Кофтукови ҷасади ду шаҳрванди ғарқшуда идома дорад
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 1 июл ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, ҷасадашон то ҳол дарёфт нашудааст. Ба иттилои сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов Мирзокаримов Аббос Абдуллоевич, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Адолат соати 16:45 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон, мавзеи Истиқлоли ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.
Кофтукоби ҷасади Аббос Мирзокаримов аз тарафи Дастаи зудамали наҷотдиҳии Маркази наҷотдиҳии кумита соати 06:00 рўзи 02 июл оғоз гардида, то ҳол идома дорад.
Ҳамчунин рўзи 1 июл соати 14:00 дақиқа шаҳрванд Шарофов Талабшо Шоҳмаҳмадович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Обикиик, кўчаи Низомӣ №6 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, мавзеи Зағерти ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.
Кофтукоби ҷасади вай аз тарафи сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Хуросон зери назорат гирифта шудааст.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






