Изҳороти Прокуратураи генералӣ оид ба муроҷиати ғайриқонунии ҲНИТ
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма муроҷиатҳои роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хусуси мавриди таъқибу фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ҳизби мазкур ва аъзои он ба нашр расида истодаанд.
Аз ҷумла, дар муроҷиати Шўрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2015 ва номаи роҳбарияти ҲНИТ ба Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Иттиҳоди Аврупо ва роҳбарони як зумра давлатҳо аз 1 июли соли 2015 қайд шудааст, ки талабот ва меъёрҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол гардида истодааст.
Вобаста ба ин бояд зикр кард, ки Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, ки ҳамчунин 7 протокол ва 1 низомномаро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст.
Дар асоси Созишномаи мазкур намояндагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ворид шуданд. Қисми онҳо бо расидан ба синни муайян ба нафақа рафта, қисми дигаре, ки дорои қобилияту касбияти зарурӣ мебошанд, то ҳоло дар мансабҳои гуногуни давлатӣ адои вазифа менамоянд. Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ манъ гардида буд, аз нав ба фаъолият шуруъ намуданд. Даҳҳо ҳазор гурезагони тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Танҳо дар давоми се соли баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳолӣ 8152 адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ нигох дошташаванда гирифта шуд. Дар асоси Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1 августи соли 1997 5365 нафар аъзои Иттиҳоди неруҳои мухолифин, ки дар ин муқовиматҳо иштирок доштанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.
Дар муроҷиатҳои худ Шўрои сиёсии ҲНИТ зикр намудааст, ки ҳизб солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифта, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд.
Ин исрори роҳбарияти ҲНИТ ягон воқеият надошта, ҳама муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонида шудаанд.
Аз ҷумла, 25 апрели соли 2015 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон У. Ҳисайнов бо аризаи хаттӣ дар мавриди зери таҳқиру фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани аъзои ҳизб муроҷиат намуд. Аризаи мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гўё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, суҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд.
Аз натиҷаи санҷиш 25 майи соли 2015 ба муаллифи муроҷиат ҷавоби муфассали хаттӣ ирсол карда шуд.
Дар муроҷиати Шўрои сиёсии ҲНИТ инчунин аз кашида гирифтан ва тахриб намудани моликияти ҳизбӣ ва шахсии аъзои он сухан равад ҳам, барои тасдиқи ин гуфтаҳо ягон ҳолати мушаххас ё худ далели аниқ оварда нашудааст.
Дар баробари ин, муайян гардид, ки роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад.
Раиси ҲНИТ Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ аст.
Бинобар ин, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 апрели соли 2015 натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя беэътибор дониста шудаанд.
Ваҷҳҳои роҳбарияти ҲНИТ оид ба таъқиби беасоси аъзои ҳизб низ асоси воқеӣ надоранд. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, яке аз принсипҳои қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ногузирии ҷавобгарӣ мебошад.
Аз ин рў, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки нисбат ба ҳар шахси ҷиноят содиркарда, сарфи назар аз узвияти ҳизбиаш, чораҳои қонунӣ андешанд ва ҳуқуқ надоранд, ки танҳо ба хотири аъзои ин ё он ҳизб будани шахс, ўро аз ҷавобгарӣ дур намоянд.
Маълумоти мавҷуда нишон медиҳанд, ки танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногун содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. Аз ин, нисбат ба 22 нафаре, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ин давра 17 нафар аъзои ҲНИТ бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз қабили ташкили иттиҳодияхои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Масалан, тафтиши куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт соли 2010 аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятии аъзои иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Аловуддин Давлатов бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Абдулло Раҳимов бо тахаллуси “Мулло Абдулло” нишон дод, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов ба ин иттиҳоди террористии бародараш Аловуддин Давлатов шомил гардида, ҳангоми ба гурӯҳи мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир шуда, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 21 январи соли 2011 барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.
Ё худ, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил ва моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишони “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон дод. Бинобар ин, номбурда бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2013 дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зўроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндаи ҳокимият гунаҳкор дониста, ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳамлаи яроқнок ба намояндагони ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳалокат расида, аз ў автомати тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров” гирифта шуд.
Ё ин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхуҷа, Шарипов Муссаямхуҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳонӣ нигоҳ дошта, бо ҷои хоб ва хўрокӣ таъмин намуда, худ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.
6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва Турсунов А. дастгир гардида, бо ҳукми суди вилояти Суғд маҳкум гардиданд.
Дигар ҷиноятҳои содирнамудаи аъзои ҲНИТ ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, оила ва ноболиғон, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ равона шуда, чунин ҷиноятҳоро ҳатто намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи ҲНИТ ба монанди узви Шўрои Раёсати Олӣ ва раиси шўъбаи илм, фарҳанг ва таблиғоти ҲНИТ Саид Иброҳими Назар ва дигарон содир намудаанд.
Мушовири раиси ҲНИТ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва дар як вақт аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷалолиддин Бурҳонидинович бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи шахсон яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои таркишро ба миқдори калон солҳои тўлонӣ ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст, ки онҳо 9 феврали соли 2015 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва мусодира гардида, номбурда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Гарчанде ҳолатҳои ба фисқу фуҷур ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ низ даст задани аъзо зиёд бошад ҳам, роҳбарияти ҲНИТ ягон нафари онҳоро барои ин аъмоли нанговар ва ҷиноятҳои дар боло номбурда аз сафи худ хориҷ ва расман маҳкум накардааст ва ягон маротиба оид ба нораво будани даст задан ба ифротгароӣ ва зарурати муқовимат ба терроризм, ки аз масъалаҳои доғи ҷомеа мебошад, изҳороте пахш накарда, дар ин хусус байни аҳолӣ ва бахусус ҷавонон ягон чорабинии тарғиботию ташвиқотӣ доир накардааст. Ин беамалӣ аз ризояти хомӯшонаи роҳбарияти ҲНИТ ба амалҳои номатлуби аъзои ҳизб ва ҳамраъйӣ бо созмонҳои ифротгаро шаҳодат медиҳад.
Табиист, ки ҳолатҳои номбурда, инчунин даст кашидан аз иштирок дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, тарбияи аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ба ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб даст задани худи роҳбарон боиси тадриҷан костани мақоми узвият дар ҲНИТ ва сафҳои онро ихтиёран тарк кардани аъзояш гардид.
Ҳамаи ин боиси он гашт, ки дар интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2015
ба ҲНИТ ҳамагӣ 1,5 фоиз интихобкунандагон раъй додаанд, ки ин аз паст рафтани нуфузи ҲНИТ ва аз даст додани мавқеи он дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Раванди хориҷшавии аъзо аз ҲНИТ идома дошта, созмони мазкур мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияти он тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”доштани аъзо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, аз даст додааст.
Бояд хотиррасон кард, ки Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 санади таърихии миллат буда, ХНИТ ҳуқуқи таҳти суол қарор додани натиҷаҳои онро надорад, зеро Созишномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на бо Ҳизби наҳзати исломӣ, балки бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон, ки ғайр аз ҲНИТ ҳамчунин аз намояндагони Ҳизби демократии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон, созмони “Лаъли Бадахшон” ва намояндаи муҳочирони тоҷик иборат буд, ба имзо расонида шудааст.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки муроҷиати Шӯрои сиёсии ХНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафил амали ҳангомаҷӯёна буда, хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд.
8 июли соли 2015