ИНОТ вуҷуд надорад; иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки дар масъалаи сулҳ бо ҳукумат шартнома имзо карда буд, дигар чунин иттиҳод вуҷуд надорад.
Ҳизбҳои алоҳидае, ки дар таркиби ИНОТ буданд, вуҷуд доранд. ҲНИТ низ аз ҷумлаи ҳамон ҳизбҳоест, ки дар таркиби ИНОТ вуҷуд дошт, вале ин имрӯз ИНОТ нест, ин як қувваи дигари оппозитсионии муосири ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аз рӯйи барномаи худаш амал мекунад. Ин нерӯи мухолифин ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пештара ягон умумият надорад. Ба кадом маъно? Чунки, ҳатто дар интихоботи президентии соли 1999 як гурӯҳе аз аъзои ҲНИТ, аз ҷумла ҷаноби Тураҷонзода ва ҳамроҳони он кас, як гурӯҳ аъзои ҳизби демократии Тоҷикистон бо роҳбарии М.Искандаров номзадии президент Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда буданд, вале қувваи дигари ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии ҷаноби Нурӣ номзадии Давлат Усмонро дастгирӣ карданд. Қувваи дигари демократҳо бошад номзадии Қувватов Султонро дастгирӣ карданд, яъне аллакай дар соли 1999 Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион, ки айни ҳол дар бораи он ҳарф мегӯем, вуҷуд надошт. Ҳоҷати гуфтан ҳам нест, ки имрӯз он иттиҳод вуҷуд надорад.
Дар баробари ҳамин оё ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон метавонад, ки ба касе муроҷиат кунаду манфиати худро пеш гузорад? Дар хусуси муроҷиати онҳо ба кафилони сулҳ мехоҳам як нуктаро қайд кунам. Дар бораи кафилони сулҳи Тоҷикистон протоколи алоҳида санаи 28-уми майи соли 1997-ум дар Теҳрон ба имзо расидааст. Мувофиқи протоколи мазкур созмонҳои байналхалқӣ аз ҷумла СММ, Созмони конфронси исломӣ, ҳамчунин дигар кишварҳо барои давраи гузар дар Тоҷикистон ҳамчун кафили сулҳ баромад мекунанд. Давраи гузар дар Тоҷикистон аз замони ба имзорасии Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ, яъне 27-уми июни соли 1997 то 31-уми марти соли 2000-ум давом кард. Кафилони сулҳи Тоҷикистон маҳз барои ҳамин давра ташкил шуда буд. Яъне он мамлакатҳо ва созмонҳо дар ҳамин давра кафили сулҳи Тоҷикистон буданд. Барои таъмини кафолати сулҳи Тоҷикистон гурӯҳи «Робита» ташкил шуда буд. Роҳбари гурӯҳи «Робита»-ро намояндаи СММ таъин мекард. Гурӯҳи «Робита» 18-уми апрели соли 2000-ум кори худро ба анҷом расонида расман изҳорот паҳн карда буд, ки «Ба сабаби дар Тоҷикистон барқарор шудани сулҳ, ба сабаби ба вуҷуд омадани оштии миллӣ ва ҷорӣ шудани ҳамкориҳо гуруҳи «Робита» фаъолияти худро расман ба анҷом мерасонад».
Ба ибораи дигар ҳар он масъулияте, ки ҳукумат дар масъалаи сулҳ бо ИНОТ ба зиммаи худ гирифта буд ба ҳамон давраи гузариш тааллуқ дошт. Дар Низомномае, ки моҳи феврали соли 1997-ум дар Машҳад ба имзо расидааст, гуфта шудааст, ки давраи гузариш муддати якуним-ду сол давом мекунад ва дар охири давраи гузариш дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Яъне, барпошавии интихоботи парлумонӣ ин ба охиррасии давраи гузариш мебошад.
Ҳукумат кафолат нагирифтааст, ки якумр ҳамроҳи ин нерӯҳо масъалагузорӣ кунаду созиш кунад. Ҳукумат кафолат гирифта буд, ки «мо барои мухолифин шароит ба вуҷуд меорем, ки онҳо дар интихобот иштирок кунанд, тавонанд ғалаба кунанд, ба шохаҳои ҳукумат расанд».
Баъд аз пушти сар кардани давраи гузариш дар Тоҷикистон дигар на тарафи ҳукумат мавҷуд асту на тарафи оппозитсион. Ҳама тоҷик, ҳама Тоҷикистонӣ мебошанд ва ҳар касе ба кор қабул карда мешаванд, минбаъд танҳо аз рӯи тоҷикистонӣ буданаш, барои ба халқи Тоҷикистон хизмат карданаш, ба кор пазируфта мешаванд, на аз рӯи мансубият ба ин ё он ҳизби сиёсӣ. Моҳияти ҳамаи протоколҳои дар давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон ба имзорасида маҳз аз ҳамин мақсад иборат аст, ки бо ба анҷом расидани давраи гузариш дигар на ҳукуматӣ ва на ғайриҳукуматӣ набояд бошад. Суйистифода кардан аз ин ки масалан, чаро ба мо нигоҳ намекунанд ва ё ин ки мо будему акнун моро фаромӯш кардаанд — ҳар гуна қувва ва ё ҳизбе, ки чунин даъвоҳо мекунанд, ин даъво ва ин сухани онҳо сохта мебошанд. Зеро муҳлати протоколҳои имзошуда, даврони кафилҳои сулҳи мо, ҳамаи ҳуҷҷатҳо, татбиқи ҳуҷҷатҳо, созишномаҳо, бо баргузор шудани интихоботи президентӣ ва интихоботи парламентӣ 31-уми марти соли 2000-ум дар Тоҷикистон ба анҷом расидааст. Дар ҳамон давра ба таври расмӣ изҳорот ҳам дода шуд, ки Комиссияи оштии миллӣ фаъолияти худро ба охир расонд.
АМИТ «Ховар»: Мешавад гуфт, ки баъд аз соли 2000-ум дигар ҳар ҳодисаву аъмоле ки сар заданд руйи варақи тоза омадааст ва ё ба таври дигар гӯем аз сифр оғоз гардиданд ва он ба гузашта ягон рабте надорад?
Иброҳим Усмонов: Бале! Аз 31-уми марти соли 2000-ум ба ин тараф ҳар кадом ҳизб ба сари худ кор мекунад. Иттиҳоди ҳизбҳо аз 31-уми марти соли 2000-ум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Албатта ҳар ҳизб ҳуқуқ дорад дар бораи аз чизе норозӣ будани худ изҳорот диҳад, ин ҳуқуқ ва кори ҳар ҳизб ҳаст, вале агар аз номи дигарон, бо истифода аз номи дигарон баромад кунад, ин аллакай амали нодуруст мебошад.
АМИТ «Ховар»: ҲНИТ изҳор кардааст, ки мо ваҳдатро «бойкот» кардем, оё онҳо ҳуқуқ доранд сулҳи як миллат, як кишварро «бойкот» кунанд?
Иброҳим Усмонов: Аввал ин ки ваҳдат бо «байкот» кардани як кас — ду кас ва ё як ҳизб аз байн намеравад. Дигар ин ки, ваҳдат ин ба вуҷуд омадани иттиҳодро ифода мекунад. Агар онҳо дар ҳақиқат ҳам гуфта бошанд, ки мо ваҳдатро «байкот» кардем, пас онҳо гуфтан мехоҳанд, ки мо дигар бо роҳи ваҳдат пеш рафтан намехоҳем. Инро ҳамин хел маънидод кардан мумкин аст. Ва ё онҳо гуфтан мехоҳанд, ки мо дигар ба сулҳи Тоҷикистон шарик нестем.
Саволи дигаре пайдо мешавад, ки онҳо ба кӣ арз кардаанд? Масалан, нерӯҳои сулҳсози СММ дар Тоҷикистон фаъолияти худро соли 2007-ум ба анҷом расониданд. Охирин роҳбари он муҳтарам Сатиров буд. Яъне, СММ ба амалиёти худ барои сулҳсозӣ дар Тоҷикистон кайҳо нуқта гузоштааст. СММ ҳанӯз соли 1997 боварии қатъӣ ҳосил кард, ки Тоҷикистон бо роҳи сулҳу осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмии ҳамаи ҷонибҳо, бе мавҷудияти кадом сохтори алоҳида пеш рафта метавонад, бинобар ҳамин фаъолияти худро ба анҷом расонид. Аммо ҳар норозигие, ки аз тарафи кадом ҳизбе ё нерӯе пайдо шуд ба он марҳала тааллуқ дошта наметавонад.
АМИТ «Ховар»: Шумо ёд доред, ки соли 1991-ум низ як гурӯҳ созмону ташкилотҳои демократӣ ба ФР муроҷиат карда буданд ва барои баррасии он муроҷиат ба Душанбе аз Маскав як гурӯҳ «падарони демократияи рус» омада буданд, ки баъд аз дахолати онҳо вазъият дар Тоҷикистон мураккаб шуд, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, нерӯҳои солим дар канор рафтанд ва дар майдон ҳамон нерӯе монд, ки бо зури силоҳ ва тарс додан мехост ҳукуматро ба даст гирад. Оё эҳтимоли такрор шудани он ҳолат вуҷуд дорад?
Иброҳим Усмонов: Бояд гуфт, вақте он нерӯҳо ба Маскав муроҷиат карда буданд Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва он муроҷиату он вокунишҳои Маскав мантиқ дошт, ки мехост дар як ҷумҳурии дигари шӯравӣ низ режими комунистӣ аз байн равад. Аммо имрӯз ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба кӣ муроҷиат кардааст? Магар мо пойбанд ва ё дар таркиби сохтории ягон созмони байналхалқӣ ҳастем, магар мо вобастаи он кишварҳои кафил (кафолатҳое, ки муҳлаташон расман ба анҷом расидааст) ҳастем? Ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ мекунад, бо онҳо созишномаҳои гуногун оид ба ҳалли ин ё он масъала мебандад, бо ташкилотҳои байналхалқӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ шарик ҳаст, на ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон. Ин ҳукумат бояд ба ташкилотҳои байналхалқӣ муроҷиат кунад, на кадом як ҳизби дохилӣ. Агар аз кори дохилии кишвари мо кадом ҳизбе норозӣ шуда бошад ва манфиати худашро ба воситаи ташкилотҳои байналхалқӣ ҳимоя кардан мехоста бошад, пас он бояд ҳамчун ҳизб баромад кунад, на ҳамчун намояндаи як гурӯҳи дар кадом вақт буда. Ҳеҷ ҳизб ҳақ надорад даъво кунад, ки мо меросхӯри Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ҳастем. Дар Тоҷикистон чунин меросхӯр нест, на ҳизби демократ, на ҳизби наҳзати ислом, на дигар қувваҳое, ки дар он сулҳ шарик буданд. Инҳо меросхӯр нестанд, зеро онҳо ҳамаашон фаъолияти худро аз нав оғоз кардаанд. Як протокол ҳаст бо номи протоколи сиёсӣ, ки агар хато накунам 19-уми моҳи майи соли 1997-ум дар Бишкек ба имзо расида буд. Дар он протокол гуфта мешавад, ки ҳизбҳои сиёсии иштирокчии ин воқеаҳо аз нав номнавис намешаванд ва ё агар фаъолияташон манъ шуда бошад Суди олии Тоҷикистон он гуна қарорро бекор мекунад. Аз ҳамин протокол ҳизби наҳзат истифода бурд ва як қисми ҳизби демократ низ истифода бурд. Акнун онҳо ба сифати ҳизб дар майдони сиёсӣ монданд ва минбаъд ҳар кадоме аз онҳо бо роҳи худ, (демократҳо бо роҳи худ, исломиҳо бо роҳи худ) фаъолият карданд. Аммо саволи дигаре пайдо мешавад, ки оё он фаъолияти ҳизбҳо ба фаъолияти ҳизбӣ мувофиқ буд ё не? Фикр мекунам, мушкилот аз ҳамин ҷо сар зад, яъне дар паҳлӯи фаъолияти ҳизбӣ фаъолияти динӣ низ ба вуҷуд омад. Фаъолияти динӣ, ман гумон намекунам, ки ба фаъолияти ҳизбӣ мувофиқат мекарда бошад, ҳизб дигар аст, дин дигар. Агар ҳизби наҳзат мувофики мақсаде, ки дар наздаш гузошта шуда буд, яъне тибқи қонунҳои кишвар, бо риояи системаи давлатии дунявии Тоҷикистон фаъолият мекунад, яъне агар фаъолияташ ба инкишофи демократии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад, пас он метавонад фаъолияташро идома диҳад, лекин агар ба ин мувофиқат намекарда бошад, пас мақомҳое, ки ба ин кор машғуланд, бояд ин масъала, тақдири минбаъадаи ҲНИТ-ро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Асоси ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба имзорасида протоколи 17-уми августи соли 1997 ба ҳисоб меравад, ки дар он гуфта шуда буд, ки риояи Конститутсияи Тоҷикистон вазифаи асосии сулҳсозӣ дар Тоҷикистон мебошад.
АМИТ Ховар: дар яке аз маҳфилҳои «Гуфтугӯи тамаддунҳо» вобаста ба пойдории сулҳи тоҷикон Шумо таъкид карда будед, ки «Чунин сулҳ дигар намешавад!»
