КМС: Тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то охири соли 2015 анҷом ёбад

Июль 15, 2015 10:01

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи нақшаи чорабинии кумита тасҳеҳи нақшаҳои генералии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то охири соли 2015 анҷом ёбад.   Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Нуралӣ Ғиёс зикр дошт. 
Дар айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 29  шаҳру ноҳия таҳия гардидаанд. 
Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Ҷ.Румӣ, Спитамен ва шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷ.Расулов барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, нақшаҳои генералии ноҳияи 6 шаҳру ноҳияи дигар, аз ҷумла Ҷилликул, Дарвоз, Мўъминобод, Сарбанд, Қайроққум ва А.Ҷомӣ барои мувофиқа дар вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. 
Таҳияи нақшаи генералии 7 шаҳру ноҳияҳои дигар  аз ҷумла, шаҳри Панҷакент ноҳияҳои Бохтар, Мурғоб, Варзоб, Ғончӣ, Ашт ва Ёвон  пурра ба анҷом расидааст. 
“Таҳияи нақшаҳои генералии  шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ 15%, Бобоҷон Ғафуров 35%, Зафаробод 60%, Турсунзода 45%, Кўҳистони Мастчоҳ 30%, Шаҳристон 60%, Қумсангир 50%, Хуросон 55%, Панҷ 60% ва Ховалинг мавриди тасҳеҳ қарор дошта, корҳо идома доранд”,-илова намуд Саидзода Нуралӣ Ғиёс.

Июль 15, 2015 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд