Изҳори тасаллияти Сарвари давлат ба пайвандони фавтидагони офатҳои табиӣ

Июль 21, 2015 04:41

Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир Азим Иброҳим, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов, раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки дирӯз ва имшаб дар ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияи Рашт рух додаанд, супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки барои барқарор намудани роҳу пулҳо, хатҳои барқӣ ва дигар иншооти харобгардида ва пеш аз ҳама барои дастгирии аҳолии осебдида техникаю таҷҳизоти зарурӣ, қувваи корӣ ва тамоми лавозимоти аввалия ба миқдори зарурӣ сафарбар карда шавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 100 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд.
Мутаассифона, тайи шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришоти шадиду обхезӣ 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 кас дар ноҳияи Рашт талаф ёфтаанд.
Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд. Ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дода шуд, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд.
Ҳоло бо супориши Президенти мамлакат дар ҳамаи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида корҳои барқарорсозӣ идома дошта, барои аҳолии осебдида кумаки зарурӣ расонда мешаванд. Ба онҳо, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либосворӣ ва дигар ашёи аввалия дастрас мегардад. Ҳамчунин ба хонаводаҳое, ки аз манзили истиқоматӣ маҳрум гаштаанд, қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст ва барои сохтмони хонаҳояшон ба онҳо ҳамаҷониба кумак расонда мешавад.
Чунонки қаблан иттилоъ дода будем, бар асари гармои шадид ва баланд шудани сатҳи дарёҳо дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои 16-18- уми июл 56 хона пурра хароб гардида, даҳҳо манзили дигари истиқоматӣ осеб дида буд.
Ғайр аз ин, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Хоруғ-Мурғоб ва даҳҳо иншооти дигар осеб дида буд.
Ҷойи таъкид аст, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, муташаккилона ва бо суръати баланд ба роҳ монда шудааст.

Июль 21, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!