Иброҳим Усмонов: Рост аст! Он чизе ки ба даст овардем бо ҳама нозукиҳояш, бо ҳама камбудиҳояш, ба манфиати миллати мо анҷом ёфт. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ин сулҳро нигаҳ дорем ва ҳифз намоем.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
Изҳороти Прокуратураи генералӣ оид ба муроҷиати ғайриқонунии ҲНИТ
нашр шуд 08-07-2015 18:17
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма муроҷиатҳои роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хусуси мавриди таъқибу фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ҳизби мазкур ва аъзои он ба нашр расида истодаанд.
Аз ҷумла, дар муроҷиати Шўрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2015 ва номаи роҳбарияти ҲНИТ ба Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Иттиҳоди Аврупо ва роҳбарони як зумра давлатҳо аз 1 июли соли 2015 қайд шудааст, ки талабот ва меъёрҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол гардида истодааст.
Вобаста ба ин бояд зикр кард, ки Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, ки ҳамчунин 7 протокол ва 1 низомномаро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст.
Дар асоси Созишномаи мазкур намояндагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ворид шуданд. Қисми онҳо бо расидан ба синни муайян ба нафақа рафта, қисми дигаре, ки дорои қобилияту касбияти зарурӣ мебошанд, то ҳоло дар мансабҳои гуногуни давлатӣ адои вазифа менамоянд. Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ манъ гардида буд, аз нав ба фаъолият шуруъ намуданд. Даҳҳо ҳазор гурезагони тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Танҳо дар давоми се соли баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳолӣ 8152 адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ нигох дошташаванда гирифта шуд. Дар асоси Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1 августи соли 1997 5365 нафар аъзои Иттиҳоди неруҳои мухолифин, ки дар ин муқовиматҳо иштирок доштанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.
Дар муроҷиатҳои худ Шўрои сиёсии ҲНИТ зикр намудааст, ки ҳизб солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифта, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд.
Ин исрори роҳбарияти ҲНИТ ягон воқеият надошта, ҳама муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонида шудаанд.
Аз ҷумла, 25 апрели соли 2015 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон У. Ҳисайнов бо аризаи хаттӣ дар мавриди зери таҳқиру фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани аъзои ҳизб муроҷиат намуд. Аризаи мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гўё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, суҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд.
Аз натиҷаи санҷиш 25 майи соли 2015 ба муаллифи муроҷиат ҷавоби муфассали хаттӣ ирсол карда шуд.
Дар муроҷиати Шўрои сиёсии ҲНИТ инчунин аз кашида гирифтан ва тахриб намудани моликияти ҳизбӣ ва шахсии аъзои он сухан равад ҳам, барои тасдиқи ин гуфтаҳо ягон ҳолати мушаххас ё худ далели аниқ оварда нашудааст.
Дар баробари ин, муайян гардид, ки роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад.
Раиси ҲНИТ Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ аст.
Бинобар ин, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 апрели соли 2015 натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя беэътибор дониста шудаанд.
Ваҷҳҳои роҳбарияти ҲНИТ оид ба таъқиби беасоси аъзои ҳизб низ асоси воқеӣ надоранд. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, яке аз принсипҳои қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ногузирии ҷавобгарӣ мебошад.
Аз ин рў, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки нисбат ба ҳар шахси ҷиноят содиркарда, сарфи назар аз узвияти ҳизбиаш, чораҳои қонунӣ андешанд ва ҳуқуқ надоранд, ки танҳо ба хотири аъзои ин ё он ҳизб будани шахс, ўро аз ҷавобгарӣ дур намоянд.
Маълумоти мавҷуда нишон медиҳанд, ки танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногун содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. Аз ин, нисбат ба 22 нафаре, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ин давра 17 нафар аъзои ҲНИТ бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз қабили ташкили иттиҳодияхои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Масалан, тафтиши куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт соли 2010 аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятии аъзои иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Аловуддин Давлатов бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Абдулло Раҳимов бо тахаллуси “Мулло Абдулло” нишон дод, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов ба ин иттиҳоди террористии бародараш Аловуддин Давлатов шомил гардида, ҳангоми ба гурӯҳи мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир шуда, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 21 январи соли 2011 барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.
Ё худ, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил ва моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишони “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон дод. Бинобар ин, номбурда бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2013 дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зўроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндаи ҳокимият гунаҳкор дониста, ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳамлаи яроқнок ба намояндагони ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳалокат расида, аз ў автомати тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров” гирифта шуд.
Ё ин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхуҷа, Шарипов Муссаямхуҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳонӣ нигоҳ дошта, бо ҷои хоб ва хўрокӣ таъмин намуда, худ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.
6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва Турсунов А. дастгир гардида, бо ҳукми суди вилояти Суғд маҳкум гардиданд.
Дигар ҷиноятҳои содирнамудаи аъзои ҲНИТ ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, оила ва ноболиғон, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ равона шуда, чунин ҷиноятҳоро ҳатто намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи ҲНИТ ба монанди узви Шўрои Раёсати Олӣ ва раиси шўъбаи илм, фарҳанг ва таблиғоти ҲНИТ Саид Иброҳими Назар ва дигарон содир намудаанд.
Мушовири раиси ҲНИТ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва дар як вақт аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷалолиддин Бурҳонидинович бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи шахсон яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои таркишро ба миқдори калон солҳои тўлонӣ ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст, ки онҳо 9 феврали соли 2015 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва мусодира гардида, номбурда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Гарчанде ҳолатҳои ба фисқу фуҷур ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ низ даст задани аъзо зиёд бошад ҳам, роҳбарияти ҲНИТ ягон нафари онҳоро барои ин аъмоли нанговар ва ҷиноятҳои дар боло номбурда аз сафи худ хориҷ ва расман маҳкум накардааст ва ягон маротиба оид ба нораво будани даст задан ба ифротгароӣ ва зарурати муқовимат ба терроризм, ки аз масъалаҳои доғи ҷомеа мебошад, изҳороте пахш накарда, дар ин хусус байни аҳолӣ ва бахусус ҷавонон ягон чорабинии тарғиботию ташвиқотӣ доир накардааст. Ин беамалӣ аз ризояти хомӯшонаи роҳбарияти ҲНИТ ба амалҳои номатлуби аъзои ҳизб ва ҳамраъйӣ бо созмонҳои ифротгаро шаҳодат медиҳад.
Табиист, ки ҳолатҳои номбурда, инчунин даст кашидан аз иштирок дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, тарбияи аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ба ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб даст задани худи роҳбарон боиси тадриҷан костани мақоми узвият дар ҲНИТ ва сафҳои онро ихтиёран тарк кардани аъзояш гардид.
Ҳамаи ин боиси он гашт, ки дар интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2015
ба ҲНИТ ҳамагӣ 1,5 фоиз интихобкунандагон раъй додаанд, ки ин аз паст рафтани нуфузи ҲНИТ ва аз даст додани мавқеи он дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Раванди хориҷшавии аъзо аз ҲНИТ идома дошта, созмони мазкур мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияти он тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”доштани аъзо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, аз даст додааст.
Бояд хотиррасон кард, ки Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 санади таърихии миллат буда, ХНИТ ҳуқуқи таҳти суол қарор додани натиҷаҳои онро надорад, зеро Созишномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на бо Ҳизби наҳзати исломӣ, балки бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон, ки ғайр аз ҲНИТ ҳамчунин аз намояндагони Ҳизби демократии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон, созмони “Лаъли Бадахшон” ва намояндаи муҳочирони тоҷик иборат буд, ба имзо расонида шудааст.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки муроҷиати Шӯрои сиёсии ХНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафил амали ҳангомаҷӯёна буда, хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд.
8 июли соли 2015
Муроҷиатномаи аҳли маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Чун анъана, 27 июни соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон 18-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро, ки барҳақ Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шудааст, бо дили кушод ва умед ба зиндагии боз ҳам шоиста ҷашн гирифтанд. Воқеан, кист, ки дар ин рӯзи фараҳбахш шоду хурраму масрур ва аз тақдири худ розӣ набошад?! Бемуҳобот, баракати ин рӯзро ҳар фарди ҷомеа ҳар лаҳзаву ҳар соат мушоҳида мекунад. Аммо мушоҳида карда истодаем, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин рӯзҳо бо муроҷиатномаҳои бепояи хеш ба унвони Роҳбари давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ коҳи куҳнаро бод медиҳанд.
Бояд гуфт, ки чун тамоми мардуми шарафманд ва равшанфикри Тоҷикистон аҳли маорифи кишвар, омӯзгорону устодон ва донишҷӯёну толибилмон, ки дар ҳама давраи таърих парчамбардорони маърифат буданд ва корнамоиҳои онҳо дар солҳои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри решакан кардан ва барафкандани занҷири асорат, торикӣ, ҷаҳолат ва ба маърифату илмомӯзӣ ҷалб кардани оммаи халқ аз хотирҳо зудуда нашудааст, ин рӯзи мубораку таърихиро дар ҳаёти мардуми тоҷик бо рӯйи сурху сарбаландӣ таҷлил карданд. Аз дасти «ҳомиён»-и шариат куштану ба дор кашидани муаллиму муаллимаҳо дар он солҳои ваҳшатбор аз хотирҳо зудуда нагаштааст. Мутаассифона, имрӯз ҳастанд онҳое, ки бо тарғиби рӯҳониёни ҷоҳил, исломиёни сиёсатгаро кӯркӯрона рафтори он хуношомонро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва ин сиёсати ваҳдаткушро нисбат ба парчамбардорони чароғи маърифат идома доданӣ мешаванд. Мабод он рӯз! Чароғи маърифат хомӯш нахоҳад гардид, чунки мардуми шарифи Тоҷикистон оқибати исломи сиёсӣ, сиёсати хавфнокро медонад ва роҳ нахоҳад дод, ки ҷомеа дубора ба хоку хун оғӯшта гардад. Ҳоло аз он муддат вақти зиёд нагузаштааст, ки рӯҳониёни ҷоҳил ва нав сар бароварда, бо ташвиқи гурӯҳҳои тамаъкор, ҳизбҳои дурӯғин ва авомфиреб чун ҳизби наҳзати исломӣ муаллимро кофир ва ҷанозаашро нораво эълон карданд. Ин хатар ҳоло ҳам аз миён нарафтааст. Агар пеши роҳи ин ҷоҳилон гирифта нашавад, ба таъбири устод Садриддин Айнӣ, ба даҳонашон мӯҳри хомӯшӣ зада нашавад, дере нагузашта, ҳазору як шарти дигар ба миён мегузоранд, чун: нодуруст будани ҷашни сари соли нави милодӣ, Наврӯз, Сада ва ғайраву ҳоказо. Дар тамоми таърихи мавҷудияти ислом Наврӯзро манъ накарданд. Аммо имрӯз «ҳомиён» ва «донишмандон»-и ислом пайдо шудаанд, ки Наврӯзро куфр ҳисобиданд. Таърих магар рафтору кирдори ин ваҳшиёни ҷоҳилро кам дидааст? Имрӯз ҳам ин ҷаҳолати онҳо дар ақсои олам аз тарафи гурӯҳҳое бо номи Толибону ҷонибдорони ДОИШ ва ғайра идома дорад. Пас, биёед, ба хотири зиндагии осудаву оромии ин миллати заҳматкаш аз фиребу риё ва таассуб дур бошем.
Дар ин рӯзҳои тантанаи адолат ва солгарди Ваҳдати миллӣ роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боз бо кадом нияте ба Дабири кулли СММ, ҷаноби Пан Ги Мун ва роҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи «Тамос» ба ном барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардаанд. Мо, аҳли маориф аз ин амали хушунатбор, авомфиребона ва риёкоронаи шумо, ҷанобон, муздурони сиёсати гурӯҳҳои иртиҷоии хориҷӣ ангушти ҳайрат газидем ва изҳори таассуф мекунем. Наход шуморо таҷрибаи гузашта дарс нашуда бошад?
Биёед, аз нуқтаҳои асосии навиштаҳои шумо шурӯъ мекунем. Шумо дар оғоз аз кадом «амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриаҳлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати ҷумҳурӣ» ҳарф мезанед? Кадом амали ғайриқонунӣ? Магар шумо қонуни давлати ҳуқуқбунёд ва дунявию демократиро медонед? Агар медонистед, мефаҳмидед, ки дин озод аст, аз давлат ҷудост ва ҷудо намудани мардум ба ҳар гуна тариқату мазҳаб нодуруст аст. Ҳар гуна таъқибу тарғиб, болову паст шуморидани шаҳрвандон мумкин нест. Шумо дар ин бора ҷор заданро дӯст медоред, ки фалон дарсади аҳли мамлакат мусулмонанд ва онҳо бояд нисбат ба дигарон сарбаланду имкони иҷрои рукну шариати худро дошта бошанд. Ҳамин тавр ҳам аст: аҳли ислом тамоми имкониятҳои иҷрои рукнҳои исломии худро доранд ва онҳоро иҷро мекунанд ва касе онҳоро барои ин таъқиб ҳам накардааст. Шумо, роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ манфиати гурӯҳи хурди рӯҳониёти худхоҳ, мансабпараст, ҷудоиталаб ва сиёсатмаобро мехоҳед. Ҳол он ки аксари мардуми одии мусулмон ба ин кору кирдори шумо сару коре надоранд ва аз ин савдои зиёнбори шумо дуранд.
Бале, 18 сол пеш бо ҳадафи инсондӯстонаи роҳбарияти мамлакат, миёнаравии ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои дӯсти ҳамсоя Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Нуқтаҳои онро роҳбарияти мамлакат, қисми тараққипарвари ҷомеаи ҷаҳонӣ дурусту саривақтӣ дониста ва ба он арзи эҳтиром гузоштанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат аз амалҳои нодурусти баъзе ашхоси кӯрдил, ҷиноятпеша, мардумозор, фиребгар, бадаҳлоқ дар паси пардаи дин чашм пӯшад. Имрӯз давлат мустаҳкам шудааст, худро ҳифз карда метавонад, манфиати милливу халқи заҳматкашро ҳимоя мекунад, қувваи кофӣ дорад, ки алайҳи ҷинояткорон истодагарӣ кунад ва мубориза барад. Шумо беҳуда дар чунин вазъи ҳассос аз риояи кадом як нуктаҳои созишнома ҳарф мезанед. Баъдан фаромӯш набояд сохт, ки Ҳукумати кишвар бо мухолифини вақт Созишномаи сулҳро ба имзо расонида буданд, на бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки онро ҳамчун истеҳкоми худ қарор додаанд.
Бо вуҷуди ин, Ҳукумати кишвар ба хотири устувории сулҳ ва ваҳдати умум ба Ҳизби наҳзати ислом дасти иттиҳом ва ҳамкорӣ дароз кард ва дар интихоботи пешин барои ба Парлумони мамлакат роҳ ёфтани он фазои мусоиди сиёсӣ эҷод кард. Аммо роҳбарияти ҳизб аз ин имконият ҳамчун ҳизби воқеъгаро ва иштирокчии фаъоли ҷомеаи навин дар роҳи такмили ҷомеа ва беҳбуд бахшидани вазъи мардум ягон пешниҳоди конструктивӣ накардааст ва фақат дар пайи эҷоди тафриқа дар миёни мардуми эътиқодманди дини мубини ислом мебошад. Албатта, метавон гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ҳаққи ба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданро дорад, ҳизбест, ки дар қатори ҳашт ҳизби кишвар то ин вақт фаъолият дошту дорад. Инчунин гирифтани пеши роҳи муллоёни авомфиреб, аз ҷумла аъзою тарафдорони ҳизби шумо ҳеч гоҳ маънои чи хеле ки гуфтаед, «сиёсатҳои интиқомҷӯёна, саркӯбгароёна ва таҳдиду фишор алайҳи шарикони сулҳ »-ро надорад. Агар шумо лаҳзаҳои фош кардани афроди фиребгару ҷинояткорро дар назар дошта бошед, онҳо ба ҷониби дигари ҳуҷҷати сулҳро имзо карда наздикие надоранд. Шумо бо ин ҳарфҳоятон худро фош месозед, ки дар сафҳоятон чунин ашхоси ҷиноятпеша ҳастанд ва ҳарос доред, ки онҳо фош мешаванд. Аз тарси ҷон созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, шарикони сулҳро ба ёрӣ ва шоҳидӣ даъват мекунед. Аммо ин тиратон хок мехӯрад. Шумо давлату миллати тоҷикро тарсонда, ба зону шинонда наметавонед.
Дар муроҷиатномаатон дар бораи аз узвияти ҳизби шумо маҷбуран даст кашидани «ҳазорон нафар ва ба хориҷа ҳиҷрат» намудани онҳо ҳарф мезанед. Мо, омӯзгорон, ки ҳамеша дар байни мардум ҳастем, ба ҳазорон нафар будани узви шумо шак дорем. Баъдан, аз ҷавобгарӣ ба хориҷа гурехтани чанд нафар ҷиноятпеша маънои ҳазорон нафарро надорад ва он ба халқи одии заҳматпеша муносибате дошта наметавонад. Шумо мақомоти Тоҷикистонро бо он тарсонданӣ мешавед, ки пешгирии ҷиноятпешагон, кирдорҳои ношоями чанде аз рӯҳониёни ифротӣ сабаби «ба гурӯҳҳои радикалии пинҳонӣ пайвастани аҳолӣ ва мусаллаҳ шудани онҳо» мегардад. Чунин гурӯҳҳои тундрав аллакай пайдо шудаанд ва худатон медонед, ки дар хоки кишварҳои наздик амал мекунанд ва ба сари мардуми он кишварҳо фалокатҳои зиёдро бор кардаанд. Боз аз дохили кишвари ободу озоду ороми Тоҷикистон гӯё онҳоро ба ёрӣ даъват мекунед. Барои шумо сулҳу оромии чанд кишвари мусулмонии боқимондаи Осиёи Миёна гӯё зиён меорад ва мехоҳед ин кишварҳоро ҳам ба доми бало гирифтор кунед.
Пурсида мешавад, чӣ намерасад ба мардуми мусулмони мо, ки мусаллаҳ шуда, аз ҳаққи худ дифоъ кунанд. Дар мамлакат ҳазорҳо масҷиду даҳҳо мадрасаҳо амал мекунанд. Ё мегирем, вақтҳои охир, думравони шумо масъалаи «бастани» гимназияи исломиро бардоштаанд. Ҳеҷ кас ин гимназияро набастааст. Дар чанд соли охир бо як низом ҳукумат бинову муассисаҳои таълимии дар солҳои нооромӣ ғайриқонунӣ шахсишударо баргардонда истодааст. Теъдоди чунин муассисаҳои ба дасти корчаллонҳо афтида хеле зиёд буд. Акнун ангуштшумор мондааст ва бинои гимназия ҳам аз ҷумлаи онҳо буд, ки бо дасти як нафар хориҷӣ шахсӣ шуда буд ва то ба ин вақт фоидааш ба киссаи хориҷиён мерафт. Чаро баъзеҳо инро нодида мегиранд ва беҳуда ҷор мезананд?
Ҳадафи муроҷиатномаи бепояи шумо об рехтан ба осиёби гурӯҳҳои моҷароталаби хориҷӣ аст. Шумо бо чунин муроҷиатҳои расмию ғайрирасмӣ кирдорҳои ҷиноятии худ ва баъзе аъзоятонро рӯйпӯш кардан мехоҳед. Ба андешаи мо, ҳоло ҳам дер нашудааст. Агар аз рӯйи мантиқ бингаред, ҳизбҳои ифротии исломӣ дар кишварҳои ҷангзада амал мекунанд ва шояд дар муддате кӯтоҳ манфиати гурӯҳи калонро ҳимоя карда тавонанд. Аммо таъкид мекунем, дар муддати кӯтоҳ. Мисрро ба хотир оваред, ки аз як сол зиёд рӯҳониён давлатро идора карда натавонистанд. Дар Тоҷикистони мо бошад, шукр, қариб ду даҳсола инҷониб сулҳу оштӣ ба таври расмӣ ҷорӣ ва ҳукмфармост. Дар чунин шароит амалкарди ҳизби шумо зарур аст ва кадом вазифаро иҷро мекунад он?
Таҳлили воқеии вазъият нишон медиҳад, ки Ҳизби наҳзати ислом дар шароити ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ, зуҳури неруҳои нави ифротгаро ва муборизаи нерӯҳои абарқудрати ҷаҳон барои ҳокимият дар мафкураи одамон ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор шудааст ва қудрати ба шароити нав мутобиқ шуданро надорад. Агар ақли солимро ба кор гиред, саривақтист, ки онро бо ташаббуси хеш барҳам диҳед ва ба фаъолияти осоишта аз рӯйи ихтисосу малакаи хеш шурӯъ намоед.
Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бовар кунед, ки мо барои манфиати насли оянда, таълиму тарбияи дурусти онҳо, ба роҳи росту қуллаҳои дониш раҳнамун намудани фарзандонамон ин ҳарфҳоро мегӯем. Шукр, ҳама мусулмонем. Аз қадимулайём падару бобоёнамон дар муҳити хона, оила ҳар яки моро аз хурдӣ шариати исломӣ омӯхтаанд ва ягон нафар аз ин зиён надидааст. Шарт нест, ки боз ҳизб сохта, як қисми мусулмононро ҷудо карда гиред, ки инҳо мусулмони тоза ҳастанд, дигарҳо на. Ин таҷрибаи талхи ба мазҳабу гурӯҳҳо ҷудо намудани мусулмонҳоро дар тамоми тӯли таърих дидаеду хуб хондаед. Пас, хуб мебуд, ки аз баҳри савдои беҳуда ва зиёновар бароед. Дасти ҳам бигирему Тоҷикистони худро обод созем.